СОРБОНИ КОРВОНИ БАХТИ МО БОШАД ВАТАН

Синаҳо пур аз ғубори кин шуда,
Он дили холӣ зи кин камчин шуда.
Ҳусну зебоии боғи зиндагӣ
Ноаён бар дидаи бадбин шуда.
Он, ки дар банди хурофот омадаст,
Бехабар аз расму аз оин шуда.
Кӯҳкан кӯҳро агарчи канда буд,
Хусрав аммо ҳамсари Ширин шуда.
Чашми дил бикшову оламро бубин,
Рӯзгори мо чӣ сон рангин шуда.
Ҷон супорам пеши пои зиндагӣ,
Баҳри ҳар кас гарчи ҷон ширин шуда.
Нақши чеварҳои даврон дӯхта
Зеби аспу зеби қошу зин шуда.
Шаҳсавори рӯи майдон омада
Рустами хушкору хушоин шуда.
***
Боғ ранги сабзро бе боғбон гум мекунад,
Булбул овози хушаш бе гулситон гум мекунад.
Чун сари кибр аз замин то осмон қад мекашад,
Қадри худро аз замин то осмон гум мекунад.
Андаке аз дӯсти дерин паёме бишнавад,
Хешро аз шодии бисёр ҷон гум мекунад.
Назди устодон хамӯшӣ нест аз бедонишӣ,
Пеши пирон аз адаб худро ҷавон гум мекунад.
Гар садое дар замин тиру камон орад бадар,
Осмон з-ин ҷилваи тирукамон гум мекунад.
Сорбони корвони бахти мо бошад Ватан,
Роҳи худро корвон бе сорбон гум мекунад.
***
Неку бадро зиндагӣ довар будаст,
Гар ба он дар умқи дил бовар будаст.
Дар назар дилҷӯй ҳасту дилписанд
То даме ки дар барат дилбар будаст.
Бо тани бедард бошӣ сарбаланд,
Бо тани пурдард дарди сар будаст.
Додареро, ки калонаш кардаӣ,
Гап бигардонад, аламовар будаст.
Роҳҳои бешуморе рафтаем,
Он як ободу дигар абтар будаст.
Дер фаҳмидем, роҳи беҳтарин
Роҳ сӯи хонаи модар будаст.
***
Об ширин бишавад дар кӯза,
Хандаи пахта бувад аз ғӯза.
Пой тарсида ниҳад бар ҷӯяк
Пахтачине, ки надорад мӯза.
Сари хам хӯшаи гандум дорад,
Сар ба афлок кашад ҷалғӯза.
Бехудо ҳеҷ мусулмон нашавад,
Гарчи сад сол бигирад рӯза.
Шоҳ бар нафси худам, медонӣ?
Фарқ дорад шаҳӣ аз дарюза.
Ба саломи ҳама гирем алайк
Дар ҷаҳони дудару дурӯза.
***
Ҳуш дор, ки аз кина раҳидан ҳунар аст,
Гарди сияҳ аз сина такидан ҳунар аст.
Сад бор гуноҳи дигарон меҷӯӣ,
Як бор гуноҳи хеш дидан ҳунар аст.
Танҳо ҳунаре наяст некӣ кардан,
Балки зи бадӣ даст кашидан ҳунар аст.
Бар беҳунаре чист ҳунар, медонӣ?
Бар қадри ҳунарманд расидан ҳунар аст.
Бо бегунаҳӣ аз дами сӯзони алав
Монанди Сиёвуш паридан ҳунар аст.
Эй, ки ба Худо фикандаӣ бори худат,
Сахт аз бадани бутта қапидан ҳунар аст.
***
Диле дорам, ки осуда даме аз ғам намегардад,
Саре дорам, ки пеши нокасе он хам намегардад.
Шукуҳи ҳар ҳамоқатрову хории адолатро
Чу бинам, дидаи пурҳасратам бенам намегардад.
Саховатро биё, аз нурпошиҳои шед омӯз,
Ҳазорон нур мепошад, валекин кам намегардад.
Кушо оғӯши гарматро ба ёри бовафои худ,
Ки оғӯши гуле бе ҳасрати шабнам намегардад.
Агар меҳри ватандорӣ набошад дар рагу хунаш,
Ба ҳарбу зарб сад Гаршосп як Рустам намегардад.
Ба дарди ҳар ғарибе, ки зи дурӣ аз Ватан сӯзад,
Дигар чизе ба ҷуз меҳри Ватан марҳам намегардад.
Гурез САФАР,
Нависандаи халқии Тоҷикистон