«САРВАР» САРВАРОНИ ОЯНДАРО ТАРБИЯ МЕНАМОЯД

Вақте ки вориди Маркази таълимии занон «Сарвар»-и Вазорати маориф ва илм шудем, соат 18:05 дақиқа буд ва дар синфхонаҳо дарсҳо ҷараён доштанд ва омӯзгорону устодони варзида ба бонувон дарс мегуфтанд. Тахтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои таълимии синфхонаҳо дар раванди таълим самаранок истифода мегардид. Дар гурӯҳе дарси забони англисӣ ҷараён дошт ва муаллим пурра бо забони англисӣ раванди дарсро ба роҳ монда, дар зимн, донишҷӯён низ бо забони англисӣ такаллум мекарданд, ки ин ҳолат аз забондониву суханронии онҳо шаҳодат медод. Директори марказ Сабоҳат Камолова раванди тадрис ва будубоши донишҷӯёнро назорат мекард, бо онҳо суҳбатҳо меорост, ба роҳи рост ва омӯзиши фарогир роҳнамоӣ мекард. Ва суҳбати мо атрофи фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази таълимии занон «Сарвар» сурат гирифт.
– Маълум аст, ки занон дар ҷомеа нақши борриз доранд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани мавқеи бонувон тадбирҳои судманд меандешад. Фаъолияти маркази таълимӣ ба ин самти сиёсати давлат иртиботи ногусастанӣ дорад. Доир ба таъсис ва фаъолияти марказ чанд сухан мегуфтед.
–Таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ҷалби бештари занону духтарон ба таҳсилоти касбӣ ва иловагӣ яке аз вазифаҳои муҳимми соҳаи маориф ва умуман, ҷомеа ба шумор меравад. Муассисаи давлатии «Маркази таълимии занон «Сарвар» самараи даврони истиқлол буда, бо мақсади омода намудани сарварони оянда дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъсис ёфтааст ва ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа заминаи устувор мегузорад.
Таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа, баланд бардоштани мақому манзалати он, таъмини баробарии гендерӣ, зиёд кардани ҷойҳои корӣ барои бонувон ва шумораи занони роҳбар, сайқал додани сатҳи саводнокию маърифати онҳо, устувор сохтани институти оиладорӣ, таълиму тарбияи фарзанд ва беҳдошти саломатии модару кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд.
Барои дастгирии занону бонувон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаҳои зиёди давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо тасдиқ гардида, дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила муайян карда шудааст.
Маркази таълимии занон «Сарвар» барои духтарони тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохилгардида ва духтарони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи лоиҳаи «Маркази таълимӣ», ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 6 июни соли 2001 ба имзо расидааст) ташкил гардидааст. Марказ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 4 августи соли 2003) ба ихтиёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Маркази таълимии занон «Сарвар» — мақоми ҷумҳуриявӣ дошта, ба нақшаи идоракунии Вазорати маориф ва илм шомил мебошад. Маркази таълимӣ барои донишҷӯдухтарони тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилкунанда ва духтарони лаёқатманди ҷумҳурӣ ҷиҳати омода намудани онҳо ҳамчун занони сарвар фаъолият менамояд. Ҳадаф ва вазифаҳои Маркази таълимии занон «Сарвар» тавассути додани таҳсилоти иловагӣ ба донишҷӯдухтарон дониш ва малакаҳои роҳбариро омӯзонида, барои татбиқи ин сиёсат ва зиёд намудани шумораи занони сиёсатшинос, тайёр намудани менеҷмент-роҳбар аз ҳисоби духтарони болаёқати ҷумҳурӣ барои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ иборат мебошад.
– Тартиби қабул ва интихоб дар маркази таълимӣ чӣ гуна сурат мегирад ва ҳоло дар он чанд нафар ба истиқомат ва таҳсил фаро гирифта шудаанд?
– Ҳамасола дар моҳи август ҷиҳати қабул ба марказ озмун эълон гардида, то охири моҳи сентябр идома меёбад. Ба маркази таълимӣ аз минтақаҳои дурдасти кишвар аз 60 то 70 нафар донишҷӯдухтар дар асоси озмун (кори хаттӣ аз забони тоҷикӣ) ҷалб карда шуда, бо шароити зист таъмин гардида, ба таҳсилоти иловагӣ фаро гирифта мешаванд. Барои омода намудани роҳбарзанони оянда аз ҳисоби буҷети давлат маблағҳои зарурӣ, ҷиҳати нигоҳдорӣ ҷудо гардида, донишҷӯдухтарон давоми 4 сол бо идрорпулӣ таъмин карда мешаванд. Таълим ва омӯзиш бо дарназардошти сатҳи умумии инкишофи зеҳнӣ ва қобилиятҳои махсуси онҳо ба роҳ монда шуда, теъдоди қабули донишҷӯдухтарон мутаносибан аз рӯйи минтақаҳои ҷумҳурӣ тибқи нақшаи қабул, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола тасдиқ мегардад, амалӣ мешавад. Роҳбарияти марказ кӯшиш менамояд, ки дар самти роҳбарӣ мутахассисонро аз ҳисоби духтарони болаёқат барои тамоми шаҳру ноҳияҳо омода ва мутаносибан аз рӯйи нақша аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ду ё сенафарӣ қабул мегарданд. Ҳолатҳое низ ба мушоҳида мерасанд, ки аз шаҳру ноҳияҳои банақшагирифташуда ягон нафар барои қабул гардидан муроҷиат намекунанд (аз ҷумла, аз баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Ҷаббор Расулов).
Айни замон дар марказ 210 нафар донишҷӯ дар 13 гурӯҳи академӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз ин шумора 66 нафарашон тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд.
– Дар марказ ба донишҷӯён аз рӯйи кадом фанҳо дарс дода мешавад ва таҳсил чанд солро дар бар мегирад?
– Дар маркази таълимӣ ҷараёни таълим аз рӯйи таҳсилоти иловагӣ (муҳлати таҳсил 4 сол) дар доираи 20 фанни таълимӣ ба роҳ монда шуда, донишҷӯёне, ки барномаҳои таълимии соли таҳсилро пурра аз худ кардаанд, санҷишҳои нимсола ва солонаро бомуваффақият супоридаанд, ба курси дигар гузаронида шуда, бо идрорпулӣ таъмин мегарданд. Ба донишҷӯёне, ки Маркази таълимиро бо баҳои аъло ва интизоми намунавӣ хатм мекунанд, шаҳодатномаи намунаи махсус дар бораи таҳсилоти иловагӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, рӯйхати хатмкунандагони Маркази таълимӣ ба идораи мушовироти кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ворид кардани онҳо ба захираи кадрии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад.
– Оё марказ бо омӯзгорон пурра таъмин аст? Семинару маҳфилаҳо дар марказ чӣ гуна ҷараён мегиранд?
–Дар маркази таълимӣ 24 нафар омӯзгор ба ҳайси соатбайъ қабул гардида, кору фаъолият доранд, ки аз инҳо 2 нафар доктори илм, профессор, 11 нафар номзадҳои илм, дотсент ва 11 нафар муаллими калон мебошанд. Ҷиҳати ба пуррагӣ ба роҳ мондани ташкили раванди таълим марказ тренингҳои омӯзишӣ вобаста ба маҳорату малакаи сарварӣ тибқи нақшаи чорабиниҳоро баргузор менамояд. Баргузории семинарҳо ва тренингҳои омӯзишӣ дар мавзуъҳои «Сарварӣ — баробарии гендерӣ ва иштирок дар қабули қарорҳо», «Нақши сарвар дар рушди ҷомеа», «Асосҳои психологии ташаккули салоҳиятҳои муоширати сарварӣ», «Сиёсати гендерӣ ва оила дар замони муосир» ба донишҷӯдухтарон оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ, таълими ҳуқуқӣ ва менеҷмент, маҳорату малакаи сарварӣ маълумоти судманд медиҳанд. Дар марказ донишҷӯдухтарон бо шароити мусоиди таълиму тарбия ҷиҳати бархӯрдор гардидан аз донишҳои назариявӣ ва амалӣ барои рушди маҳорату малакаҳои роҳбарӣ таъмин буда, бо мақсади дарёфти лаёқатмандон ва рушди малакаҳои сарварӣ, машғулиятҳои гуногун бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа амалӣ карда мешавад.
– Таҳсил дар марказ чӣ тавр роҳандозӣ гардидааст ва фарқияти он аз таълим дар макотибӣ олӣ дар чист?
– Тавре ки дар боло қайд кардем, раванди таълим дар маркази таълимӣ 4 солро дар бар гирифта, тӯли ин муддат донишҷӯдухтарон баробари омӯзиши фанҳои тахассусӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз малакаю маҳорати роҳбарӣ ҳамчун менеҷмент-роҳбар таълим мегиранд. Машғулиятҳо дар маркази таълимӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, дарсҳо тибқи ҷадвали дарсӣ гузаронида мешаванд. Тамоми раванди таълим ба низоми мактаби олӣ мувофиқ, вале теъдоди дарсҳо ва кредит фарқ мекунанд. Дар донишгоҳ дар як рӯз 3 ҷуфт дарс хонанд, дар марказ, дар маҷмуъ, 1,5 соат дарс мехонанд. Солҳои тӯлонӣ ҳамчун омӯзгор фаъолият дорам, аз ин рӯ, ҳаракат намудем, ки бо дарназардошти басти аввал ва басти дуюм дарсҳоро роҳандозӣ кунем. Барои донишҷӯёне, ки дар басти якум таҳсил мекунанд, дарсҳо соати 17:00 оғоз мешаванд ва барои онҳое, ки дар басти дуюм таҳсил мекунанд, дарсҳо аз соати 18:30 шуруъ мегарданд. Таълими 20 фанни таълимӣ ба нақша гирифта шудааст, ки донишҷӯён дар онҳо этикаи сарварӣ, психологияи сарварӣ, идеологияи сарварӣ, хоҷагидории сарварӣ, забонҳои хориҷӣ ва амсоли инҳоро аз худ мекунанд.
Дар баробари ин, ҳар шаб соати 20:30 донишҷӯён дастаҷамъона барномаи ахборро тамошо мекунанд ва аз вазъи сиёсии ҷаҳон огоҳ мегарданд.
– Яке аз роҳҳои вусъатманд намудани фаъолияти марказ ҳамкориҳои муассиса бо дигар ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилоту созмонҳо маҳсуб меёбад. Ҳамкориҳои марказ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ дар кадом сатҳ қарор дорад ва дастовардҳои донишҷӯёнро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Маркази таълимии занон «Сарвар» бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, макотиби олии кишвар ва Маркази педагогикаи гендерӣ ҳамкории қавӣ дорад. Дар ҳамкорӣ бо онҳо омӯзгоронро ҷалб мекунем, семинару машваратҳо доир менамоем, ки ин омил, аз як тараф, сатҳу сифати таълимро баланд бардорад, аз ҷониби дигар, шавқмандии донишҷӯёнро ба омӯзиш бештар мегардонад. Дарсҳо дар марказ дар сатҳи баланд амалӣ мешаванд ва раванди онҳо ҳамеша зери назорат гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки аксари донишҷӯён фаъолу болаёқат мебошанд ва ба ҳар як мавзуъ ва дарс ба таври эҷодкорона муносибат мекунанд. Инчунин, донишҷӯдухтарон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд ва ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Аз ҷумла, соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ду нафар аз маркази таълимӣ ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.
– Меъёри стипендияи донишҷӯён чӣ тавр муайян карда шудааст? Чанд нафар хатмкунандаи марказ ба ҷойи кор таъмин гардида, дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъо­лият доранд?
–Донишҷӯёне, ки дар маркази таълимӣ будубош мекунанд ва таълим мегиранд, бо стипендия таъмин мегарданд ва он вобаста ба таҳсили онҳо тибқи меъёрҳои мактабҳои олӣ муайян карда шудааст. Бояд гуфт, ки маркази таълимӣ салоҳияти ба ҷойҳои кор таъмин кардани хатмкунандагонро надорад, вале дар ин самт бо баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Мо ин масъаларо таҳлил намудем, муайян гардид, ки агар дар 5 сол ба ҳисоби миёна марказро 250 нафар хатм карда бошанд, аз ин шумора тақрибан беш аз 20 нафар дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолияти пурсамар доранд.
– Мусаллам аст, дар ҳар ҷое, ки кор ҳаст, дар он ҷо камбудӣ низ вуҷуд дорад. Мушкилоти марказро дар чӣ мебинед ва барои вусъат бахшидани фаъолияти он чӣ нақшаҳо доред?
– Дар марказ баъзе мушкилот вуҷуд дорад, ки ислоҳи онҳо ба манфиати кор хоҳад буд. Аз ҷумла, толори фарҳанг мавҷуд нест. Бинои марказ низ куҳна аст ва он талаботе, ки мехоҳем, раванди тадрис ва будубошро амалӣ кунем, ҷавобгӯ нест. Дар баробари ин, кӯшиш менамоем, ки бо тадриси пурсамари дарсҳо донишу ҷаҳонбинии донишҷӯдухтаронро вусъат бахшем, омӯзишу таълими фанҳоро тақвият намуда, роҳбарони донишманду болаёқат ва забондонро ба камол расонем, ки дар рушду пешрафти кишвари азизамон хидмати арзанда намоянд.
Шоистаи таъкид аст, ки фаъолияти марказ бавусъату доманадор мебошад ва донишҷӯёне, ки дар он таҳсил мекунанд, донишу ҷаҳонбинии васеъ дошта, пайваста ба омӯзишу мутолиа машғуланд. Бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат гардидем, ки аз шароити зист ва ҷараёни таълим қаноатбахш буданд. Малика Ҳасанова, донишҷӯи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, қайд кард, ки дарсҳо дар марказ дар сатҳи баланд сурат мегиранд ва олимону донишмандони соҳа нозукиҳои менеҷменти роҳбариро ба мо меомӯзанд. Дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русию англисӣ ва технологияи информатсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Афзалияти дарсҳо аз он иборат аст, ки дар марказ дар баробари донишҳои назараявӣ ҷанбаи амалӣ низ такмил дода шудааст. Масалан, ҳар ҳафта, як нафар ба ҷойи директор вазифаи роҳбарро иҷро мекунад, ҳафтаи дигар духтари дигар ба сифати муовини аввали директор оид ба таълим ва муовини директор оид ба тарбия фаъолият мекунад, дар ҷойи омӯзгорон дарс мегузарад, ки хеле ҷолибу диққатҷалбкунанда мебошад.
Мусаллам аст, ки дар ин маркази таълимӣ донишҷӯён аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар ба таълим ва истиқомат фаро гирифта шудаанд, ки аз як тараф, донишу ҷаҳонбинии хешро такмил мебахшанд, аз ҷониби дигар, дӯстиву рафоқати онҳо бештар мегардад. Ба ин мазмун, Ҳалима Мансурова, донишҷӯи курси дуюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Россия, зикр намуд, ки дар маркази таълимӣ дар баробари будубош намудан малакаву маҳорати сарварӣ, забономӯзӣ ва информатикаро меомӯзем. Дар як ҳуҷра 4 нафар аз манотиқи гуногуни кишвар зиндагонӣ мекунем, ки ин омил дӯстиву рафоқати моро бештар мегардонад.
Донишҷӯи факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мафтуна Ализода иброз дошт, дарсҳо ва маҳфилҳое, ки дар марказ роҳандозӣ гардидааст, шавқманду ҷолиб мебошанд. Дарсҳо дар марказ бо истифода аз технологияи муосири таълимӣ мегузаранд ва устодону омӯзгорон паҳлуҳои гуногуни менеҷменти роҳбариро дар сатҳи баланд ба мо меомӯзанд. Ҳар моҳ роҳбарзанон ба марказ меоянд, бо мо дарс ва суҳбатҳо меороянд ва паҳлуҳои гуногуни роҳбариро нишон медиҳанд. Китобхонаи марказӣ низ ғанӣ буда, дар он асарҳои илмӣ, таълимӣ ва бадеӣ бо забонҳои гуногун мавҷуд мебошад. Дарсҳои ҷолиб ва омӯзгорони пуртаҷриба дар марказ ба тадрис машғул мебошанд. Аз ин рӯ, мо, донишҷӯён, кӯшиш мекунем, ки саривақт ба дарсҳо ҳозир шавем ва дар машғулиятҳо фаъол бошем. Зайнаб Сафарализода, донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, қайд кард, дарсҳое, ки дар марказ ҷараён мегиранд, рангину ҷолиб буда, муносибати омӯзгорон бо донишҷӯён фарқкунанда мебошад. Дар дарсҳо мо озодона суҳбат мекунем, андешаву фикрҳои моро гӯш мекунанд ва ҳар саволе, ки ба миён гузошта мешавад, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Дар баробари ин, қисме аз устодону омӯзгорон таҷрибаи роҳбарӣ доранд, ки таъсири он дар раванди дарс бештар эҳсос мегардад.
Ҳоҷимоҳ Нурова, донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, зикр намуд, ки дар марказ моро ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ мекунанд ва имконоти мусоид ва шароити хуб ҳам барои таҳсил ва ҳам барои зиндагӣ мавҷуд аст. Аз ин рӯ, мо кӯшиш мекунем, ки илмҳои муосир, забонҳои хориҷиро аз худ намоем ва дар рушду пешрафти кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳми муносиб гузорем.
Зимни суҳбат маълум гардид, ки аксари донишҷӯёни маркази таълимӣ суханвару сухандон буда, донишу ҷаҳонбинии васеъ доранд ва бо забонҳои хориҷӣ озод суҳбат мекунанд. Ҳангоми аз маркази таълимӣ баромадани соат 19:10 буд ва дарсҳо ҳанӯз идома доштанд ва донишҷӯён бо шавқу рағбат ба омӯзишу мутолиа ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ талош меварзиданд…

Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»