БАНД БАР ПО НЕСТ, БАР ҶОНУ ДИЛ АСТ

МАНФИАТИ ДАВЛАТ ВА ҶАҲОНБИНИИ ТОҶИКМЕҲВАР
Масъалаи матраҳнамудаи профессор С. Ятимов дар мақолаи «Эҳёи миллат-бақои давлат», («Ҷумҳурият», №171(24782) аз 24.08.2023) масъалаи доғи ҷомеашиносии мо ва аз муҳимтарин вазифаҳои давлати миллӣ дар шароити соҳибистиқлолӣ, хоса, марҳалаи аввали таҳқими истиқлол ва ташаккули тафаккури давлатдорист.
Ҷаҳонбинии тоҷикон дар имтидоди садсолаҳо мутобиқ ба майл ва манфиати гурӯҳҳои ҳоким ва давлатҳои мавҷуд дар ин хитта шакл гирифтааст. Дар меҳвари ин манфиат хидмат ба дини расуллуллоҳ таблиғ шуда, ки саранҷоми мунҳал шудани садҳо қавму қабила ва ташаккули уммати воҳид буд. Дар айни ҳол, бояд гуфт, ки ягона мақсади гурӯҳҳои ҳоким нигаҳ доштани қудрати сиёсӣ дар қабзаи худ аз тариқи додани имтиёз ба гурӯҳҳои мазҳабӣ ва руҳониёни имтиёзталаб буд.
Миллатҳои боиззати олам дар дунёи имрӯз иқтидорро айни манфиати миллӣ, фароҳамкунандаи заминаи иқтисоди миллӣ ва маишати иҷтимоӣ медонанд. Ба ин далел аст, ки иқтидоргароӣ то ҳанӯз ҳам меҳвари сиёсати кишварҳои қудратмандро ташкил медиҳад.
Бинобар ин, таърифи дурусти манфиат ва вазифаи давлат дар шароити муосир, ки муаллиф ба он пардохтааст ва таваҷҷуҳи ҷомеа ва ҳавзаи илмиро ҷалб намудааст, бисёр амри муҳим аст. Масъалаи дигар, вазифаи давлат дар шароити муосир аст, ки дар мақола мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Албатта, таърифи классикии давлат ва вазифаву уҳдадориҳои он собитшуда ва қобили баҳс намебошад. Аммо муҳим ин аст, ки аз замони тарҳи назарияи давлат дар фаҳмиши мутафаккирони Юнону Рум ҳазорсолаҳо сипарӣ шуда, дар тӯли таърих давлатҳо вазифаҳои бисёри дигареро ҳам анҷом додаанд.
Бидуни шак, дар таърифи классикии давлат танзими муносибатҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа, таъмини зиндагии осоишта, тақсимоти дурусти салоҳият ва сарватҳои миллӣ, таъйини меъёрҳои ҳуқуқ аз вазифаҳои аслии дастгоҳи идораи ҷомеа ва ё давлат аст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба он ҳаводиси таърихи ду ҳазор соли охир, пайдоиши динҳо ва низоъҳои динӣ, ҷанги давомдори тамаддунҳо, равандҳои ҷаҳонсозӣ аз ҳуҷумҳои Искандар то ишғолу қатлу ғорати арабу муғул ва аз он ба баъд то имрӯз; несту мунҳал шудани садҳо, балки ҳазорон қавму қабилаву забону миллату мамлакат вазифаи давлати миллииро тағйир додааст. Аз ин нигоҳ, вазифаи аслии давлати миллӣ дар шароити пешрафти ҷаҳонии технология ва ҷаҳонисозӣ ва балъидашавии фарҳангҳо ҳифзи фарҳанги миллии «он кишваре мебошад, ки ба он номниҳод ё номгузорӣ гаштааст». Вазифаи аслӣ ва уҳдадории байналмилалии як давлати миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, ҳифзи танаввуъи фарҳангии ҷомеаи башарӣ аст. Давлатҳои миллӣ вазифаи таърихӣ доранд, ки танаввуъ ё гуногунрангии фарҳанг ва ҷомеаи башариро ҳифз кунанд.
Яъне манфиати мо дар шароити кунунӣ бояд ҳифзи фарҳанги миллии худ бошад, ба ибораи дигар, манфиати мо дар шароити муосир бояд дар тоҷикмеҳварӣ бошад. Бояд зикр намуд, вақте мо тоҷик мегӯем, як фарҳанг ва як тамаддунро дар назар дорем, на як миллатро дар фаҳмиши классикии он. Аз ҷониби дигар, давлат вазифадор аст, тарзи ҷаҳонбиниеро, ки барои пойдории давлат ва дурнамои бақои он дар дарозмуддат зарур аст, фарогир кунад ва ба фарҳанги миллӣ табдил созад.
ҶАҲОНБИНӢ ВА СОХТОРИ ҚОНУНӢ
Масъалаи бисёр муҳим ва нигаронкунандае, ки профессор С. Ятимов ба он таваҷҷуҳ намудааст, «номутаносибии ҷаҳонбинӣ»-и гурӯҳҳои иҷтимоӣ «бар зарари меъёрҳои конститутсионӣ» аст ва суол мегузорад, ки чӣ бояд кард? Дар воқеъ, кам андар ками аъзои ҷомеа, мақомдорон, хусусан, зиёиёнро ин масъала нигарон мекунад. Худи бетаваҷҷуҳии олимон ва зиёиёни миллӣ ба ин масъала қобили нигаронии ҷиддӣ аст. Ин маънои онро дорад, ки мо ба ояндаи худ ва давлати миллии худ бетафовут назар мекунем.
Аслан, қабули Конститутсияи миллӣ ва ҷой гирифтани мафҳум ва усулҳои «демократӣ», «ҳуқуқбунёдӣ» ва «дунявӣ» дар он чунин маъно дорад, ки зимни қабули Конститутсия ҳамин мафҳумҳо барои миллат ба арзиш табдил шуда буданд ва тарзи тафаккури ҷомеа дунявӣ ва демократӣ буд, таносуби ҷаҳонбинӣ ба манфиати арзишҳои миллӣ қарор дошт. Ҳоло барои қишрҳои ҷомеаи арзишгаро мавҷудият ва амали ҳамин Конститутсия муҳим ва асосӣ мебошад. Вазифаи ҷонии андешамандони миллӣ ҳифз ва таблиғи ҳамин арзиш ва усулҳои конститутсионӣ аст.
Профессор С. Ятимов масъаларо бо равиши илмӣ ва бо мисолҳои таърихӣ баён намудааст. Аммо бояд гуфт, ин вазифаи рӯшанфикрон ва донишмандони миллӣ аст, ки онро бо сароҳати лаҳҷа ва шеваи оммавӣ барои ҷомеа ва масъулин бирасонанд.
Ҳамин ҷо бояд боз ба масъалаи мафҳуми манфиат ва иртиботи он ба рушди навъи ҷаҳонбинӣ низ як бори дигар таваҷҷуҳ намуд. Давлат бояд аз салоҳияти худ дар тақсими вазифа ва сарватҳои миллӣ ба нафъи густариши ҷаҳонбинии миллӣ кор бигирад. Яъне касе, ки ҷаҳонбинии илмӣ, дунявӣ ва миллӣ дош­та бошад, бояд ба ӯ имтиёз дода шавад, то ҷаҳонбинӣ ба ӯ аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ манфиат биорад, ҷаҳонбиниро тавъам бо манфиати худ бубинад. Ва дар навбати худ ин боиси ташвиқи афроди дигари ҷомеа барои пайравӣ аз ин навъи ҷаҳонбинӣ хоҳад шуд. Аммо агар мо талаби озодандешӣ ва ҷаҳонбинии миллиро аз як гурӯҳ дошта бошем, вале сарватҳои миллӣ ва вазифаи ҷомеасозиро дар дасти гурӯҳи дигар қарор бидиҳем, натиҷаи матлуб нахоҳем гирифт.
Агарчи дар тӯли таърих ҳокимони қаламравҳои зиёде тоҷик буданд, роҳбарони давлатҳо тоҷик, аммо моҳияти ҳамаи он давлатҳо, бидуни истисно динӣ буд, қонуни ҳамаи он давлатҳои таърихӣ ҳукми шариат буд. Маҳз рушди тафаккури ғайримиллӣ ва динӣ, ки дар ҷомеа ҳоким шуд, боиси суқути давлати Сомониён гашт. Ҳамон тафаккури ҳокими динӣ ба руҳониён иҷоза дод, то ҳукм кунанд, ки арзиши Сомониён ва Қарохониён дар ченаки ин тафаккур фарқе надорад, ҳарду мусулмонанд. Шарт нест, ки тафаккур ифротӣ бошад, ки барои ҷомеа ва давлати миллӣ хатар эҷод кунад. Балки ифротият марҳилаи билфеъли хатар маҳсуб мешавад, ҳар гуна тафаккури динӣ бошад, хатари билқувва аст, вақте ба сатҳи ифротӣ рушд мекунад, ба хатари билфеъл ё амалӣ табдил мешавад. Ҳамин тавр, Сомониён аз ноҳияи ҷаҳонбинӣ ва тафаккур таҳдид ва хатар ба амнияти миллии худро пешбинӣ ва онро рафъ карда натавонис­танд. Ин хатар ҳоло ҳам таҳдид мекунад, таърих метавонад такрор шавад.
Ин ҷо мушкил дар он аст, ки ислом ба маънои классикии калима дин нест, балки таълимоти фаротар аз дин аст. Дин дар фаҳмиши классикии он воситаи иртиботи инсон бо офаридагори худ, ҳадафи дин ба саодат расондани инсон ва вазифаи он бошад, пок нигоҳ доштани сиришту ботини инсон аст. Аммо ислом фақат дар ҳамин чаҳорчӯб қобили таъриф нест, балки динест, ки ба тамоми зиндагии муъмин кор дорад. Аз нохуни пой то муйи сар. Мушкили аслӣ дар ҳамин аст.
ҚАВМГАРОӢ ВА ЭҲЁИ МИЛЛӢ
Албатта, дар чаҳорчӯби баҳси мазкур маҷоли пардохтан ба масъалаи қавмгароӣ вуҷуд надорад, вале масъалаи эҳёи миллиро ҷудо аз назария ва масъалаи қавмгароӣ наметавон баррасӣ кард. Зеро Эҳё масъалаи қавмҳои бо собиқаи таърихӣ ва мутамаддин аст. Эҳё дар баҳси мақолаи профессор С.Ятимов ба маънои дубора зинда шудан аст.
Бо таваҷҷуҳ ба он чӣ қавмшиносон ва назарияҳои қавмгароӣ ва маъмули этногенез талқин мекунанд, кас метавонад аз ояндаи Эҳёи миллӣ ноумед шавад. Зеро бар асоси ин назарияҳо умри қавмҳо, яъне миллат дар баҳс ва таърифи имрӯзии мо мисли як организми пӯё (зинда) марҳилаҳои зуҳур, ташаккул, авҷи қудрат, пойдорӣ ва таназзул ва фаноро дар бар мегирад. Л.Гумилёв дар асари машҳури худ «Иштиёқ ва зисткураи замин» умри қавмро то 1500 сол медонад ва мегӯяд, шумо қавмҳои ҳоким ва соҳиби тамаддуни хосро дар ҷаҳони 2000 соли пеш ба хотир биоред ва бигӯед, ки кадоме аз онҳо боқӣ мондааст? Л.Гумилев марҳилаҳои умри қавмро, ки ба он тули 1200 то 1500 солро медиҳад, ба сурати зайл муайян кардааст: давраи нутфагузории қавм. Зуҳур ва афзоиши иштиёқ; болоравии босуръати иштиёқ барои зиндагӣ; марҳилаи тағйирёбии иштиёқ то ҳадди аксар. Афзоиши босуръати қудрати қавмӣ; Шикаст ва пастшавии шадиди иштиёқ. Ҷангҳои шаҳрвандӣ, тақсимшавии як воҳиди этникӣ ба чанд воҳиди этникӣ; таназзули иштиёқ ба поинтар сатҳи муқаррарӣ ва ниҳоят дар миёни 1150-1500-солагӣ марҳилаи ёдбуд ва аз даст додани тамаддун. Азоби виҷдон – фаромӯшии комили қавм дар таърих. Марги қавм.
Акнун мо бояд дар ин нақша ё формула наҳаросида, марҳалаи умри қавми худро пайдо кунем ва амалан ин назарияро бо талоши худ инкор намоем. Эҳё ба миллатҳое дахл дорад ва зарур аст, ки аксари ин марҳалаҳоро пушти сар гузоштаанд. Дақиқан, агар миллат дар марҳилаи авҷи иштиёқ барои зиндагӣ ва ҷаҳонкушоӣ қарор дошта бошад, ниёзе ба эҳё надорад. Дар назарияи Л. Гумилёв иштиёқ муҳаррики аслии зиндагии қавмӣ маҳсуб мешавад. Ӯ баҳси иштиёқ ва муштоқ (пассионар ва пассионарность)-ро дар меҳвари назарияи милласозӣ матраҳ мекунад ва умри қавмро ба дараҷаи давомнокии иштиёқ дар вуҷуди қавм (хонда шавад миллат) ва аъзои он марбут медонад.
Албатта, бояд гуфт, ки баҳси имрӯзи мо баҳси маърифатшиносии қавмзои (гнесологияи этногенез)-и тоҷикон нест, аммо масъалаи Эҳё ҷудо аз баҳси собиқаи таърихии миллат қобили баррасӣ намебошад.
Ба таҳлили фарогири профессор С.Ятимов роҷеъ ба Даврони Эҳёи Аврупо, сабабу авомил ва натиҷаҳои он мушкил аст, чизе изофа намуд. Он ҳамчун як намунаи боризи Эҳё дар таърихи башарият бо ҳамаи абъодаш дар мақолаи мазкур нишон дода шудааст. Ин ҷо метавон як мисоли дигарро ҳамчун намунаи Эҳё ёдовар шуд. Ин эҳёи Чини бузург дар ҳамсоягии мост.
Ангезаи аслии Эҳёи Аврупоро низ руҷуъ ба таърих ва фарҳанг ташкил медод. Эҳёи Аврупо аз руҷуъ ба мусиқии итолиёвӣ оғоз шуд ва бо бастани дари калисо, ҷудо кардани дин аз давлат ва умуман, коҳиши нақши дин дар зиндагии ҷомеа ва фард анҷом шуд. Ҳоло дин камтарин нақшро дар зиндагии ҷомеаҳои аврупоӣ дорад. Аммо идомаи роҳи мо кадом хоҳад буд? Умед ва имкони Эҳё вуҷуд дорад. Аммо агар мо ба ин умед бошем, ки тавассути мубориза муқобили ифротият ва хурофот ба ташаккули як ҷомеаи муътадили исломӣ ноил мешавем, ки ҷаҳонбинии миллӣ дошта бошад ва он гоҳ ба Эҳё наздик хоҳем шуд, амри муҳол аст.
Мутобиқи назарияи маърифатшиносии қавмзоии Л.Гумилёв, миллатҳо дар марҳалаҳои ҳассоси ташаккули худ ба «таконбахши иштиёқ» (пассионнарный толчок) барои худогоҳии қавмӣ ва бақои умр ниёз доранд, то худро таҷдид ва бозсозӣ кунанд. Ин гуна таконбахш метавонад, таҳаввулоти азими иҷтимоӣ, зуҳури динҳо ва пайғамбарон, ҳаводиси ғайри интизори табиӣ, тағйири куллии иқлими минтақа, ё зуҳури афроди фавқулодаву мунҳасир ба фард дар сарнавишти миллатҳо маҳсуб шавад.
Тавре ки профессор С.Ятимов дар фароварди мақолаи худ зикр мекунад, «пешоҳанги Эҳёи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз рӯзи аввали зимоми ҳокимиятро ба даст гирифтан дар ин роҳ собитқадамона, ҷоннисорона, қаҳрамонона мубориза мебарад. Ин далели таърихӣ аст». Ин ҷо, бидуни шак, метавон илова намуд, ки дар нақши «таконбахши иштиёқ» барои Эҳёи миллати тоҷик дар таърихи ҳазорсолаи охир Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зуҳур кардааст. Масъалаи ояндаи мо ва ҳамаи роҳравони роҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қадам мондан дар роҳи эъмори ҷомеаи дунявӣ аст.

Раҳматкарим ДАВЛАТОВ,
номзади илмҳои таърих