ЗАМИНАИ БОЭЪТИМОДИ РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ зиёд шудани шумораи хонандагону донишҷӯён ва магистрантон дар низоми маорифи кишвар ва дар ин раванд ба маротиб афзудани маблағгузории соҳа аз буҷети мамлакат аз пешрафти соҳаи маориф ва илм далолат медиҳад. Дар давоми ин солҳо соҳаи маорифи кишвар ба низоми байналмилалии маориф шомил гардид.
Дар самти тадбиқи сиёсати давлатии Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи маориф нақши асосиро муассисаи ваколатдори соҳа — Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
Новобаста ба мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фазои ноороми солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ба таври доимӣ аз ҷониби Роҳбарияти кишвар ҷиҳати пешрафти соҳаи мазкур маблағҳои зиёд ҷудо карда мешавад. Танҳо соли ҷорӣ барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 14 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи буҷети солонаи давлатиро ташкил медиҳад. Рақамҳои мазкур шаҳодат аз дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи маориф аз ҷониби Ҳукумати мамлакат медиҳад. Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ дар саросари мамлакат 3240 муассисаи нави таълимӣ бо 1 миллиарду 400 ҷойи нишаст таъсис дода шуд. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 200 ҳазор нафар толибилм ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Айни ҳол қариб 70 дарсади муассисаҳои мамлакат иншооти даврони соҳибистиқлолӣ буда, таҳти сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат бино ёфтааст.
Ба шарофати сулҳу суботу оромӣ ва чораҷӯии саривақтии Давлату Ҳукумат дар кишвар муассисаҳои таълимии типи нав ба мисли литсей, гимназия, мактаби Президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва мактаб барои хонандагони болаёқат таъсис дода шуда, дар тӯли 30 сол 173 муассисаи нави ин тип ба истифода дода шуд.
Таълимоти томактабӣ низ дар кишвар фаъол буда, 196 муассисаи таълимии томактабии хусусӣ ва давлатӣ дар давоми ин солҳо сохта шуданд, ки ба тарбияту таълими кӯдакони синни томактабӣ машғул аст. Дар ин гуна муассисаҳо 150 ҳазор нафар ба таълиму тадрис машғул мебошанд.
Дар баробари ҳамаи ин дастгириҳо танҳо дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ бо мақсади дастрас намудани хонандагону омӯзгорон бо маводи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ 25 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди беш аз як миллион нусха аз чоп бароварда шуда, ба хонандагон тақдим карда шуд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисос ва соҳибтаҷриба қисман ҳал гардида, дар ин замина чандин муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ таъсис ёфтанд. Айни ҳол дар 144 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 120 ҳазор нафар таҳсил доранд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонону наврасони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, зиёд гардида, дар оғози соли таҳсили 2021-2022 шумораи онҳо 42 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки онҳо дар 25 кишвар таҳсил намуда истодаанд.
Саҳми омӯзгорон дар рушди соҳаи маориф назаррас буда, хизмати содиқонаву пурмасъулияти онҳо дар тарбияи кадрҳои ояндасози миллат, пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар умум, ба рушди устувори кишвар ва боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Зимни таҳлили соҳаи маориф ва илм Пешвои миллат аз ибораҳои «маорифи миллӣ» ва «илми миллӣ» васеъ истифода мебаранд. Дар шароити имрӯза низоми таҳсиле, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол аст, бояд бо кадрҳои баландихтисос таъмин карда шавад. Ин нуктаро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд».
Ҷиҳати ба технологияи муосири ҷаҳонӣ дастрас намудани хонандагону донишҷӯён ва ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намояд.
Инчунин, барои пешрафти илм ба олимони ҷавон маслиҳатҳо дода, Роҳбари давлат қайд карданд, ки олимон бояд асосан дар соҳаҳои фаъолияти худ ба пешниҳоду навовариҳо дар соҳаҳои пешрафти «иқтисоди миллӣ» ва «энергияи сабз» ва дар ин раванд омӯзиши омилҳо ва манбаъҳои асосии пешрафти ин соҳаҳо дар шароити кишвари мо диққати махсус зоҳир намоянд.
Олимони ҷомеашинос бояд барои нишон додани урфу одат, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти худ дар арсаи ҷаҳонӣ кӯшиш намуда, рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври бояду шояд иҷро намоянд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ Давлат ва Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф такя намуда, барои рушди он ҳамаи кӯшишҳоро равона намуда истодааст. Дар чунин ҳолат донишҷӯёнро зарур аст, ки аз илмҳои нав огаҳ бошанду забонҳои хориҷиро аз худ намоянд ва барои ҳамчун кишвари мутамаддин муаррифӣ намудани Ватани худ саҳмгузор бошанд.
Маориф дар фаҳмиши васеи имрӯза яке аз масъалаҳои ҳаётӣ ва глобалии асри ХXI мебошад. Инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини аҳамияти милливу давлатӣ ва умуман, ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, техникаву технология, илму фарҳанг, пеш аз ҳама, ба рушди босуботи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон ва пай дар пай такмил додани самтҳои гуногуни идоракунии соҳаи маориф вобаста мебошад.

Абдулвоҳид АБДУЛҲАЕВ,
омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон