МАРДИ НАҶИБ ВА ОЛИМИ НУКТАСАНҶ

Нурилло Мирзоматов мактаби ба номи Маъдани деҳаро соли 1970 хатм намуда, ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ДМТ) дохил мешавад.
Баъди хатми донишгоҳ, соли 1975 ба озмоишгоҳи проблемавии таълими барномавии донишгоҳи мазкур ҳамчун ходими хурди илмӣ ба кор даъват мешавад. Чун ҷавони ташнаи илм аз рӯзҳои аввали донишҷӯияш ба омӯзишу тадқиқот пардохт ва то охири умр аз пайи ҷустуҷӯву омӯхтани илм буд. Дар лаборатория дар масъалаҳои психологияи синнусол ва педагогӣ, психологияи мактаби ибтидоӣ ва олӣ ба тадқиқоти илмӣ машғул гардид. Ин тадқиқот дар рисолаи номзадӣ бо унвони «Хусусиятҳои психологии фаъолияти таълим ҳангоми омӯзиши забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ» ҷамъбаст гардидааст. Чун мавзуъ дар бораи психологияи таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоист ва аз мавзуъҳои ҷиддӣ ва мушкил аст, олими серкор, ҳамзамон, барои ҷамъоварии мавод ва боз ҳам мукаммалтар шудани он солҳои 1975-1986 дар мактаби миёнаи эксперименталии №76-и ДМТ (он вақт УДТ ба номи В. И. Ленин) ҳамчун муаллими синфҳои ибтидоӣ ва роҳбари факултатив аз равоншиносӣ кору фаъолият мекунад. Инчунин, барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз фанни равоншиносӣ дарс мегӯяд. Соли 1986 ба самти пажуҳишгоҳи илмии лаборатория тағйирот ворид карда мешавад ва Нурилло ба кафедраи педагогика, психология ва методикаи таълими мусиқии Донишкадаи давлатии санъати ба номи М.Турсунзода ҳамчун муаллими калон ба кор мегузарад.
Н. Мирзоматов илова ба омӯзонидани толибилмон, бо чопу нашри мақолаҳо ва иштирок дар конфронсу анҷуманҳои равоншиносони собиқ ИҶШС фаъолона саҳм гузоштааст. Ин аст, ки соли 1975 ӯро аъзо ва аз соли 1979 узви ҳақиқии Ҷамъияти равоншиносони ИҶШС интихоб карданд ва солҳои 1983 ва 1989 дар анҷумани равоншиносони ИҶШС ба ҳайси вакил иштирок ва суханронӣ кардааст. Гузоришҳояш дар маҷмуаи маводи анҷуманҳои VI (1983) ва VII-уми (1989) психологҳои СССР ба табъ расидаанд.
Албатта, ин кордониву маҳорати устодии ӯ аз назарҳо пинҳон намонд ва соли 1987 ӯро ба Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи инспектори шуъбаи илм ва нашр ба кор даъват намуданд. Ин буд, ки Нурилло Мирзоматов ҳам худро аз шогирдон дур гирифта наметавонист. Соли 1987 дар озмуни омӯзгори калони кафедраи равоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) ширкат намуд ва ғолибиятро ба даст овард. Ва то соли 1997 дар донишгоҳ адои вазифа намуд ва бо донишу маҳорати хосаш аз тарафи устодон ва хоса, донишҷӯён эътироф ва пазируфта шуд. Ҳамзамон, раиси Шурои илмию методии кафед­раи равоншиносӣ ва чанд муддат иҷрокунандаи вазифаи мудирии кафедраро бар дӯш дошт ва дар такмилу азнавсозии фаъолияти кафедра ва донишгоҳ саҳми босазо гузошт.
Соли 1997 ба Хадамоти аттестатсионии давлатии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мудири шуъбаи аттестатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёна ба кор даъват шуда, дар ташкил ва мустаҳкам гардидани идораи мазкур ва омода намудани маводу ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии он саҳми муносиб гузоштааст. Ҳангоми кор дар ин идора муносибати ҷиддию принсипиалӣ нишон медод.
Давраи соҳибистиқлолии кишвар тақозои азнавсозии барномаҳои таълим ва китобҳои дарсиро пеш гузошт. Ва дар ин кор, пеш аз ҳама, мутахассисони кордону ботаҷриба лозим буданд, то ин амалро ба сомон расонанд. Ин буд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаеро роҳандозӣ намуд, ки маҳз ба ин самт равона шуда буд. Соли 1999 Н.Мирзоматов низ дар озмун ширкат намуд ва ба ҳайси мутахассис оид ба арзёбии дастовардҳои мактаббачагони Маркази идораи лоиҳа дар соҳаи маориф ба кор шуруъ кард. Чун таҷрибаи кори бисёрсола дошт ва нозукиҳои мактабҳои таҳсилоти ҳамагониро хеле хуб медонист, ӯро барои омода намудани лоиҳаи нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи маориф ҷалб намуданд, ки аз уҳдаи ин вазифаи пурмасъул низ бо сарбаландӣ баромад.
Аз соли 2003 дар ҳамин Лоиҳа, аввал ҳамчун сармутахассис оид ба нақшаю барномаҳои таълим (куррикулум), арзёбии дастовардҳои мактаббачагон ва бозомӯзии муаллимон ва аз соли 2005 то моҳи феврали соли 2009-ум чун сармутахассис оид ба нақшаю барномаҳои таълим адои вазифа намудааст. Дар ин солҳо чун мутахассиси варзида ва олими навовару ҷӯянда ба ӯ муяссар шудааст, ки дар мизҳои мудаввар, симпозиуму конфронсҳои байналхалқӣ, ки ба соҳаи рушди маориф бахшида шудаанд, иштирок ва суханронӣ намояд.
Соли 2006-ум дар озмуни гурӯҳи муаллифони китобҳои дарсӣ ғолиб омада, 20 рӯз дар шаҳри Колумбас — маркази иёлати Огайои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҷриба андӯхта буд.
Олим, омӯзгор ва устоди касби хеш Н.Мирзоматов дар давоми фаъолияташ мақолаҳои илмию оммавии зиёде таълиф карда, дар таҳия, тасниф, тарҷума, тадвину таҳрир ва нашри нақшаю барномаҳои таълим, китобу дастурҳои гуногун фаъолона ширкат намудааст. Муаллифи 50 мақолаи илмӣ, беш аз 50 мақолаи илмию оммавӣ, беш аз 50 китобу дастур, мураттиб ва муҳаррири барномаҳои таълим дар синфҳои ибтидоист, ки дар ислоҳоти соҳаи маориф саҳми муносибе гузоштааст.
Китобу мақолаҳои ӯ, аз ҷумла, «Асосҳои куррикулуми миллӣ», барномаҳои таълими синфҳои ибтидоӣ (дар ҳамкорӣ) — «Забони тоҷикӣ», «Математика», «Санъат ва меҳнат», «Суруд ва мусиқӣ» (мураттиб ва муҳаррир), Стандарти синфҳои ибтидоӣ (мураттиб ва муҳаррир), «Шакарханди лаби кӯдакон» (дар ҳамкорӣ) ва амсоли ин аст, ки аз тарафи мутахассисони соҳа, чи дар дохили кишвар ва чи берун аз он эътироф ва мавриди истифода қарор гирифтааст.
Ӯ яке аз ташкилкунандагони Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003) ва то дами вопасин узви фаъоли раёсати он маҳсуб меёфт.
Хидматҳояш бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.1994) ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ гардидааст.
Ба муносибати 250-солагии шоир ва мутафаккири асри XVIII-и тоҷик Одинамуҳаммад Маъдан бори аввал девони комили шоир ба нашр омода гардид, ки бо ташаббуси бевосита ва дақиқкории ӯ ба дасти ташнагони ашъори шоир расид.
Нурилло Мирзоматов ният дошт, ки китоби дарсии «Забони модарӣ» барои томактабиён ва синфҳои ибтидоӣ, «Равоншиносӣ», «Этносотсиопсихолингвистика», «Фарҳанги истилоҳоти равоншиносӣ», «Луғати неологизмҳои соҳаи маориф» ва чанди дигарро омода ва чоп намояд. Зеро, ӯ, мегуфт таҷрибаи чандинсолаи андӯхтаи худро дар ин соҳа бояд ба шогирдон расонам. Ин корро барояш ҳам қарз ва ҳам фарз медонист. Аммо умр бевафоӣ кард.
Нурилло Мирзоматов ба ғайр аз соҳаи илм дар эҷод низ дастовардҳои бешумор дошт. Ҳангоми кору мутолиа ҳикояҳо, ҳаҷв, эпиграммаҳо ва дигар мақолаҳои проблемавии публитсистӣ низ эҷод намуда буд, ки дар маҷмуаҳои гуногун ва маҷаллаҳои илмӣ нашр шудаанд.
Муддатҳои тӯлонӣ бо телевизион ва радиои Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда буд. Муаллиф ва барандаи барномаҳои «Маҳфилоро», «Барои Шумо падару модарон», «Фарзанди нағз – боғи падар», «Манзили умед», «Субҳи умед» ва амсоли инҳо буда, ин ҳамкориро то нафаси вопасин идома дод. Ин барномаҳо ба масъалаҳои рӯзмарра ва доғи рӯзи таълиму тарбияи бачагон, наврасон ва ҷавонон бахшида шуда, эътибори калон пайдо намуда буданд ва имрӯз низ воқеияти реалии худро аз даст надодаанд.
Юсуфалӣ ҲАСАНОВ,
Мамадҷон МАҲКАМОВ,
Шобой ҲАЙДАРӢ,
Зулфиддин МУЪМИНҶОНОВ,
Абдурауф МУРОДӢ