РАСМ ДАРСРО ШАВҚОВАР МЕКУНАД

Дар асарҳои методии олимони соҳаи педагогика барои пурсамару мукаммалу ҷолиб ва шавқовар гаштани машғулиятҳои омӯзгорон бо хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ усулҳои гуногун ва корбасти воситаҳои рангини таълиму тарбия тавсия дода мешаванд. Дар зинаи аввали таҳсилот хонандагон ба аёниятҳо – расму суратҳо, ҷадвалу нақшаҳо, варақаҳои тасвирдор бештар мароқ зоҳир мекунанд. Омӯзгоронро мебояд, ки дар заминаи ба назар гирифтани табиату психологияи хурдтаракон, аз ҷумла, расмҳои гуногунро дар ҷараёни дарсҳо вобаста ба мазмуну муҳтавои мавзуъҳо васеъ истифода намоянд.
Кӯдакон аз дидани расм ба шавқ меоянд, ба он, албатта, таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Масалан, мавзуи дарс аз фанни забони модарӣ «Шумора» аст. Дар ҳамбастагӣ ба ин мавзуъ расмеро дар паҳлуи тахтаи синф меовезем, ки дар он манзараи тирамоҳ тасвир ёфтааст: гурӯҳе аз ҷавонон дар боғ ба себчинӣ машғуланд. Салоҳ он аст, ки омӯзгор дарсро бо истифодаи густарда аз методи саволу ҷавоб баргузор намояд. Дар ин сурат дар баробари омӯхтани мавзуъ нутқи шифоҳии хонандагон боз ҳам такмил меёбад. Намунаи саволу ҷавоб:
– Бачаҳо, ба назари шумо, дар ин расм кадом фасли сол тасвир ёфтааст?
– Тирамоҳ.
– Дуруст дарёфтед. Тирамоҳро фасли заррини сол мегӯянд. Дар ин фасл ҳаво нисбатан сард шуда, борон меборад. Тирамоҳ фасли ҳосилғундорист. Дар тирамоҳ ҷашни Меҳргон таҷлил мешавад, ки бо ҳосил алоқамандӣ дорад. Акнун биёед, ҳама як дақиқа бодиққат ба расм менигарем. Ба ҳар як ашёю тасвири он таваҷҷуҳ зоҳир мекунем ва ба саволҳо ҷавоб мегӯем.
Хонандагон даст бардошта, бо иҷозати омӯзгор ба саволҳо ҷавоб мегӯянд. Саволҳо бояд комил, дар шакли як ҷумлаи пурра бошанд.
– Бачаҳо, дар расм чанд дарахт тасвир ёфтааст?
– Мо дар ин расм шаш дарахт­ро мебинем.
– Чанд нафар ба себчинӣ машғуланд?
– Ҳашт нафар себ мечинанд.
– Чанд духтару чанд писар?
– Шаш писару ду духтар ба себчинӣ машғуланд.
– Дар дасти чанд нафар сабад ҳаст?
– Мо дар дасти чор нафар сабад мебинем.
Ҳамин гуна, омӯзгор боз чанд саволи дигар медиҳад, ки дар ҷавоби онҳо истифода бурдани шумора лозим меояд.
Дар ҷамъбаст омӯзгор мегӯяд, ки рақамҳои истифодакардаи шумо дар ҷавобҳоятон (шаш, ҳашт, ду, чор) шумораҳо мебошанд. Шумора миқдору тартиби ашёро меомӯзад. Ба хонандагон супориш дода мешавад, ки бо истифода аз шумораҳои гуногун (масалан, 10, 20, 23, 4-ум, 18-ум, 8-умин) ҷумлаҳо гӯянд.
Дар давоми дарс хонандагон дар заминаи тавзеҳи омӯзгор вобаста ба муҳтавои расми намоишдодашуда оид ба фасли тирамоҳ ва махсусиятҳои он, ҷашни Меҳргон, тағйири табиат, маросими ҳосилғундорӣ ва монанди инҳо маълумот пайдо мекунанд. Ин барои таъмини робитаи байни фанҳо низ муфид аст.
Дар қисмати ҷамъбасту мустаҳкамкунии дарс аз пораҳои шеърӣ, ки дар онҳо шумораҳо корбаст шудаанд, истифода бурдан айни муддаост. Чунончи:
Яку дую сею чор,
Мо баҳорро интизор.
***
Хоҳари ман Зулола
Духтараки нуҳсола.
Барои таълими мавзуи «Шумора» дар ихтиёри омӯзгорон расмҳои зиёде мавҷуданд. Беҳтарину ҷолибтарини онҳоро, ки сужети муайян дошта, мутобиқ ба муҳити зист ва фаҳмиши хонандагони хурдсол бошанд, истифода бояд кард. Корбурди расм барои тарбияи эстетикии шогирдон низ таъсиргузор хоҳад буд.

Сарвиноз ҲАМРОЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №20-и ноҳияи Айнӣ