УСМОНҶОН ҒАФФОРОВ

27 октябри соли равон муаррих, ходими давлатӣ, номзади илмҳои таърих, профессор, Корманди шоистаи ҶТ, дорандаи Ҷоизаи ба номи Б. Ғафуров, узви Иттифоқи журналистони ҶТ ва узви Иттифоқи нависандагони ҶТ Усмонҷон Ғаффоров аз олам даргузашт.
Мавсуф 30 январи соли 1945 дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд ёфтааст. Соли 1962 мактаби миёнаи №5-и зодгоҳаш ва соли 1967 шуъбаи таърихи факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм намудааст. Дар кафедраи таърихи халқи тоҷики донишгоҳ ҳамчун ассистенти кафедра оғози фаъолият мекунад. Солҳои 1971-1972 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров (имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ҳамчун муаллими кафедраи таърих кор карда, баъд солҳои 1972-1975 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсили илм мекунад ва доир ба таърихи матбуоти тоҷик рисолаи номзадӣ дифоъ менамояд. Солҳои 1975-1977 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аввал сармуаллим ва баъд дотсенти кафедраи таърихи ИҶШС шуда кор мекунад. Аз моҳи октябри соли 1977 фаъолияти кории У. Ғаффоров боз дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров идома меёбад. Соли 1997 ба У. Ғаффоров бо қарори Шурои илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои офаридани асарҳои сершумори илмӣ ва фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ унвони профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик дода шуд. У. Ғаффоров солҳои 2002-2005 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси вакилони вилояти Суғд интихоб шудааст. Солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2010-2011 референти калони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, аз соли 2011 то дами вопасин профессори кафедраи таърихи ватании Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров буд.
Усмонҷон Ғаффоров зиёда аз 60 китоб, беш аз 160 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ ва адабӣ дар маҷмуаҳои илмӣ ва маҷаллаҳо, зиёда аз 700 мақолаи илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврӣ ба табъ расонидааст. У. Ғаффоров дар зиёда аз 230 конференсияи сатҳи байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ бо маърӯзаву гузоришҳои илмӣ баромад кардааст.
Корномаи пурмуҳтаво ва номи неки ин инсони наҷиб ва олими маъруф ҳамеша дар ёдҳо ва зикри хайри мардум хоҳанд монд.