«ТОҶИКОН» – ШОҲКИТОБИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзиши асари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», бахусус, дар синфҳои ибтидоӣ ҳангоми баргузор намудани машғулиятҳои тарбиявӣ аз аҳаммияти вижа бархӯрдор буда, дар тарбияи хештаншиносию ватандӯстии хонандагон нақши муассир мегузорад. Ба шогирдон дар ин зинаи таҳсилот, дар заминаи фаслу бобҳои асари академик Бобоҷон Ғафуров оид ба пайдоиши миллати тоҷик, сулолаю давлатдориҳои аввалини он, ҳуҷуми ғосибонаи арабҳову Искандари Мақдунӣ, темуриёну муғулони чингизӣ, туркони бадавӣ (аз Қарахониёну Қарахитоиҳо то Ғазнавиёну Манғитиён) ба ин сӯ ба таври содаю фаҳмо маълумот дода, шавқи мутолиаи «Тоҷикон»-ро дар дили онҳо бедор бояд намуд. Ба хонандагон тавзеҳ бояд дод, ки ҳар вожаю мафҳуми таърихӣ чӣ маъною моҳият дорад, дар кадом мавзуъ ҳангоми ба вуқуъ пайвастани кадом рухдоди сиёсӣ истифода шудааст. Таври мисол, ба хонандагон дар хусуси давлати Сосониён нақл карда, роҳбари синф аввалқадам бояд вожаи «Сосониён»-ро шарҳ диҳад. Сипас дар бораи бунёдгузори ин давлат – Ардашери Бобакони Сосонӣ маълумот ироа намояд. Ба шогирдон тавзеҳ додан аз фоида холӣ нест, ки маънои луғавии калимаи «Ардашер» бино ба иттилои китоби «Ғиёс-ул-луғот» шери хашмгин мебошад. Давлати Сосониён яке аз давлатҳои пуриқтидортарини форсу тоҷик ба ҳисоб рафта, 400 сол арзи ҳастӣ намудааст. Ҳамзамон, бо истифода аз китоби «Тоҷикон» дар бораи хонадони Сомониён ва таъсиси давлати абарқудрату паҳновари тоҷикон, ки давраи тараққиёти пуравҷи он ба подшоҳии Исмоили Сомонӣ рост меояд, муфассал сухан ронда, таъкид менамоем, ки маҳз дар ин давра илму адабиёт ва санъат ба қуллаи баланд расида буд. Дар ин давра адабиёти тоҷик рушду такомул ёфта, дар саргаҳи назми оламшумули он Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ меистод. Ба вуҷуд омадани ҳамосаи бузурги ватандӯстӣ – «Шоҳнома»-и безавол аз ҷониби Ҳаким Фирдавсӣ, осори пурмуҳтавои олимони забардаст, ки ҳамзамон, рисолати шоириро бар уҳда доштанд – Синову Хайём гардиши куллие дар адабиёти тоҷик ба шумор мерафт.
Ба шогирдон, инчунин, дар хусуси қаҳрамонию шуҷоати диловарони тоҷик, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми аҷдодӣ сина сипар карда, нагузоштаанд, то душманони ғосиб ба ин сарзамин қадам гузоранд, бо истифода аз «Тоҷикон» маълумоти батафсил метавон дод. Муборизаҳои ватандӯстонаи Абумус­лим, Сумбоди Муғ, Муқаннаъ бар зидди арабҳо, Маҳмуди Торобӣ, Сарбадорон, Темурмалик алайҳи муғулони чингизӣ ва ғайра бозгӯйи онанд, ки миллати сарбаланди тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ ғуломиро таҳаммул накардааст ва иззату шарафи миллии худро паст назадаасту ҳифзи ватанро муқаддасу аз ҳама авлотар донистааст. Тафсиру тавзеҳи боби шашуми «Тоҷикон» ба таври содаву фаҳмо ба хонандагони синфҳои поёнӣ аз аҳаммият холӣ нест. Ба хонандагон тавзеҳ бояд дод, ки бо иқдому дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ озмуни «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар ҳошияи асари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор мегардад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои хидматҳои мондагори таърихияш ба аллома Бобоҷон Ғафуров унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд, ки шаҳодати арҷгузорӣ ба ин фарзанди барӯманди миллат ба шумор меравад.

Саёдат МАЙДОНОВА,
омӯзгори мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати
ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев