ЗИНДАГИИ ОСОИШТА АЗ ОБОДИИ МУҲИТ АСТ

Барои аҳли башар дар қатори улуми дигари ҳаётан муҳими инсоният солҳост, ки илми экология мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дорад, вале дар замони мо аҳамияти ин фан хеле афзудааст ва он аҳамияту моҳияти бештару вусъатмандтаре дарёфтааст. Маълум, ки экология ҳамчун илм муносибати байни организмҳои зинда ва муҳити зисти онҳоро дар маркази омӯзишу баррасӣ қарор медиҳад.
Иртиботи одамон бо табиат дар экология мавзуи меҳварӣ ба шумор меравад. Инсоният дар роҳи мубориза барои ҳастӣ ва ҳаёти шоиста бо қонуниятҳои экологӣ бархӯрд мекунад. Пешрафти босуръату ҳайратовари илму техника ва истеҳсолот (махсусан, дар даҳсолаи охир) ба вазъи экологии сайёра таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дахолати ноогаҳонаву ғайришоиста ва гоҳо ваҳшиёнаи одамон ба табиат ва нодида гирифтани қонуниятҳои он аксаран ба фоҷеаҳои даҳшатбор ва маҳрумиятҳои бесобиқа боис мегардад. Дар саросари ҷаҳон давлатҳои тамаддунпарвар ва созмону ташкилотҳои хайрхоҳ аҳли сайёраро ба муносибати дурусту оқилона доштан бо муҳити зист ва эҳтироми қонуниятҳои табиат даъват мекунанд ва барои тозагии атроф, ҳифзи табиату мавҷудоти он даъват менамоянд. Дар ин ҷода Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паҳнои олам фаъолияти бовусъату муассир ва босамар дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони муосир ҳамчун яке аз муборизони фаъол дар ҷодаи ҳифзи табиат ва таъмини ҳаёти осоиштаю бехатари аҳли сайёра шинохта ва эътироф шудаанд. Пешвои тоҷикон борҳо зимни суханрониҳои худ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба мавзуи экология дахл карда, изҳор доштаанд, ки «Тағйирёбии иқлим дар ҷаҳони имрӯза мушкилоти глобалӣ аст». Яъне дар ин масъала — ҳифзи табиат ва муҳити зист нафаре, кишваре, созмоне дар тамоми ҷаҳон набояд бетараф бошад. Бояд дар ин самт аҳлонаву якдилона ва бо дилсӯзӣ ҳамкорӣ кард. Барои он ки мо имрӯз осуда ва дур аз фоҷеаву хатарҳои экологӣ зиндагӣ дошта бошем ва ба ворисони худ дунёи ободу хуррам ва бедоғеро ба мерос гузорем, бояд ба муҳити зистамон, ба ҳар як гӯшаи сайёра бо дилсӯзӣ муносибат дошта бошем, баҳри сарсабзии табиат ҷидду ҷаҳд намоем. Табиат хонаи мост ва табиат обод бошад, хонаи мо обод аст. Сарвари кишвари мо вобаста ба беҳдошти масоили экологӣ ва шукуфоии муҳити зист дар тамоми олам як қатор ташаббусҳои хайрхоҳона барои кулли ҷаҳониён ба миён гузоштанд. Аз ҷумла, бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи сарфакоронаи оби тоза аз ҷониби СММ якчанд бор тадбирҳои байналмилалӣ эълон карда шуданд, ки чун Даҳсолаҳои байналмилалии ҳифзи оби тоза маъмуланд.
Ҳоло дар тамоми ҷаҳон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» эълон гардидааст, ки низ бо пешниҳоду ташаббуси башардӯстонаи Пешвои тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботманд аст. Тадбирҳое, ки дар доираи ин пешниҳоди дилсӯзона амалӣ карда мешаванд, вазъи экологии сайёраро хеле беҳтар хоҳанд кард. Ҳамчунин, дар СММ ва дар тамоми ҷаҳон ташаббуси навини сатҳи байналмилалии Сарвари кишвари мо дар мавриди ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тоза ва захираи он ва Соли ҳифзи пиряҳо эълон кардани соли 2025 ҳамовозии комил пайдо кард. Ин тадбир низ ҳиссаи барҷастаю манфиатборе дар самти беҳдошти экологии замини сарсабзи мо ва таъмини зиндагии саодатмандонаи мардум хоҳад буд.
Аз байн рафтану маҳв шудани як қатор намудҳои набототу ҳайвонот ва парандагон, вайрон шудани таркиби хок, паҳн гардидани намудҳои алоҳидаи бемориҳо, коҳиш ёфтани ҷангалзорҳо, хушкидани баҳри Арал, кам шудани оби дарёҳо, вуқӯи як қатор ҳодисаҳои пурзиёни табиат (обхезӣ, хушксолӣ, лағзиши пуштаҳо…) ва рухдодҳои монанди инҳо мо – сокинони сайёраро пайваста ҳушдор медиҳанд, ки бо табиат муносибати дурусту хайрхоҳона дошта бошем, ба он таъсири аз андоза берун нарасонем, муҳити зистро тозаю озода нигоҳ дорем. Барои ин бояд, пеш аз ҳама, маърифати экологии ҳамагонро такмил бахшид. Дар муассисаҳои таълимӣ бо ин мақсад бояд дар баробари истифодаи ҳадафмандона аз таълими фанҳои дахлдор (табиатшиносӣ, биология, ботаника, зоология…) чорабиниҳои таъсиргузору пурмазмуни беруназсинфию беруназмактабӣ баргузор кард, дарс-саёҳатҳои ҳадафмандона созмон бояд дод. Баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон бояд ҳамеша дар мадди назари роҳбарони таълимгоҳҳо ва тамоми омӯзгорон қарор дошта бошад.

Марҳабо ЮНУСОВА,
омӯзгори биологияи литсейи №3
барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе