ГУСТАРИШИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ

Бинои асосии Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён бо сифати баланд ва пурра таъмир гардид. Ин имкон фароҳам овард, ки фаъолияти маҳфилҳо ва фарогирии хонандагон ба марказ боз ҳам хубтар ба роҳ монда шавад. Чунонки директори марказ Сарвиноз Зарифова иброз дошт, зиёда аз 320 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳраки Носири Хусрав ва муассисаҳои таълимии гирду атрофи он дар маҳфилҳои «Математикони ҷавон», «Забони русиро меомӯзем», «Дӯстдорони забони англисӣ», «Рассомони ҷавон», «Хушнавис», «Дастони моҳир», «Сеҳри сухан», «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Инчунин, дар 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии воқеъ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия якчанд маҳфилҳои фаннӣ фаъолияти босамар доранд.
Ду нафар узви маҳфилҳои «Сеҳри сухан» ва «Ровиёни ҷавон» дар озмуни даври вилоятии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Дар озмуни вилоятии «Ватанпарвар», ки ба муносибати 30-солагии ташкилёбии Артиши миллӣ дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, се нафар хонандаи марказ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Аъзам БОБОЕВ,
Рӯзноманигор