ФИРИСТОДА БОЯД, КИ ДОНО БУВАД…

Сухан неруи тавоност, он метавонад инсонро ба роҳи рост ҳидоят кунад, ба пешрафтҳои чашмгир ноил гардонад ва ё баръакс, ба нокомиву ноумедиву шикастҳо мувоҷеҳ намояд. Адабиёти пурғановати классику муосири тоҷик ва ҷаҳон, омӯзиши эҷодиёти мутафаккирону адибони тоҷик ва кишварҳои хориҷӣ дар рушду пешрафти маънавӣ ва ҷаҳонбинии инсон нақши бориз доранд. Ҳар нафаре, ки ба омӯзишу мутолиа машғул аст, ҳамеша дар масири рушд қарор дорад, нуктаҳои ҳикматборе, ки аз ганҷинаи адабиёт барои хеш фаро мегирад, чун шамъ пеши роҳи ӯро равшан мегардонанд. Дар заминаи омӯзиш ва мутолиаи бардавом инсон, аз як тараф, донишу ҷаҳонбинии хешро такмил мебахшад, аз ҷониби дигар, суханвару сухандон ва донишманд мегардад. Дар адабиёти тоҷик ва ҷаҳон миллионҳо асар эҷод гардидааст, ки дастрас ва омӯзиши онҳо аз доираи қудрати инсон берун аст, вале интихоб ва гулчину бозгӯи муҳтавояшон имконпазир буда, ба рушди маънавии инсон таконбахш мебошанд. Ба ин мазмун, китоби «Андарзнома» (мураттиб, профессор С. Ятимов. – Душанбе, 2023. – 320 с.) хеле ҷолиб ва омӯзанда буда, барои аҳли ҷомеа чун роҳнамо хидмат хоҳад кард.
Мусаллам аст, ки ҳар нафаре ба донишу омӯзиш машғул аст, ҳатман дафтари қайд дорад, ки дар он абёту суханони ҳакимона ва муҳимтарин андешаҳои олимону донишмандонро сабт мекунаду аз ин дурдонаҳо, ки ба такмили ҷаҳонбинӣ ва суханварию сухандон гардидани шахс мусоидат менамояд, огоҳмандона истифода мекунад. Китоби мавриди назар ҷолиб ва омӯзанда буда, дар он зарбулмасалу мақол ва афкори мунтахаби донишмандону бузургони ҷаҳон, аз ҷумла, намояндагони адабиёти классику муосири тоҷику форс ҷой дода шудаанд. Аҳамияти омӯзандаи китоб дар он зоҳир мегардад, ки ҳар як зарбулмасалу мақол, шеър ва суханҳои ҳикматбор аз рӯйи мавзуъ ва мазмуну муҳтаво ба қисматҳо ҷудо шудаанд. Ба таъкиди мураттиб, «Солҳо ҳангоми мутолиаи рӯзнома, маҷалла, рисола ва китобҳо, суханони пандомӯзеро, ки ба назарам бештар писанд меомаданд, интихобан рӯйнавис карда, сари чанд вақт онҳоро мутолиа мекардам. Баъзеашонро дар кор, ҳангоми навиштани мақолаву рисолаҳо истифода мебурдам. Ин суханҳо қариб, батамом ҳамкору ҳамсафару ҳамрози ман буданд».
Суханони ҳикматомез ва зарбулмасалу мақолҳои китоб ба сифатҳои неки инсонӣ ва ташаккули диду ҷаҳонбинӣ ва таҳаввули шахсияти инсон нигаронида шудааст. Воқеан, қудрати сухан бузург аст, он диду ҷаҳонбинӣ ва нақши инсонро дар пешрафти ҷомеа муаррифӣ мекунад. Рӯзу моҳу сол ва асрҳо мегузаранд, вале сухани хубу ибратбахш ва пандомез ҳамеша вазифаашро чун дурдонаи маънавӣ дар тарбияи дуруст ва шинохти инсон иҷро мекунад. Ҳар гоҳе ки инсон ин «тиллорезаҳои маънавӣ»-ро мутолиа мекунад, гӯё он дурҳои маънӣ маҳз барои ӯ гуфта шуда бошанд, онҳоро дар зиндагии ҳамарӯза мавриди омӯзиши хеш қарор медиҳад ва аз рӯйи он ҳикмату андарз фаъолияти хешро ба танзим медарорад. Дар баробари ин, сухан зиндагиву дониши инсонро бозтоб мекунад, маърифати инсонро рушд мебахшад ва дар маҷмуъ, ба таҳаввули ҷаҳонбинии маънавии инсон мусоидат менамояд.
Суханони ҳикматбор ва шеърҳои пурмазмуни китоб бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) пешниҳод гардида, мураттиб асарҳоеро, ки бо ҳамон забон мутолиа кардааст, айнан пешниҳод намудааст. Вақте асар аз забони асл омӯхта мешавад, таъсири амиқтар дорад ва он метавонад донишу ҷаҳонбинии инсонро такомулу тақвият бахшад.
Дар қисмати аввали китоб шеър, зарбулмасалу мақол ва суханони пандомезе гирд оварда шудаанд, ки аз асарҳои адибону мутафаккирони тоҷик иқтибос шудаанд. Тартиби пешниҳоди абёту нуктаҳои ҳикматбор аз рӯйи мавзуъ сурат ёфтааст. Воқеан, як сухани хуб ва шеъри пурмазмун метавонад маънии як асарро бозгӯ кунад ва интихоби донишманди тоҷик ба ҳамин мазмун аст. Суханони ҳикматбори китоб аҳамияти баланд дошта, дар ҳама давру замон ва макону мавқеъ барои инсон заруру муфид мебошанд. Вақте ки китобро ба даст гирифтам, аз саҳифаи аввал диққатамро ба худ ҷалб намуд ва ҳар як шеъру зарбулмасалу мақол ва ҳикмати андешаафзо маро ба дунёи дигар ворид кард, ҳар яке аз онҳо мазмуну муҳтавои баланд дошта, таконбахшу муассир ва омӯзанда мебошанд.
Китоб бо бахшҳо ҷудо ва номгузорӣ гардида, бо бахши «Миллат, ҳувияти миллӣ, халқ» оғоз меёбад. Маълум мегардад, ки барои мураттиб муҳимтар аз ҳама, шинохти инсон, ҳувияти миллӣ ва миллат қарор дорад, ки ин мавзуъ дар адабиёти классикию муосири тоҷик ҷойгоҳи вижа дорад. Ба ин маънӣ, гулчине аз нигоштаҳоро мураттиб пешниҳоди хонандагон намудааст, ки бо шеъри Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ оғоз мегардад:
Ман бандаи он қавм, ки худро донанд,
Ҳар дам дили худро зи ғалат бирҳонанд.
Аз зоту сифоти хеш созанд китоб,
Феҳристи китобро аналҳақ хонанд.
Адабиёти тоҷик саршори масоили ҳувияти миллӣ ва худогоҳӣ мебошад, ки дар меҳвари эҷодиёти аксари адибону мутафаккирон инсони комил қарор гирифтааст. Бахши дигар «Фард, шахсият, одамият» номгузорӣ шудааст ва бо ин қитъа шеър такмил ёфтааст:
Одам аз бебасарӣ бандагии одам кард,
Гавҳаре дошт, вале назри Қубоду Ҷам кард.
Яъне, аз хӯйи ғуломӣ зи сагон хортар аст,
Ман надидам, ки саге пеши саге сар хам кард.
Муҳаммад Иқбол
Ҳамин тариқ, зина ба зина ва аз рӯйи мавзуъ шеъру абёт, зарбулмасалу мақол ва нуктаҳои ҳикматбор пешниҳод карда мешаванд, ки гумон мекунам, барои ҳар як инсони ватандӯсту хештаншинос, муштоқу дилбастаи каломи бадеъ зарур аст. Дар идома доир ба дин, эътиқод, руҳониён, хирад, дониш, илм, маънавиёт, давлат, сиёсат, тобеият, ишқ, муҳаббат, душманӣ, сухан, забон, сиришт, тинат, ниҳоди одамӣ, сирру асрор, ваъдаю вафодорӣ, арзиши дунё ва тақдиргароӣ, дард, ғаму андуҳ, мақсаду манфиат, сипоҳ, артиш, ватандорӣ, ҳаёт, марг, ҷовидонӣ, таълиму тарбия, зулму ситам, ҷаҳолат, рафтор, одобу ахлоқ, некиву бадӣ, подоши он, саъйю талош, кӯшиш, касбу ҳунар, меҳнатдӯстӣ, танбалӣ ва амсоли инҳо суханҳои пандомез оварда шудаанд.
Бояд гуфт, ки масоили ифтихори ватандорӣ, шинохти инсон ва таълиму тарбия дар меҳвари таҳқиқу пажуҳиш ва эҷодиёти донишманди тоҷик С. Ятимов қарор дорад ва ин дар абёт ва нуктаҳои ҳикматбор низ таҷассум ёфтааст. Ба гунаи мисол:
Ҳар тоҷик бояд ҳар рӯз ду соат китоб хонад.
Садриддин Айнӣ
Эй меҳрубон Ватан, ба раҳат ҷонфишон манам,
Достонсаро ба васфи ту бо сад забон манам.
Абулқосими Лоҳутӣ
Инчунин, дар қисмати шоҳбайтҳои писандида беҳтарин ашъор ва нуктаҳо пешниҳод шудааст:
Фиристода бояд, ки доно бувад,
Ба гуфтан далеру тавоно бувад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Як гул бидиҳанд, сад баҳорат бибаранд.
Лоиқ Шералӣ
Дар қисмати русии китоб нуктаҳои ҳикматбор аз асарҳои мутафаккирону донишмандон ва адибони ҷаҳонӣ оварда шудааст, ки хеле омӯзанда мебошанд. Онҳо низ ба қисматҳо ҷудо шудаанд, ки ҳар якеро омӯхтану фаро гирифтан ва дар зиндагӣ истифода кардан манфиатбор хоҳад буд. Дар фасли дигари китоб бо забони англисӣ низ нуктаҳои муҷазу пурмаъно, гулчини зарбулмасалҳои тамоми мардуми дунё бо забони англисӣ ҷойгир карда шудааст. Дар маҷмуъ, метавон мазмуну муҳтаво ва нақши ин китобро барои ҷомеа ба таври зайл арзёбӣ кард:
1. Шеърҳо, зарбулмасалу мақол ва суханҳои ҳикматборе, ки дар китоб гирд оварда шудаанд, аҳамияти баланди таълиму тарбиявӣ ва худшиносиву худогоҳӣ доранд. Ҳар яке аз ин ҳикмату андарзҳо маънии як китобро дошта, аз як тараф, донишу ҷаҳонбинии инсонро такмил мебахшанд, аз ҷониби дигар, ба суханварию сухандонӣ ва шинохти ҷаҳони мутамаддин мусоидат мекунанд.
2. Интихоби мураттиби китоб дар заминаи омӯзиш ва пажуҳишҳои амиқ сурат гирифтааст. Яъне, мураттиб он навишта ва шеъру зарбулмасалҳоеро пешниҳоди хонанда намудааст, ки бевосита худ омӯхтаасту дар ҳаёти ҳаррӯза мавриди истифода қарор додааст ва ҳамрозу ҳамнафас будааст. Аз ин рӯ, омӯзишу мутолиаи абёт ва суханони ҳикматбори китоб нақши муҳим дар ҳаёти ҳар инсони соҳибандешаву соҳибтафаккур дорад.
3. Гарчанде андешаҳои бузургону мутафаккирон бо се забон пешниҳод гардида бошад ҳам, такрори ҳам намебошанд. Аз ин рӯ, гумон мекунам, ки китоб на танҳо ҷаҳони маънавии моро ғанӣ мекунад, балки дар масъалаи забондониву забономӯзии мо нақши муҳим мегузорад. Мусаллам аст, ки дар ҷаҳони муосир он нафаре мавқеъ ва ҷойгоҳи шоистаи хешро меёбад, ки дар баробари донистани пешаи хеш, бо забонҳои хориҷӣ озод суханронӣ намояд ва бо ҳамон забонҳо китобҳоро мутолиа бикунад.
4. Омӯзиш ва аз худ кардани абёт, зарбулмасал, мақол ва нуктаҳои ҳикматбор, истифодаи онҳо дар ҳаёт ва тарбияи аҳли ҷомеа муҳим мебошад. Онҳо аз як тараф, хонандаро ба роҳи дуруст ҳидоят кунанд, аз ҷониби дигар, нақши омӯзишу мутолиа ва китобро дар рушди маънавии инсон ба таври барҷаста бозгӯ менамоянд.
5. Аз рӯйи мазмуну муҳтаво ва мавзуъ ҷудо намудани суханҳои ҳикматбор масоил ва мавзуъҳои зиёдеро барои аҳли илм ва ҷомеашиносон ба миён мегузорад. Ба назари инҷониб, замоне фаро расидааст, ки ба масоили ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шинохти нақши шахсият ва тарбияи инсони комил пажуҳишгарон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Мавзуъҳои мазкур дар асарҳои мондагори адибону мутафаккирони тоҷик фаровон аст. Аз ин рӯ, онҳоро омӯхтан ва ба таври ҳамҷониба аз нигоҳи илмӣ таҳқиқ кардан ва дар заминаи он баҳри бунёди ҷомеаи навин бармало сохтан амрест воқеӣ.
Дарвоқеъ, китоби «Андарзнома» барои аҳли ҷомеа муфиду судманд буда, истифодаи он дар раванди дарсҳо дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба ташаккули донишу ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён мусоидат хоҳад кард.

Эҳсон САФАРЗОДА,
номзади илми филология