КИТОБИ ПУРМУҲТАВОИ ТАЪЛИМӢ

Д. Хоҷазода, Ф. Зикриёев, М. Саломиён. – Забони тоҷикӣ (Наҳв). Китоби дарсӣ барои синфи 9-ум. – Душанбе: Маориф, 2022. – 184 саҳ.
Китоби дарсӣ барои синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ «Забони тоҷикӣ» (2022), ки аз ҷониби Д.Хоҷазода, Ф.Зикриёев, М.Саломиён таълиф гардидааст, бори чорум нашр мешавад ва аз ҷиҳати сохтор, муҳтаво, ҷобаҷогузории матнҳо мувофиқи талаботи замон мебошад.
Китоб бо эпиграфи Шамси Қайси Розӣ «Наҳв мизони каломи мансур аст, ҳамчунон, ки арӯз мизони каломи манзум» оғоз мешавад. Бо ёрии омӯзгор донишомӯз ин эпиграфро бояд азёд карда, ба маънои он сарфаҳм равад, ки наҳв чист? Агар омӯзгори зирак то охири соли таълим ҳар бор ин эпиграфро аз донишомӯзон пурсон шавад, дар зеҳни вай чи будани наҳв ҳамеша боқӣ мемонад.
Дар ҳамин саҳифа зери унвони «Хушгуфтор бош» муаллифон диққати хонандаро ба моҳияти сухан ҷазб намуда гуфтаанд: «Сухани ширин, самимӣ ва бериё шахсро неруманд карда, дӯстӣ ва рафоқатро мустаҳкам мекунад, вале сухани дурушт меҳрро кам ва дӯстиро заиф мегардонад» (с. 3.).
Баъдан дар саҳифаҳои дигари китоб дар бораи аҳаммияти забон, маърифат, сухандонӣ, хушгуфторӣ, мақоми забони тоҷикӣ аз шоирону нависандагони классик, муосир, фолклор ва кишварҳои ҳамзабон намунаҳои назмӣ ва насрӣ овардаанд, ки онҳо ба дили хонанда нисбат ба забони модарӣ меҳру самимият талқин менамоянд.
Муаллифон пеш аз он ки ба баёни мавзуъҳои аслӣ гузаранд, ба таври мантиқӣ нахуст ба «Такрор ва ҷамъбасти маводи синфҳои V-VIII» таваҷҷуҳ намудаанд, ки муҳим аст. Чунки донишомӯз барои хубтар фаҳмидани наҳв бояд бидонад, ки «Фонетика» (Савтиёт), «Калима» (Луғат), «Сарф» (Морфология), «Наҳв» (Синтаксис) чиро дар бар мегирад. Ӯ бояд дарк намояд, ки дар ҷумла нақши аломатҳои китобат чи гуна аст. Ҳамчунин, дар бораи ҷумлаҳои содаи яктаркиба ва дутаркиба, сараъзо ва аъзои пайрави ҷумла, ҷумлаҳои чидааъзо ва вижагиҳои онҳо, воҳидҳои туфайлӣ ва истисноии ҷумла маълумот дошта бошад. Баъди ба ёд овардани дарсҳои солҳои пешин донишомӯз мавзуъҳои аслиро хубтар дарк мекунад.
Хуб аст, ки муаллифон пеш аз он ки дар бораи «Ҷумлаҳои мураккаб» иттилоъ диҳанд, аввал роҷеъ ба фаъолияти яке аз забоншиносони маъруфи тоҷик Сайидризо Ализода маълумот медиҳанд. Баъд то охири китоб вобаста ба мавзуъ аз пажуҳандагони наҳвшиноси дигар, ба мисли Л. Бузургзода ва Д. Тоҷиев низ ёдовар шудаанд.
Дар китоб ҳар мавзуъ бо забони сода, фаҳмо пешниҳоди донишомӯзон шудааст. Дар маҷмуъ, дар 50 мавзуъ муаллифон наҳви забони тоҷикӣ ва вижагиҳои онро барои талабагони синфи 9-ум фаҳмондаанд.
Баъди шарҳи «Ҷумлаҳои мураккаб» дар ҳар бахши китоб муаллифон бо мисолҳо аз адабиёти муосир, классик ва адабиёти гуфторӣ оид ба «Ҷумлаи мураккаби пайваст», «Ҷумлаи мураккаби тобеъ», «Ҷумлаи мураккаби пайрав», «Ҷумлаи пайрави ҳол», «Ҷумлаи мураккаби бепайвандак» сухан гуфтаанд. Хуб аст, ки муаллифони китоб анвои гуногуни ҷумлаҳоро, алоқаи байни онҳоро, нақши аломатҳои китобатӣ дар ҷумларо, навъҳои ҷумлаҳои мураккабро; ҷумлаҳои пайрави замон, макон, сабаб, мақсад, тарзи амал, монандӣ, миқдору дараҷа, шарт, хилоф, натиҷаро бо мисолҳои барои донишомӯз фаҳмо шарҳ додаанд. Муаллифон, инчунин, оид ба ҷумлаи мураккаби бепайвандак, пайвасти бепайвандак, тобеи бепайвандак, воҳиди томи наҳвӣ, усули таҳлили наҳви ҷумлаи мураккаб, нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда маълумот додаанд, ки ҳам барои омӯзгор ва ҳам барои донишомӯз осон ва фаҳмо аст.
Дар китоб ба чор масъалаи муҳим таваҷҷуҳ шудааст. Нахуст, маълумот дар бораи забонҳои дунё оварда шуда, сипас гурӯҳи забонҳои эронӣ номбар мешаванд. Ин масъала хеле муфид аст, ки аз ин тариқ ҳам омӯзгорон ва ҳам донишомӯзон алоқамандии забони тоҷикиро бо забонҳои олам, гурӯҳҳои хеши наздик ва хеши дур мефаҳманд. Дар идома оид ба вижагиҳои забони адабии тоҷикӣ, хат ва пайдоиши он маълумот дода шудааст, ки донистани он барои хонандагон муфид аст. Дар айни замон муаллифон оид ба чи гуна мураттаб намудани нутқи гуфторӣ ва навишторӣ иттилоъ медиҳанд, ки барои донистани донишомӯзи наврас зарур аст.

Равшан РАҲМОНӢ,
профессори ДМТ