НАХУСТИН ОМӮЗГОРЗАНИ ВМКБ

Солҳое, ки Ҳукумати Шуравӣ нав таъсис ёфта буд, на ҳар кас ҷуръат дошт, ки барои ин ҳукумат хизмат кунад. Бахусус, кам касе ёрои онро дошт, ки ба омӯзгорӣ машғул шавад, зеро он замон омӯзгор бадбинони зиёд дошт. Мардуми аксар бесавод аз ғояти таассуб рӯйдоду падидаи наверо ба осонӣ қабул намекарданд. Бо вуҷуди ин, таъсиси мактабҳои нав, савод омӯхтани фарзандони мардум тадриҷан ин таассубу хурофотро аз зеҳни мардум дур меандохт. Дар аввалин мактабҳо асосан мардон ба тадрис машғул буданд, аз миёни занону духтарон солҳои 1922 – 1926 фарде набуд, ки ба пешаи омӯзгорӣ шуғл варзад. Он вақтҳо ин корро барои занону духтарон айб медонистанд.
Соли 1926 дар Хоруғ нахустин мактаби духтарона таъсис ёфт, ки боиси хашму ғазаби муллоён ва қисмате аз мардони маҳаллии хурофотпараст гардид. Онҳо бо ҳар роҳ монеа эҷод мекарданд, ки духтарон дар ин мактаб таҳсил накунанд. Бо вуҷуди ин, дар ин таълимгоҳ 38 нафар духтар ба омӯзиш фаро гирифта шуд.
Дар радифи дигар духтарон Мараматнисо бо хоҳаронаш Бибинисою Оимсултон бо шавқу завқ ба хондан мепардозад. Азбаски падараш босавод буд, ӯ ва хоҳаронаш пеши ӯ савод омӯхта буданд ва аз ин ҷост, омӯзиш дар ин ҷо барояшон душвор набуд. Пас аз хатми он Мараматнисо дар мактаби духтарона омӯзгор ва баъдан мудири мактаб таъйин мегардад. Ӯ барои ҷалби духтарон ба хондан саъю талоши бисёр мекард, на аз мулло меҳаросиду на аз ашхоси ҷоҳил. Бо тарғибу ҳидояти нахустин омӯзгорзан на танҳо духтарон, балки занон низ дар ин ҷо савод мебароварданд. То соли 1931 Мараматнисо дар ин ҷо кор кардааст, қобилияту лаёқату кордонии ӯро ба назар гирифта, ҳамон сол ӯро ба вазифаи мудири сектори занони кумитаи ҳизбии вилоят таъйин мекунанд. Бар асари ҳодисаҳои соли 1937 падару амакаш Сайфулло Абдуллоев, шавҳараш Марамбек Хушқадамов ба ҳабс гирифта мешаванд. Мараматнисо аз вазифа барканору аз сафи ҳизб хориҷ карда мешавад. Аммо Мараматнисо руҳафтода нашуда, барои таълиму тарбияи фарзандони худ ва мардум талошу кӯшиши зиёд менамояд. Аз соли 1937 то соли 1957 дар кӯдакистони шаҳри Хоруғ дар вазифаи мудири қисми илмӣ ва мураббия фаъолият доштааст ва соли 1957 ба нафақа мебарояд. Духтаронаш Аслинисо ва Савринисо ҳам касби модарашонро идома бахшиданд. Аслинисо ба унвони «Аълочии маорифи РСС Тоҷикистон» ва «Аълочии маорифи ИҶШС» сарфароз мегардад. Савринисо бошад, ба унвони «Муаллимаи хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» шарафёб мешавад.
Соли 1969 нахустин омӯзгорзани Бадахшон Мараматнисо Мамадамирова дунёро тарк гуфт. Мавсуф шахсест, ки дар ҳақиқат, метавон ӯро қаҳрамон гуфт. Аввалин муаллим аз байни занону духтарони Бадахшон Мараматнисо дар таълиму тарбияи духтарон саҳми басо бузурге гузошт, яъне нахустин кадрҳо аз миёни занону духтарон шогирдони ӯ буданд. Ӯ аз аввалин занонест, ки дар барҳам додани бесаводӣ дар баробари мардон нақши боризе дошт.
Агар дар бораи Мараматнисо пурсед, ба ҷуз чанд тан собиқадори соҳаи маориф касе номи аввалин муаллимро аз миёни занон намедонад, чунки барои абадӣ намудани хотираи ӯ коре накардаем. Аз чанд нафари ҷавону миёнсолу солдида дар бораи Мараматнисо суол кардам, аз яке ҳам ҷавоби мусбӣ нагирифтам. Ягон мактаб ва кӯдакистон дар шаҳри Хоруғ, ягон кӯчаву гулгашт номи ӯро надорад. Бепарвоии мо шояд, ба ҳадде бошад, ки ҳатто аксашро ҷое намебинем. Вақти он расидааст, ки мақомоти марбута ба ин масъала расидагӣ кунанд ва кӯчаю мактаберо ба номи нахустин омӯзгорзани Бадахшон бигузоранд. Агар лавҳаеро ҳам дар бораи кору пайкори ӯ дар раёсати маорифи вилоят ва шуъбаи маорифи шаҳр насб кунанд, кори хайре хоҳад шуд.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»