ТАРҒИБИ КИТОБ ДАР СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Хеле фараҳбахш ва нишотафзост, ки солҳои охир аҳли кишварамон ҳар чи бештар рӯ ба китоб меоваранд. Ба китоб эътиқоду эътимод бастан маънои маърифатманду соҳибхирад ва неруманду тавоно буданро дорад. Маълум, ки ҷомеа ҳар қадар гаравиш ба адабу маърифат дошта бошад, ҳамон қадар пешраву муваффақ хоҳад буд.
Ба китоб муҳаббату иртиботи рӯзафзун пайдо кардани аҳли кишвари мо, пеш аз ҳама, аз ҷонибдории ҳамагонӣ дарёфтану бомуваффақият татбиқ гардидани сиёсати хирадбунёду маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Сарвари кишварамон китобро «сарчашмаи маърифат» ва «боэътимодтарин раҳнамои инсон» номидаанд ва даъват кардаанд, ки ҳар як сокини ҷумҳурӣ бояд ҳадди ақал соле панҷ китоб мутолиа намояд.
Маълум, ки ҳама чиз дар одам аз овони кӯдакии ӯ ибтидо мегирад ва минбаъд ташаккул меёбад. Амалҳои некро дар насли наврас бояд аз зинаҳои аввали таҳсилот талқин карду биомӯхт. Мегӯянд, ки одат тадриҷан ба табиат табдил меёбад ва ё ба ифодаи шоир бигӯем, «Одат чу қадим шавад, табиат гардад». Кӯдаконро аз зинаи аввали таҳсилот ба китобдӯстию китобхонӣ ҳидоят бояд кард. Аслан, ба ин амал онҳоро бояд ҳанӯз дар оилаву кӯдакистонҳо ҳидоят намуд.
Дар зинаи аввали таҳсилот (синфҳои 1-4) ба хонандагон бояд дар ҳар як дарс ва ҳар рӯз дар бораи китобу китобхонӣ сухан гуфт. Ин суханон набояд якрангу дилбазан бошанд, бояд хурдсолонро ҷалб карда тавонанд, барояшон муассиру дилпазир бошанд. Дар нахустдарси ҳар рӯзи таҳсил як китобчаи нави бачагонаро ба хонандагон муаррифӣ кардан, порае аз он китобро нақл намудан як навъ анъанаи таъсиргузоре хоҳад буд барои ҷалби шогирдон ба китобхонӣ. Умуман, бо мақсади тарбияи хонандагон дар руҳияи китобдӯстӣ ва эҳтиром ба ин сарчашмаи дониш дар мактаб чунин амалҳоро сомон бахшидан манфиатовар ва ҳадафгир хоҳад буд:
1. Оро додани синфхона ва долонҳои таълимгоҳ бо шоҳбайтҳо ва гуфтаҳои ҳикматрези бузургон, аҳли илму адаб дар ситоиши китоб.
2. Таҳлили мухтасари гуфтори шоиру нависандагон ва шахсиятҳои маъруф доир ба аҳамияти китобхонӣ. Ин амалро дар синфҳои поёнӣ метавон бо шоҳбайти маъруфи зерин оғоз бахшид:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
3. Оростани маҳфили озод бо хонандагон вобаста ба ин ё он китоби хондаашон. Хонандагон бо ҳидояту роҳбарии омӯзгор лаҳзаҳоеро, ки барояшон муассир гаштааст, нақл мекунанд, қаҳрамонони китобро номбар менамоянд.
4. Ташкили вохӯрӣ бо муаллифони китобҳо – адибон. Ин кор барои хурдтаракон хеле шавқбахшу хотирмону таъсиргузор аст, муҳаббату алоқамандиашонро ба аҳли эҷод, ба китоб афзун мекунад.
5. Ироаи маълумот дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст». Ба хонандагон аҳамият ва шартҳои ин озмунро шарҳ додан лозим аст. Онҳоро барои иштирок ба озмун ҳидоят бояд кард. Хуб мешавад, ки дар ин зимн бо як ё якчанд ғолиби озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мулоқот баргузор карда шавад.
6. Ба роҳ мондани иштирок ва суханронию шеъргӯии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ҷашнвораҳо ва маҳфилҳои умумитаълимгоҳӣ. Ҳамчунин, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар «Ҳафтаи китоб»-и мактаб.
7. Ҳангоми таътилҳо ба шогирдон супоридани рӯйхати китобҳое, ки бояд дар ин давра мутолиа намоянд…
Чунин чорабиниҳо метавонанд барои ҷалби таваҷҷуҳи шогирдон ба китобу китобхонӣ нақши муҳим бибозанд ва ҷодаи маърифати онҳоро мунаввар бисозанд.
Мастона ҲАИТОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ,
ноҳияи Айнӣ