НБО «РОҒУН» — АРСАИ МАРДОНАГӢ

Бештар аз даҳ сол аст, ки бунёдкорӣ дар НБО «Роғун» бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Азму иродаи қавӣ, устуворӣ дар мавқеи хеш ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки бо анҷоми як қатор корҳои сохтмонӣ ду агрегати НБО «Роғун» ба истифода дода шавад. Инҷониб ҳамеша хоҳиши онро доштам, ки боре аз наздик шоҳиди матонату заҳмати коргарони ин неругоҳи арсаи нангу номуси миллӣ бошам. Хушбахтона, ин орзуи деринтизор 19 — уми октябри соли ҷорӣ амалӣ гардид.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур гурӯҳи синафара — намояндагони ташкилоти ибтидоии ҳизбии муассисаву корхонаҳои тобеи ноҳияи мазкур роҳ ҷониби шаҳри Роғун гирифтем. Ҳадаф аз ин ташаббуси масъулони ҳизб шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар иншооти аср – НБО «Роғун» буд.
Дар гурӯҳи мо бештар ҷавонон шомил буданд. Савори мошинҳо шаҳри Ваҳдатро пушти сар гузошта, ба Файзободи файзбор ворид шудем. Тамошои манзараҳои дилфиреб ба кас ҳаловат мебахшид. Вале дар баробари ин, боз ҳам сухан аз корномаҳои мардони заҳматкаши неругоҳ ба миён меомад. Аз он шукрона мекардем, ки фазои тинҷу ороми кишвар имкон медиҳад, то ки ба корҳои ободонӣ даст занему барои пешрафти ояндаи ҷомеа саъю талош ва ҷаҳду ҷадал намоем.
Ниҳоят ба шаҳри Роғун расидем. Аз ду тарафи роҳ арчаҳои сарсабзу дарахтони начандон калони мевадиҳанда, шиорҳои даъваткунандаи «Роғун» ҳастии миллат ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст», «Роғун» ваҳдату ҳамбастагии мост», «Роғун» арсаи нангу номуси миллист» ба чашм мерасиданд.
Мо — аҳли гурӯҳро дар қароргоҳи расмӣ сардори раёсати кадрҳои ҶСК «Роғун», марди кушодачеҳраву хушсухан Сайдулло Абдулаҳадзода пешвоз гирифта, масъулини сохтмонро бароямон муаррифӣ кард. Сипас тамоми қоидаҳои дохил шудан ба коргоҳро фаҳмонда, бо либоси корӣ — камзӯлу кулоҳ таъмин карданд ва мо ба маҳалли кори сохтмончиён рафтем.
Мошин ба нақб дохил гардида, масофаи тақрибан беш аз як километр роҳро тай мекунад. Дар дохил боз гузаргоҳҳои дигар пайдо мешаванд. Ҳар гузаргоҳ мақсаднок кофта шудаанд. Дар девораҳои онҳо ноқилҳои нисбатан ғафси чор — панҷқабата, лӯлаҳои оҳанини хурду бузурги обкашонӣ… ва боз чандин васоити хидмат­расонии дигар насб гардидаанд. Баъди лаҳзае рӯшноӣ ба мушоҳида расид. Маълум, ки ба он тарафи нақб расидем. Он ҷо фаромада, дарғоти калонеро мебинем.
– Ин ҷо даромадгоҳи қабати 4 (СТ – 4) ном дорад, — мегӯяд С. Абдулаҳадзода. – Дарозиаш 1800 метр буда, дар як сония 3500 куб обро (дар ҳолати зиёдшавии об, ки ба кор халал мерасонад) ба дарё мепартояд. Аз ин гуна нақби сохтмонӣ боз дутои дигар ҳаст, ки дарозии ҳар кадоми онҳо 1400 — метрианд.
Дар толори мошинҳои неругоҳ моро муовини сардори раёсати назорати техникии ҶСК «Роғун» Нуриддин Файзалиев истиқбол кард. Н. Файзалиев мутахассиси нисбатан ҷавон аст. Вай гуфт, пас аз хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ панҷ сол корманди Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон будааст ва инак, 12 сол боз дар неругоҳ фаъолият дорад. Нуриддин ба мо иттилоъ дод, ки дар чуқурии 290 метр поён аз сатҳи замин қарор дорем ва ин ҷо ба таври шабонарӯзӣ коргарон дар ду баст заҳмат мекашанд. Дар умум, теъдоди коргарони неругоҳ 15 ҳазору 200 нафарро ташкил медиҳанд. Онҳо бо хӯроки гарм таъминанд. Маошашонро низ саривақт гирифта, аз чизе камбудӣ надоранд. Соли 2024 дар назар аст, ки чархаи сеюм низ ба кор дароварда шавад.
Нуриддин моро бо вазъи кори дучарха шинос карда, доир ба чӣ тавр насб кардани чархаҳои минбаъда маълумот дод. Вай гуфт, ки минбаъд чархаҳо тибқи шартномаҳои басташуда аз давлатҳои Австрия ва Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Онҳоро мутахассисон ба дохили нақбҳо қисм – қисм ворид ва васл менамоянд.
Аз нақбҳо берун шуда, ба кӯҳҳои баланди чор тарафи неругоҳ назар медӯзем. Бо ҳавсалаи том онҳоро бо мехҳо (анкер)-и оҳанин ва арматураву симтурҳо чунон сахт бофтаву сементпӯш кардаанд, ки кас аз чунин кордонӣ қоил мегардад. Ҳамаи ин корҳо, ба гуфти мутахассисон – роҳбаладони мо, барои пешгирӣ аз офатҳои табиат аст. Яъне ҳама ҳолату ҳодисаҳои фавқулода ба назар гирифта шудаву барои рафъи онҳо тадбирандешӣ карда шудааст.
Кас кори сохтмончиёнро мушоҳида карда, бори дигар ба хулоса меояд, ки мардуми тоҷик, дар ҳақиқат, баору номусу заҳматкаш аст. Он рӯз дур нест, ки чархаҳои навбатӣ насб мегарданду Тоҷикистон ба манбаи асосии истеҳсолкунандаи барқ табдил меёбад.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»,
Душанбе – Роғун – Душанбе