тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ», Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамал оид ба гузаронидани экспертиза (ташхис ва баҳодиҳӣ)-и китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ, маводи дигари таълим барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи маориф миёни олимон, муҳаққиқон ва омӯзгорон оид ба таълифи китобҳои дарсии фанни зерин озмун эълон мекунад:
1. Китоби дарсии «Астрономия» барои синфи 10;
2. Китоби дарсии «Астрономия» барои синфи 11.
Мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, бояд ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ», Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамал оид ба гузаронидани экспертиза (ташхис ва баҳодиҳӣ)-и китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва маводи дигари таълим барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, «Низомномаи намунавӣ оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи маориф ҷавобгӯ бошанд.
Номгӯйи ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун:
– маълумот дар бораи иштирокчии озмун (насаб, ном ва номи падар (пурра);
– дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (агар бошад);
– номи муассисае, ки дар он иштирокчии озмун кору фаъолият менамояд;
– вазифаи ишғолнамуда;
– собиқаи корӣ дар соҳаи маориф;
– дар таҳия ва ё таълифи кадом барномаи таълим ва китобҳои дарсии дар боло номбаршуда иштирок менамояд;
– телефон, e-mail.
Эзоҳ: Бо нафарони дар озмун ғолибомада шартномаи дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Комиссияи тадорукотии озмуни таълифи барнома ва китобҳои дарсӣ дар муҳлати 30 рӯзи баъди чопи эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.
Нишонии комиссияи тадорукотии озмун: ш. Душанбе, кӯчаи А.Адҳамов, 11/2, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.
Телефонҳо барои тамос: 227-46-00; 2 27-45-25.
Нишонии электронӣ: prmatt@mail.ru