ҚОНУНИ ОЛИИ КИШВАР

Бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо бо раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегиранд, барои пешрафт ва рушди давлат хизмат мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахтномаи миллат аст.
Боби дуюми Конститутсия, ки «Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд» ном дорад ва аз 33 модда иборат аст, пурра ба ҳуқуқ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Дар моддаи 17-и боби мазкур оид ба баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар назди мақомоти давлатӣ ва баробарҳуқуқии онҳо байни ҳам гуфта шудааст: »Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд».
Ба таъкиди Раҳбари давлат: «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».
Лозим ба ёдоварист, ки таҳияи Конститутсия бо ҷалби неруҳои ақлонӣ, бо дарназардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии халқи тоҷик дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифта буд. Халқи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо баробари қабули Конститутсия роҳи нави инкишофи худро интихоб намуд, ки ин давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Барпо намудани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд. Мардуми тоҷик тибқи Конститутсияи кишвар худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон шинохта, садоқатмандии хешро ба арзишҳои ҳуқуқи башар эълон доштааст.
Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душворию мушкилот, аз ҷумла, ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонад сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, бунёди давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд. Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар охири асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.
Беҳрӯзҷон САРБОЗОВ,
мудири шуъбаи таълими
Коллеҷи муҳандисию техникии
ноҳияи Нуробод