ОМИЛИ ПЕШБАРИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Яке аз масъалаҳои муҳим дар соҳаи маорифи кишвар такмили мазмуну муҳтавои китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Мусаллам аст, ки барои рушди соҳаи маориф, бахусус, баланд бардоштани сифати таҳсилот китобҳои дарсии аз ҳама ҷиҳат ҷавобгӯ ба ниёзи ҷомеа ва унсурҳои давлатдории миллӣ нақши бориз дошта метавонад. Ба ин хотир роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати таҳия ва нашри китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамеша чораҳои муассирро роҳандозӣ менамояд.
Агар дар соли 2022 аз ҷониби вазорат 55 номгӯй китоби дарсӣ (46 номгӯй барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони давлатӣ, 7 номгӯй бо забони русӣ ва 2 номгӯй бо забони ӯзбекӣ) ба миқдори умумии 4 млн 763 ҳазору 188 нусха нашр шуда бошад, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нашри 25 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 2 млн 265 ҳазор нусха ба роҳ монда шудааст. Айни замон нашри 30 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди умумии 1 млн 367 ҳазор нусха мавриди чоп қарор дошта, 11 номгӯй бо теъдоди 530 ҳазор нусха пурра ба чоп омода аст. 24 номгӯйи дигар, ки бояд ба теъдоди 880 ҳазор нусха нашр шавад, дар баррасӣ ва арзёбии муассисаҳои экспертӣ қарор дорад. Илова бар ин, 3 номгӯй китоби дарсӣ, ки теъдоди умумии нашри онҳо 140 ҳазор нусха мебошад, аз ҷониби муассисаи нашриявии «Маориф» ба чоп омода шуда истодааст. Яъне то анҷоми соли 2023 68 номгӯйи дигари китобҳои дарсӣ ба теъдоди умумии 2 млн 917 ҳазор нусха чоп хоҳанд шуд.
Дар соли 2022 аз ҷониби Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон 183 номгӯй китоби дарсӣ (144 номгӯй бо забони тоҷикӣ, 26 номгӯй ба забони русӣ, 10 номгӯй ба забони ӯзбекӣ ва 3 номгӯй ба забони қирғизӣ) ба миқдори умумии 4 млн 94 ҳазору 582 нусха ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ 138 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 3 млн 988 ҳазору 557 нусха ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои дигари таълимӣ дастрас гардонида шудааст.
Дар ин давра барои таҳия ва тарҷумаи китобҳои дарсӣ ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ низ тадбирҳои назаррас роҳандозӣ гардид. Аз он ҷумла, соли ҷорӣ тибқи «Нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркмании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2023 – 2024», ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, нашри 16 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русӣ, 16 номгӯй ба забони ӯзбекӣ, 12 номгӯй ба забони қирғизӣ ва 4 номгӯй ба забони туркманӣ дар назар дошта шудааст.
Бояд зикр кард, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо китоби дарсӣ, ҳамзамон, ҷиҳати бознигарии мазмуну муҳтавои онҳо низ иқдомҳои зиёдеро роҳандозӣ мекунад.
Имрӯз бо дарназардошти шароити ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ аз маориф ҳамчун омили муҳимми таъмини амнияти миллӣ татбиқи методологияи таълифи китобҳои дарсии насли нав тақозо карда мешавад. Дар ин росто Вазорати маориф ва илм ва зерсохторҳои он, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ барои дар асоси дастовардҳои навтарини илму технологияи муосири ватанию хориҷӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ, педагогикаи миллӣ ва ҷаҳонӣ таълиф ва таҳия шудани китобҳои дарсӣ тадбирҳои зиёде роҳандозӣ шуда истодааст. Ҷиҳати тақвият бахшидани раванди ташхису арзёбии ҳамаҷонибаи китобҳои дарсӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зерини ислоҳотӣ роҳандозӣ карда шуданд:
Якум, аъзои гурӯҳҳои ҳамоҳангсози Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд ҳамчун ниҳоди экспертизаи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд, аз ҳисоби омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олимону донишмандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз нав интихоб карда шуданд.
Дуюм, дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бори нахуст аз ҳисоби омӯзгорону устодони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Шурои экспертизаи касбии адабиёти таълимӣ таъсис дода шуд.
Сеюм, дар сохтори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон раёсати таҳия, ташхис ва тақризи адабиёти таълимӣ таъсис дода шуд. Дар баробари ин, ҳар як шуъбаи пажуҳишгоҳи мазкур вобаста ба самти фаъолият бевосита барои арзёбии мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ вобаста карда шудааст.
Чорум, вобаста ба ворид шудани тағйирот ба механизми таҳия ва ташхис (экспертиза)-и адабиёти таълимӣ, ворид намудани дигаргуниҳои сохторӣ дар ниҳодҳои номбаршуда лоиҳаи санади меъёрию ҳуқуқии «Тартиби муайян кардани теъдоди нашри адабиёти таълимӣ, тасдиқи нашри китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва маводи таълимию методӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълим барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот» дар таҳрири нав таҳия карда шуда, айни ҳол дар баррасии мутахассисон қарор дорад.
Панҷум, бо мақсади холисона ва бо дарки масъулият анҷом шудани раванди ташхис (экспертиза) ва тақризи китобҳои дарсӣ барои муқарризону ташхисгарон аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи қалам муайян карда шуд.
Шашум, ҳаққи қалами муаллифони адабиёти таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ дар қиёс ба андозаи муқарраргардида бамаротиб зиёд карда шуд.
Ҳафтум, дар ҳошияи дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба бознигарӣ шудани мазмуну муҳтавои адабиёти таълимӣ ва дар заминаи руҳияи миллӣ таълиф кардани китобҳои дарсӣ 6-уми июни соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти умумии №65-и шаҳри Душанбе дар мавзуи «Идеологияи миллӣ ва такмили мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ» бо иштироки кормандони масъули сохторҳои Вазорати маориф ва илм, муаллифони китобҳои дарсӣ, аъзои гурӯҳҳои экспертизаи касбӣ ва экспертизаи ҷамъиятии адабиёти таълимӣ ҷаласаи машваратӣ баргузор карда шуд.
Илова бар ин, соли ҷорӣ танҳо дар ҷаласаҳои Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 маротиба масъалаи бознигарии мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсии фанҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати ислоҳи вазъ масъулин вазифадор карда шудаанд.
Бояд гуфт, ки тадбирҳои роҳандозишуда барои ба низоми муайян даромадани раванди таҳия ва ташхиси китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.
Таҳия ва нашри китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз масъалаҳои меҳварии соҳаи маориф дар ҳама давру замон буда, минбаъд низ бознигарии барномаҳои таълимиву китобҳои дарсӣ бо дарназардошти талаботи рӯз ва дигаргуниҳои маориф ва илм, ҳамзамон, мутобиқ сохтани мазмуну муҳтавои онҳо бо ислоҳоти соҳа ва навгониҳои илм аз идомаи тадбирҳои амалишаванда дар ин самт дониста мешавад.
Фаридун РАҲМОНЗОДА,
корманди Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ,
илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон