МАКТАБ, ОМӮЗГОРИ ҶАВОН ВА РИСОЛАТИ САРВАРӢ

Масъалаи тарбияву дастгирии омӯзгорони ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ имрӯз дар меҳвари диққат қарор дошта, перомуни ин мавзуъ афкори мухталиф баён карда мешавад. Бахши аъзами мактабшиносон аз вазъи фаъолияти мутахассисоне, ки пас аз хатми коллеҷу донишкадаҳо ба мактаб сафарбар мешаванд, изҳори нигаронӣ менамоянд. Мазмун, омӯзгорони ҷавон ба кор шуруъ карда, аз нозукию ҷузъиёти пешаи омӯзгорӣ ба таври зарурӣ воқиф нестанд.
Навиштани нақшаи дарсҳо, нақшаи тақвимӣ – мавзуӣ, таҳияву мураттаб намудани ҳуҷҷатҳои роҳбарисинфӣ, қайди мавзуъҳо дар журнали синфӣ, гузаштани баҳо вобаста ба посухҳои хонандагон, донишҳои психологӣ ва муносибат бо шогирдон, иштирок дар дарси устодони соҳибтаҷриба ва собиқадор ва амсоли инҳо бо моҳияту ҳадафҳои худ бояд дарунмояи кори омӯзгорони ҷавонро дар бар бигирад. Аммо аксар ҳангом ба мушоҳида мерасад, ки ба сабаби камтаҷрибагӣ ва аслан маълумоту бардошти кофӣ надоштан дар ин масоил омӯзгорони ҷавон ба мушкилиҳо дучор меоянд ва донишҳои заруриро дар сатҳи ҷавобгӯ ба замони муосир ба хонандагон дода наметавонанд. Муаллимон, махсусан, педагогҳои ҷавон бояд эҷодкору ҷӯё ва пайваста аз пайи омӯзиш ва такомули касбияти хеш, сермутолиа ва дорои ҷаҳонбинии фароху тафаккури пешрафта бошанд.
Мутаассифона, ин вазъро ба нудрат дар симои омӯзгорони ҷавон метавон ба мушоҳида гирифт. Онҳо дар навиштани нақшаи мухтасари дарс (план-конспект), нақшаи мавзуӣ-тақвимӣ, таҳияву мураттаб намудани асноди роҳбарисинфӣ, навиштани қарорҳои ҷаласаҳои синфӣ ва ғайра ҳатман ба устодеву омӯзгоре ниёз доранд. Дар аксар ҳолат на танҳо омӯзгорони ҷавон, балки таҷрибадор низ дар навиштани нақшаи тақвимӣ-мавзуӣ ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд, ба ваҷҳи каммутолиагию омӯзиш ба таври эҷодкорона ин амалро ба анҷом намерасонанд. Ба омӯзгорони ҷавон бар ивази ёрӣ расондан дар таҳия ва омода намудани нақшаи тақвимӣ — мавзуӣ нусхаи тайёри онро пешниҳод мекунанд ва омӯзгори тоза ба фаъолият шуруъ карда аз заҳмату огоҳона амал кардан фосила мегирад. Дар ин бобат раҳбарию назорати сарварони таълимгоҳҳо бояд дар мадди назари аввал қарор дошта бошад. Бисёре аз сарварони таълимгоҳҳо ба тарбияи омӯзгорони ҷавон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мекунанд, онҳоро маҷбур месозанд, ки дар рӯзҳои ба истилоҳ «методӣ»-и худ ба мактаб ҳозир шаванд ва аз пайи ба субут расондани корҳои (тафтиши рӯзмарраи дафтарҳои корӣ-синфӣ, имлои санҷишӣ, иншо, корҳои хаттӣ (аз математика), лабораторӣ (аз физика), пур кардани журналҳо, асноди роҳбарисинфӣ ва ғайра шаванд. Самти дигари фаъолияти омӯзгорони ҷавон масъулияти роҳбарисинфии онҳо маҳсуб меёбад, ки маҳз дар ин рӯз метавонанд дар асоси нақша ба хонаи волидони хонандагон рафта, бо эшон вохӯрда, дар хусуси сатҳи донишу дарсазхудкунии фарзандашон, ахлоқу одоб ва дигар ҷанбаҳои мусбату манфии онҳо суҳбат ороянд. Ё баръакс, падару модарони хонандагони алоҳидаро, ки ба дағалию хушунат бо омӯзгорон муносибат кардаанд, ё гурӯҳи дигаре, ки аслан ба дарсу мактаб бепарвоӣ зоҳир намуда, ба машғулиятҳо дер карда омада, аз фанҳои таълимӣ баҳои ғайриқаноатбахш мегиранд, ба мактаб даъват карда, бо иштироки муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ бо онҳо суҳбат анҷом диҳанд. Ва ниҳоят, аз вазифаҳои асосию калидӣ ва меҳварии омӯзгорони ҷавон бо саъйю талоши худи онҳо иштироки пайваста ба машғулиятҳои таълимию тарбиявии устодони соҳибтаҷриба ва собиқадор ба шумор меравад. Ҳам дар ин масъала, ҳам дар иҷрои амалҳои дигари марбут ба фаъолияти педагогӣ омӯзгорони ҷавон бояд бо шавқи дил, бо азму иродаи дучанд муносибат кунанд. Ҳароина, лаёқату истеъдод ҷавҳари ҳар як касбу пеша, аз ҷумла, омӯзгориро ташкил медиҳад. Дар байни устодону омӯзгорони таҷрибаманду собиқадор истифодаи вожа ё ифодаи «хира шудан» (ба маънои мусбаташ) роиҷ аст.
Ифодаи «хира шудан» ҳаммаънои зарбулмасали «пурсидан айб надорад» низ шуда метавонад. Мазмун, омӯзгори ҷавоне, ки ин пешаро ҳамчун сарнавишт қабул кардааст, чизҳои номафҳумро рӯирост аз директору ҷонишинони вай ва устодони пуртаҷриба мепурсаду фаъолияташро ба таври пурсамар ба роҳ мемонад. Ба коҳилию беҳавсалагӣ роҳ намедиҳад, зеро сарчашмаи нокомию бемуваффақиятӣ ва дилсард гардидан аз кори муаллимӣ маҳз дар берағбатию карахтӣ ва коҳилию «санги ман – даҳ ман»-гӯиҳо нуҳуфта аст. Ҳеҷ нафар тамоми паҳлуҳо ва самту нозукиҳои ину он касбу пеша, аз ҷумла, омӯзгориро ба таври мукаммал фаро гирифтаву аз худ накардааст. Гуфтем, ки дар ин ҷода нақши истеъдоди зотӣ хеле бузург мебошад, аммо ҷанбаи дигари онро набояд аз мадди назар дур кард (ва ин низ ҳақиқати маълум аст), ки истеъдод бе
саъйю кӯшиш ва ранҷу заҳмати пайваста ҳеҷ самаре нахоҳад дод. Аз ин нигоҳ, ҷавҳари асосию муқаддами фаъолияти омӯзгори ҷавонро аввалқадам бояд кору заҳмат ташкил диҳад. Яъне, ӯро мебояд ҳамвора ину он китоб, маъхазу сарчашмаи илмӣ-методиро дарёфта, барои баланд бардоштани савияи донишу ҷаҳонбинии худ мавриди омӯзиш қарор диҳад, дар ҷустуҷӯ ва бардошти ғояву афкори нав ва усулу шеваҳои муассиру тоза бошад. Мутолиаи осори бадеӣ қисми ҷудонашавандаи ҳирфаи омӯзгори ҷавон ва умуман, муаллимон ба ҳисоб меравад. Охир, худ қазоват намоед, ки омӯзгорон шогирдонашонро ба ину он озмун, аз ҷумла, озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омода менамояду худ аз асарҳои дар Низомномаи озмуни мазкур тавсияшуда огаҳии комил надоранд ва муҳимтарини ин осорро варақ назадаанду мутолиа накардаанд. Ҷойи нигаронист, ки аксар устодону омӯзгорон (омӯзгорони ҷавон низ) каммутолиаанд ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки иддаи зиёди онҳо дар баробари нашрияҳои соҳавӣ, аз муҳтавои нашрияҳои адабии «Адабиёт ва санъат», «Садои Шарқ», «Адаб» ва чанди дигар ба таври кофӣ хабару иттилоъ надоранд. Муаллимони ҷавон дар вақтҳои холӣ (фориғ аз дарс) метавонанд бо ғайрату ҳавсала васоити аёнӣ бисозанд, ки созгор ба мавзуъҳои дарсӣ бошанд. Масъалаи дигар аз муносибати сарвари таълимгоҳ ва ҷонишинони ӯ ба омӯзгорони ҷавон бастагии амиқ дорад. Мусаллам аст, ки талабот ба кор ба ҳама, новобаста аз омӯзгори ҷавону собиқадор, яксон аст. Аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки директори таълимгоҳ дар муоширату муносибат бо омӯзгори ҷавон ба дағалию бадмуомилагӣ роҳ диҳад, ҳудаю беҳуда овоз баланд кунаду инро, аз қавле, ҳамчун «принсипи кор»-и худ муаррифӣ намояд. Ин шеваи муносибат ба таҳқиқ, ғайрату талош ва азму иродаи мутахассисони ҷавонро коста гардонда, онҳоро дар пешбурди фаъолияташон то ҷое дилсарду руҳафтода месозад. Ҳол он ки масъулияти ҳамешагии директору муовинони ӯст, ки дар асоси нишондоди нақшаи таълимӣ дар ҳаҷми соатҳои муайяншуда ба дарсҳои омӯзгорон, аз ҷумла, омӯзгорони ҷавон иштирок карда, ҳусну қубҳ, дастовард ва камбудию норасоиҳои онҳоро баён дошта, баҳри пешрафти корашон маслиҳатҳои судманд бидиҳанд. Чаро ин масъаларо ба таври махсус таъкид карданием? Зеро омӯзгорони ҷавон хатмкардаи коллеҷу донишкадаҳои омӯзгорӣ бошанд ҳам, мутаассифона, заминаҳои назарию амалияшон заиф ва нокифоя аст. Донишҳои психологӣ, педагогӣ, истифодаи методу усулҳои таълимӣ, тарбиявӣ, муносибат бо хонандагон аз ҷониби баъзеи онҳо далели он аст, ки воқеан, камтаҷриба ё умуман бетаҷрибаанд. Ба онҳо дар ин масоил ҳатман кумаки методӣ зарур аст. Ин самти кор чӣ гуна дар муассисаҳои таълимӣ татбиқ мешавад, аз виҷдону масъулият ва дилсӯзии сарварони таълимгоҳҳо вобаста аст. Худомӯзии омӯзгор ҷанбаи асосии кори ӯ дар боби мусоидат намудан ба баланд гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия мебошад. Мутаассифона, ин масъала аз рӯйи мушоҳидаҳо бозгӯйи он аст, ки тавре дил мехоҳад, ба талабот ҷавобгӯ нест. Ҳамасола дар озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол» иштирок карда, шоҳиди он мегардем, ки аксари довталабон аз моҳият (ҳатто аз чанд бобу модда иборат будан)-и асноди меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф маълумоти дурусту саҳеҳ надоранд. Қонунҳои ба тасвиб расидаи марбут ба соҳаро аз ҷониби Ҳукумат ба таври мукаммал ва фарогир таҳлил ва дар бораи ҳадафу ғояи ин қонунҳо маълумоти қонеъкунанда дода наметавонанд. Чизи дигар: шояд ба сабаби каммутолиагӣ ё омӯзиши нокифоя бошад, ки иштирокдорони озмун ба таври озодона суҳбат карда наметавонанд, таркиби луғавияшон камбағал аст. Ин омилро ҳангоми баргузор намудани шартҳои дарси тарбиявӣ, ҷаласаи синфӣ бо иштироки падару модарон, баҳогузорӣ ба дарсҳои ҳамдигарии довталабон мушоҳида метавон кард.
Чунин норасоӣ, мутаассифона, дар аксар муассисаҳои таълимӣ мавҷуд аст. Дар ҳар сурат, нишонаи асосии сатҳи касбияти омӯзгор босаводию донишмандии ӯст.
Ин омил тавъам бо маҳорату қобилиятҳои дигар, аз ҷумла, огоҳонаю мақсаднок истифода кардан аз технологияи инноватсионӣ, сарчашмаю адабиёти иловагӣ, ҷустуҷӯ ва навоварӣ муҳиму ҳалкунанда мебошад. Дар ин бобат ҳавасмандию қадрдонии омӯзгорони ҷавон бояд аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти таълимгоҳҳо ба ҳисоб рафта, мутахассиси тоза ба фаъолият пардохтаро танҳо бо суханони болохонадору таърифу ситоишҳои нӯгизабонӣ не, балки бо таъмин намудан бо имтиёзҳояш (тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ) метавон ба кор дилгарм кард. Омӯзгори ҷавон набояд солҳо дар интизории он, ки кай аризаи барои ба замини наздиҳавлигӣ пешниҳодшудааш тасдиқ ва баъд аз ин аз куҷо бо ин замини таъмин мегардад, умрашро бо азоби руҳию равонӣ гузаронад.
Ин нукта ва масоили дигари марбут ба дастгирии омӯзгорон, ба хусус, мутахассисони ҷавон дар вохӯрию суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара таъкид гардид. Аз ин рӯ, барои тарбияи омӯзгорони ҷавон ва ба вазифаҳои баланд пешбарӣ намудани онҳо набояд ба саҳлангорию бепарвоӣ роҳ дод. Зеро ояндаи дурахшони ватану кишвар, рушди илму маориф, омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ дар ҳамаи соҳаҳо, бешубҳа, аз фаъолияти пурсамар ва серпаҳлуи омӯзгорону устодон вобаста аст.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»