АЗ МАОРИФ РУШД МЕЁБАД ВАТАН

Мусоҳиба бо директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент, доктори илмҳои филологӣ Ҷовид Холов
– Устоди муҳтарам, суҳбати мо дар оғози моҳе сурат мегирад, ки он бо бисёр ҳаводиси барои кишварамон гуворову мондагор ҳамбастагӣ дорад. Аз ҷумла, дар ин моҳи фархунда яке аз рухдодҳои таърихию тақдирсози ҳаёти ҷумҳурӣ — Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри соли 1992) ба кори худ шуруъ кардааст. Вобаста ба ин, мехос­тем суҳбатамонро аз ёдкарди аҳамияту моҳияти ин рухдоди бузург оғоз бубахшем.
– Даҳсолаи вопасини садаи бист барои халқи тоҷик, воқеан, давраи саршор аз ҳодисаҳои мухталифу гардишовар ва ёдмон гардид. Аз анбуҳи ҳаводиси ин давра се рухдоди таърихиро метавон ба таври алоҳида зикр кард: Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Агар сухан аз Иҷлосияи тақдирсоз гӯем, пас онро метавон ба решаи муқтадиру устувори шоҳчанори Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мушобеҳ донист. Ин иҷлосия гардиши куллӣ дар ҳаёти мамалкат гардид, Истиқлоли давлатии моро наҷот бахшид, пойдору безавол кард ва бунёди бегазанди давлати навини Тоҷиконро гузошт, ба марҳалаи созандагиву рушди ҷумҳурӣ заминагузорӣ намуд. Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар ҷисми бар асари задухӯрдҳои дохилӣ абгоргаштаи Ватани азизамон рӯҳи дамид, шуълаи умедро дар дилҳо фурӯзон кард ва ҳамагонро ба фаъолият, ба ободонии кишвари маҳбуб ҳидоят намуд. Тамоми комёбиҳои минбаъдаи ҷумҳурӣ — таҳия ва қабули Конститутсия, Суруди миллӣ ва Парчами давлатӣ иртибот бо ҳамин иҷлосия, ҳадафу маром ва нақшаҳои он доранд. Нуқтаи олии татбиқи аҳдофи Иҷлосия XVI таъмини сулҳу салоҳ дар ҷумҳурӣ ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ба ин тариқ, истиқлол наҷот ёфт, комил гашт, оташи ҷанги бародаркуш хомӯш карда шуд, миллати парешонгашта ба ҳам омад, синаҳо аз кинаҳо холӣ гардиданд. Дар фазои мусаффои мамлакат суруди нишотомезу ифтихорбарангез ва сипосгузоронаи «Сулҳи деринтизори мо омад!» танинандоз шуд.
Метавон гуфт, ки бунёди қавию бегазанди давлати рушдёфтаи кунунии мо маҳз ба шарофати Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Бо гузашти айём аҳамияту моҳияти ин иҷлосия бештар эҳсосу аён мегардад ва боварии комил дорем, ки дар оянда оид ба он — нақши беназири таърихияш боз ҳам асарҳои зиёди илмию таърихӣ ва публитсистӣ эҷод хоҳанд шуд.
Мардуми тоҷик ҳамеша аз вуқуи иҷлосияи мазкур ва барҷастатарин тасмими он – ба сари қудрат овардани ҷавонмарди ҷасуру соҳибхирад ва ватанпарвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузор хоҳанд буд.
– Шумо, ки солҳо боз яке аз муассисаҳои таълимии маъруфу дорои собиқаи пурифтихори ҷумҳуриро сарварӣ мекунед, нисбат ба вазъи кунунии маорифи мамлакат чӣ андешаву таассуроте доред?
– Соҳаи маориф дар ҷумҳурии азизамон дар ҳоли рушду шукуфоист. Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат барои инкишофи ҳамаҷонибаи соҳа имкони фаровон фароҳам овардааст. Дар мамлакат марҳала ба марҳала қонунҳое қабул гардиданд, ки ба такомули пайвас­таю бонизоми соҳаи маориф ва фаъолияти самаровару густардаи кормандони соҳа мусоидат карданд. Дар ин росто метавон аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи Парки технологӣ…» ёдовар шуд, ки ҳар яке таконбахши фаъолияти соҳа гардиданд ва марҳалаи тозаеро дар самти беҳдошти сатҳи таълиму тарбия ифтитоҳ бахшиданд. Дар баробари ин ҳама, як силсила асноди стратегӣ таҳия шудааст, ки дурнамои соҳаро таъмин менамоянд.
Мо ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма аз навгониҳои зиёд дар соҳаи маориф огаҳӣ пайдо мекунем. Дар саросари ҷумҳурӣ бунёди таълимгоҳҳои нав, биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, таъмини дабистонҳо бо таҷҳизоту технологияҳои навин вусъат меёбад. Пас аз ба истиқлол расидани мамлакат мактабҳои типи нав — мактабҳои Президентӣ, гимназияҳо, литсейҳо, таълимгоҳҳо барои хонандагони болаёқат дар тамоми манотиқи кишвар арзи ҳастӣ карданд ва теъдоди зиёди хонандагони истеъдодмандро ба ҳам оварданд. Ба ин васила ва ҳамчунин, ба шарофати таъсиси Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои дастгириву инкишофи хонандагони соҳиблаёқат имкони созгор ба миён омад. Озмунҳои гуногуне, ки ҳамасола дар кишвар баргузор карда мешаванд, собитгари онанд, ки дар ҷумҳурӣ сафи соҳибистеъдодҳо ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст.
Мувофиқи иттилооти дастрас, ҳоло дар кишварамон 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд ва дар онҳо мутобиқан ба 306 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд. (Барои муқоиса: дар Тоҷикистон то соли 1991 ҳамагӣ 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ амал мекард ва аз рӯйи 147 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд). Як рухдоди махсус он аст, ки ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ гурӯҳи калони олимон – номзадҳои илму докторон бомуваффақият фаъолият доранд ва ҳар сол сафашон меафзояд. Ин падидаи ҷолибу нишотбахши аҳди истиқлол аст ва ҳам обрӯю эътибори муассисаҳои таълимиро меафзояд ва ҳам боиси боз ҳам боло рафтани сатҳу сифати таълиму тарбия мегардад.
Рухдоди дигари хушоянд мунтазам неру дарёфтани ҷанбаи миллии фаъолияти аҳли маорифи мамлакат мебошад. Ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар меҳвари таълиму тарбия қарор гирифтааст. Китобҳои дарсию дастурҳои методӣ ва нақшаю барномаҳои таълимӣ низ аз ҳамин дидгоҳ таҳия мешаванд…
Вобаста ба суоли шумо сухани гуфтанӣ хеле зиёд аст, далелу арқоми тасдиқгар низ. Дар суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон вазъи маорифи кишвар хеле саҳеҳу амиқу дақиқ таҳлилу баррасӣ шуд. Ин суханронии Сарвари кишвар дар байни аҳли маориф ҳамовозии самимӣ пайдо кард. Мо низ бар он комилан мувофиқем. Воқеан, вазъи соҳаи маориф ва рушди он аз фаъолияту ғамхорӣ ва ҳамкории тамоми кормандони соҳа ва ҳар як сокини баору номуси ҷумҳурӣ вобаста мебошад. Иттиҳод неруи тавонову пешбар аст. Фирдавсии бузург фармуда:
Чу ҳампушт бошеду ҳам якзабон,
Яке кӯҳ кандан зи бун метавон.
– Ҳамчун устоди соҳибтаҷриба ва олими варзида шумо вазифаҳои муҳимтарини аҳли маорифро дар марҳалаи кунунӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Ман дар дафтари ёддоштҳоям иқтибосҳои фаровоне аз суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорам ва дар фаъолияти ҳамарӯзаам батакрор руҷуъ ба ин иқтибосҳо мекунам. Ба фикрам, иқтибоси зер аз Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ (22.12.2022) ҷавоби муъҷазу фарогир ва мувофиқ ба саволи шумост: «Бо вуҷуди он, ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зо­ҳир карда шавад».
– Суҳбати мо нокомил хоҳад монд, агар шумо сухане чанд дар бораи таълимгоҳе, ки солҳо боз онро сарварӣ мекунед, коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент, иброз надоред.
– Коллеҷи мо як шохаи сарсабзи дарахти муҳташами маорифи мамлакат аст. Он таърихи беш аз 90-сола дорад; соли 1930 ҳамчун комбинати педагогӣ таъсис ёфтааст. Баъдтар ин дабистон мақоми омӯзишгоҳи педагогиро дарёфта, тадриҷан хеле маъруфу эътиборманд гардид, то ба ҳадде ки онро дар доираҳои аҳли илму адаб бо ифтихор «Университети водии Зарафшон» ном мегирифтанд. Ҳоло шогирдони коллеҷи мо (омӯзишгоҳ соли 2012 мақоми коллеҷро дарёфт) дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат (ва дар Ӯзбекистону Қазоқистону Туркманистону Россия) фаъолият доранд. Таълимгоҳи мо мувофиқан ба ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоӣ, математика инрформатика, забон ва адабиёти рус, таърих, забони англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик, биология ва география мутахассисон – омӯзгорон омода мекунад. Коллеҷ дорои ду факултет – факултети риёзӣ-педагогӣ ва факултети фанҳои гуманитарӣ мебошад. Айни замон дар коллеҷ 625 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. Шогирдони мо ҳар сол дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» фаъолона ширкат меварзанд ва чанде аз онҳо иштирокдорону ғолибони даври ҷумҳуриявии ин озмунҳоянд. Дар коллеҷ барои фаъолияти густардаи устодон ва таҳсили шоистаи донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оварда шудааст: дарсгоҳҳои оростаю муҷаҳҳаз, озмоишгоҳҳо, китобхона, толори маҷлис, толори варзиш, варзишгоҳ, хобгоҳ, ошхона, синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи Интернет…
Мо дар заминаи шартнома дар назди муассисаҳои таълимии №30 ва №71-и шаҳр ду озмоишгоҳи таълимӣ – базавӣ таъсис додем. Тавассути ин озмоишгоҳҳо донишҷӯён мунтазам ба корҳои амалӣ (дарс, корҳои беруназсинфӣ, маҳфилҳо…) машғул мешаванд. Ва донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ мекунанд.
Мекӯшем, ки давра ба давра фаъолияти коллеҷро аз ҳам такмилу вусъат бубахшем.
– Мехостем ҳамчун ҳусни анҷоми суҳбатамон сухане дар ситоиши омӯзгор бигӯед, чун ҳам худ омӯзгор ҳастеду ҳам ба таълиму тарбияи омӯзгорони оянда машғулед.
– Ин маврид низ ба иқтибосҳо рӯй меоварем. Нависандаи бузурги рус Лев Толстой гуфтааст: «Ҳар омӯзгоре, ки касбашро дӯст медорад, омӯзгори хуб аст. Ҳар омӯзгоре, ки шогирдонашро дӯст медорад, низ омӯзгори бад нест. Вале омӯзгори ҳақиқӣ онест, ки ин ду навъ дӯстдориро ба ҳам тавъам мекунад».

Суҳбаторо
Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»