ЗАХИРАҲОИ ТАБИАТРО ҲИФЗ БОЯД КАРД

Захираи оби неругоҳҳои бисёре, ки дар дарёҳо сохта шудаанд, асоси рушду инкишофии иқтисодии давлатро ташкил медиҳад. Неруи яксолаи захираҳои гидроэнергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 527 млрд квт/соатро ташкил мекунад. Аз таҳлили СММ чунин хулосаҳо бармеояд, ки дар дунё 1,5 млрд аҳолӣ ба оби тоза эҳтиёҷманданд. Имрӯз 80 млн нафар одам дар кишварҳои Африқо аз оби ифлос истифода мебаранд ва ин бемориҳои марговарро ба миён овардааст. Дигаргун шудани иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон низ зарар мерасонад, онҳо ҳоло қариб 35 фоизи ҳаҷми худро гум кардаанд.
3 сентябри соли 2009 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалӣ оид ба тағйирёбии глобалии иқлим, ки дар Женева баргузор гардид, дар мавзуи «Проблемаҳои нигоҳдории пиряхҳо ва истифода бурдани самараноки захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ» сухан ронданд. Дуруст истифода набурдани захираҳои обӣ ва партовҳои маишӣ дар ҳаракати мошинҳо бо газ, дар ҳаво паҳн шудани газҳои зараровар, паст ё баланд шудани ҳарорати иқлим, ба табиат таъсири калон расонида истодааст. Тибқи арзёбии коршиносон, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, боиси афзоиши истеъмолгарони об мегардад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар зери таъсири тайғирёбии иқлим 50 фоизи аҳолии ҷаҳон ба хатари норасоии об рӯ ба рӯ мегарданд. Офатҳои табиат ба ҳайвонҳо, растаниҳо таъсири худро расонида, ба талафоти иқтисодӣ ва ҷонӣ сабаб мешаванд. Яке аз роҳҳои тоза кардани табиат мукаммал гардонидани технологияҳои муосир ва кам кардани партовҳо мебошад. Аз ҳавои ифлос нафас гирифтан ба заҳролудшавии организмҳои инсон таъсири ҷиддӣ мерасонад. Чунин ҳолат ба пайдошавии бемориҳои бронхит, варами шуш, саратон сабаб мешавад. Ифлосшавии ҳаво бо таъсири моддаҳои заҳролуд чашми инсонро хира карда, бо торҳои асаб таъсир расонда, кори мағзи сари инсонро суст мекунад.

Ҷасурбек АБДУРАҲИМОВ,
донишҷӯи ДДХ ба
номи академик Б.Ғафуров