ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва таъкидҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим, аз ҷумла, доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва манбаву сарчашмаҳои оби тоза дар тамоми дунё тарафдорон ва ҳамфикрони зиёде дарёфт намудаанд. Дар замони муосир бинобар сабаби тағйирёбии иқлим, баландшавии ҳарорати ҳаво, тӯфону обхезиҳо, сел, зилзила, тармафароӣ, обшавии пиряхҳо ва дигар ҳодисаҳои табиат, чи тавре ки огаҳем, тариқи васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамоми сайёра ва кишварамон ба мушоҳида мерасад, ки ин ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Инчунин, ин ҳама сабаби ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои гуногуни табиӣ, хавфу хатарҳои зиёди экологӣ, хисороти ҷонӣ, молӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гашта истодааст.
Қобили қайд аст, ки бузургтарин анбуҳи майдонҳои яхбандии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, зиёда аз 80%-и пиряхҳои минтақа маҳз дар кишвари мо қарор доранд. Агар майдони яхбандии минтақаи Осиёи Марказӣ ба 17 ҳазор км2 баробар бошад, 60%-и масоҳати яхбандиҳои минтақа маҳз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. Захираи умумии яхи ин майдонҳои яхбандӣ дар кишвар 845 км3-ро ташкил медиҳанд. Дар робита ба ин, пайи ҳалли мушкилот бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ якчанд пешниҳод пуштибонӣ ёфт. Аз ҷумла, соли 2003 «Соли оби тоза» пешниҳод шуда, дар асоси ин пешниҳод 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» эълон гардид. 23 декабри соли 2003 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери назар гирифта, Қатъномаи дахлдорро қабул ва солҳои 2005 – 2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об – барои ҳаёт» эълон намуд.
Бо пешниҳоди Сарвари давлат соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва ҳамасола 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар сар то сари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ин панҷумин ташаббуси Пешвои тоҷикони ҷаҳон аст, ки аз тарафи 153 давлати дунё қабул гардидааст.
Пиряхҳо, асосан, дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд. Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд. Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон: Сир, Зарафшон ва Панҷ аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Аҳамияти пирях дар масъалаи ба об таъмин кардани соҳаҳои гуногуни халқи мамлакат бузург аст. Барои омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон танҳо ду маротиба – солҳои 1928 ва 1957 маъмурияти бузурги илмию пажуҳишӣ созмон дода шуда, ҳолати қабатҳои пиряхҳо бар асари тағйири ҳаво ба вазъи онҳо ба таври ҳамаҷониба таҳқиқ шуда буд. Дар зарфи 50 соли охир майдони пиряхи Федченко (Ванҷях) то ба якуним километр ва пиряхи Гармо то ба 7 километр коҳиш ёфта, аз 14 ҳазор пирях 1000 адади он пурра нобуд гардидааст. Аз ин рӯ, ин ва дигар масъалаҳо, махсусан, мушкилоти тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният дар меҳвари ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Имрӯз барои ҳифзи пиряхҳо амалӣ кардани тадбирҳои зерин зарур аст:
– ҷиҳати маҳдуд кардани тағйирёбии иқлим ва наҷот додани пиряхҳо, партовҳои ҷаҳонии CO2 дар даҳсолаи оянда бояд 45% кам карда шуда, пас аз соли 2050 ба сифр баробар карда шаванд; барои пешгирии обшавии пиряхҳо дар наздикии онҳо сохтани сарбандҳои сунъӣ зарур мебошад; аз қаъри пирях бо насосҳои бо неруи шамол коркунанда ҷамъоварӣ кардани ях ва дар болои пирях тақсим кардани он ва ба ин васила, тақвият додани зичии он муҳим мебошад.
Мақсудҷон ГУЛОВ,
унвонҷӯи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ