БОНУИ РИЁЗИДОН

Лутфия Раҷабова баъди хатми мактаби миёнаи №60-и шаҳри Душанбе донишҷӯи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) гардид.
Мутолиаи донишҷӯи ҷавон хеле доманадор буд. То нимашабҳо, баъзан то субҳ китоб мехонд…
Баъди хатми донишгоҳ ӯ муддати се сол (1984-1987) аспиранти Донишго­ҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) буд. Таҳти роҳбарии олими варзида А.И. Янушаускас ба тадқиқоти илмӣ шуруъ намуд. Аспирантураро бо пешниҳоди рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Тасвири бисёрнамудии ҳалҳо ва масъалаҳои канорӣ барои баъзе системаҳои муодилаҳои таназзулёбанда» хатм ва соли 1988 рисолаи илмиро дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои физи­каю математика гардид. Баъди хатми аспирантура дар Институти политехникии Тоҷикистон, ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи математикаи олӣ фаъолият намуд.
Дар фаъолияти минбаъдааш тадқиқи муодилаҳои дифференсиалӣ ва интегралӣ, бахусус, муодилаҳои интегралии дученакаи намуди Волтерра бо махсусиятҳо дар сарҳади соҳа диққати ӯро зиёдтар ҷалб намуд. Аз ин рӯ, ӯ тасмим гирифт, ки дар ин замина корҳои таҳқиқотиашро идома диҳад. Мавзуи интихобшуда яке аз масъалаҳои муҳим ва тадқиқнашудаи соҳаи математика буда, дар илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дорои татбиқи зиёд мебошад. Лутфия Раҷабова рисолаи докториашро дар мавзуи «Сохтани ҳалҳои аниқи як синфи муодилаҳои дученакаи интегралии намуди Волтерра бо махсусиятҳо дар сарҳади соҳаи интегронӣ» (соли 2008) дифоъ кард.
Аз соли 2011 то соли 2015 дар вазифаи муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ адои вазифа намуда, барои пешбурди корҳои таълим, тарбия ва илм саҳми муносиб гузошт.
Соли 2015 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун як зани тоҷик дар ҳамоишҳои зиёди байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст.
Фаъолияти илмии ӯ доманадору густурда буда, мавсуф бо маърӯзаҳои илмӣ дар конгрессу конференсияҳои байналхалқӣ суханронӣ намудааст.
Муаллифи зиёда аз 130 мақолаи илмӣ, таълимӣ-методӣ ва 3 монография мебошад. Дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст. Таҳти роҳбарии Л.Раҷабова 6 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика шудаанд.
Барои хидматҳои шоистааш дар соҳаи маориф бо ордени «Шараф», дараҷаи 2, медали «МПА СНГ. 25 лет», Ифтихорномаи Фахрии «Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳо-аъзои ИДМ», нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст. Барои дастовардҳои илмӣ соли 2011 ӯро ба Ҷоизаи Федератсияи умумиҷаҳонии олимон сазовор донистаанд.

Қ. ДАМИНОВА,
Н. КАРИМОВА,
устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ