МУҚОВИМАТИ ҶАВОНОН БО ТАХРИБКОРОН

Ҷомеаи муосирро торафт шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла, терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ сахт ба ташвиш овардааст. Ҳамчунин, таҳмили ғояҳои тундгароёна ба афкори ҷавонон ва мавҷудияти ба истилоҳ «гурӯҳҳои хуфта»-и ифротиву террористии байналмилалӣ аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти кишвар маҳсуб меёбанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, бо хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир рӯ ба рӯ гашта, то ҳоло аз таҳдиди амалҳои гурӯҳҳои террористиву тундгаро, ки ба амнияти кишвар хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд, раҳо наёфтааст.
Нақши ҷавонон, ки табақаи асосӣ ва созандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, дар таҳкими сулҳу субот, муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва рушду тараққиёти кишвар хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Имрӯз, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд.
Бояд хотиррасон кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии худ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, кишвари моро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифта, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, даҳҳо ҳазор шаҳрванди бегуноҳ, аз ҷумла, занону кӯдакон ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд. Ҳамчунин, ҳазорҳо хонаи истиқоматӣ сӯзонда, садҳо корхонаву коргоҳ комилан нобуд гардиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои ҷаҳон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, чун Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамкории судманд менамояд. Ҳамчунин, кишвари мо бо сохторҳои минтақавӣ чун Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкорӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, сифати таҳсилот дар соҳаҳои илму маориф диққати ҷиддӣ медиҳад. Зеро дар шароити имрӯза таъмини сулҳу субот ва амнияти давлат аз соҳаҳои илму маориф вобастагии бузург дорад. Ин масъала дар моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» зикр шудааст: «Паст шудани сифати таҳсилот ва неруи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мегардад».
Аз ин ҷост, ки бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот таҳдид ба амнияти давлат маҳсуб мешаванд. Барои рушди давлату ҷомеа омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва касбу ҳунар роҳи дурусти муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб мешаванд.
Ба хотири ҷалби бештари наврасону чавонон ва омӯзгорону олимони ҷавон ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мешавад.
Тайи солҳои охир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон, алалхусус, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, худшиносиву худогоҳӣ озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор шуда истодааст.
Имрӯз технологияҳои муосири иттилоотӣ дар баробари осон намудани фаъолияти корӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, ҳамчунин, шаклу намудҳои гуногуни расондани хатару зарарро ба худи инсоният эҷод менамоянд.
Ҳоло истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ дар кишвар зиёда аз 4,5 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Бештари онҳо ҷавонон мебошанд, ки ба ин восита фирефтаи гурӯҳҳои ифротиву тундгаро мешаванд.
Аз ин лиҳоз, ҷавонони кишварро мебояд ҳангоми ворид шудан ба фазои интернетӣ ҳамеша бомаърифату бомулоҳиза, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои кишвар омода бошанд. Зеро манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат аз дигар манфиатҳо волотару афзалтар маҳсуб меёбанд.
Фирӯз ҲОШИМОВ,
муаллими калони кафедраи
ҷомеашиносии ДИС ДДТТ