САНАДИ ТАҚДИРСОЗ

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дастоварди бузурги миллати тоҷик ба шумор меравад.
Дар муқаддимаи Конститутсия омадааст: «Халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон бо эҳсоси масъулияти амиқ дар назди наслҳои гузашта, ҳозираву оянда ва муқаддас шуморидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи таърихии худ эълон намуд».
Воқеан, халқи тамаддунсозу фарҳангии мо тавонист санаде қабул намояд, ки таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин намояд. Гузашти солҳо дурустии роҳи интихобкардаи моро, ки бо майлу иродаи мардуми кишвар дар Конститутсия дарҷ гардидааст, нишон медиҳад.
Конститутсия санади танзимкунанда ва муайянкунандаи низоми давлатдории мустақил, кафолати ҳуқуқу озодихоҳии инсон ва шаҳрвандон мебошад. Истиқлол ва Конститутстия мафҳумҳои тавъам буда, якдигарро комил месозанд, зеро давлати соҳибихтиёр бе Қонуни асосӣ вуҷуд дошта наметавонад.
Ҷомеае, ки заминаҳои ҳуқуқиро доро нест, ба монеаҳо гирифтор мешавад. Конститутсия санади ягонаи муайянкунандаи ҳадаф, вазифа, шакл ва моҳияти ҳар як давлат аст, ки тамоми унсурҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Ҳар як шаҳрванди хориҷӣ ё созмони байналмилалӣ нахуст маълумотро дар бораи ин ё он давлат маҳз аз Конститутсияи он дастрас карда метавонад. Маҳз ҳамин ҳуҷҷати муҳим буд, ки бори нахуст дар таърихи далатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ забони давлатӣ эълон карда шуд. Дар моддаи дуюми ин ҳуҷҷат омадааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки пас аз чандин сол забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ гирифт ва имрӯз тамоми ҳуҷҷатнигориву санадҳои меъ­ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Афзалияти дигари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавассути Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳифз гардида, амалӣ шудани онҳо кафолат дода мешавад.
Ҳадафи Давлату Ҳукумат дар заминаи таҳкими Конститутсия баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи суботу амнияти он мебошад.
Ҳангоми таҳияи ин ҳуҷҷати муҳим ба масъалаи бунёди оила, мақому мартабаи марду зан, падару модар ва тарбияи фарзандон диққати махсус дода шудааст. Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.
Ҳадя ҲАЛИМОВА,
корманди ДҶТИБКСМ