ИТТИФОҚИ КАСАБА ДАР ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ ОМӮЗГОРОН

Иттифоқҳои касаба ҳамчун ниҳоди ҷамъиятӣ дар пешрафти ҷомеа нақши муассир мегузоранд, ҳифзу ҳимоя ва манфиатҳои коргаронро таъмин ва онҳоро аз ҷиҳати моливу маънавӣ дастгирӣ менамоянд. Дар ин миён ниҳоди алоҳида, ки бевосита манфиат ва ҳифзи ҳуқуқҳои омӯзгоронро ҳимоя мекунад, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамасола 24 октябр Рӯзи Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Вобаста ба ин ҷашни таърихӣ бо раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода суҳбат оростем.
– Мехостем нахуст ба таври мухтасар дар бораи таърихи ташаккули Иттифоқҳои касаба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рисолати он чанд сухан мегуфтед.
– Иттифоқҳои касаба ягона ташкилоти оммавие мебошад, ки дар баробари таъсис ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуда, то ҳол фаъолият менамояд ва дар барпо намудани пояҳои давлатдорӣ саҳми муносиб мегузорад. Тадбири муҳимме, ки Шурои вилоятии иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар солҳои 20-уми асри ХХ рӯйи кор гирифт, таъсиси мактабҳои маҳви бесаводӣ ба шумор мерафт. Ҳадаф аз таъсиси чунин мактабҳо, аввалан, хату саводнок намудани аъзои иттифоқи касаба ва тарғиби ҳадафҳои он маҳсуб меёфт.
Бояд қайд кард, ки 15 апрели соли 1926 Анҷумани якуми Иттифоқҳои касабаи ҶМШС Тоҷикистон баргузор гардид, ки бо қарори он мақоми роҳбарикунандаи иттифоқҳои касаба – Тоҷиксовпроф таъсис дода шуд.
Дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми иттифоқи касаба ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ ба таври мушаххас дарҷ гардидааст. Яъне, иттифоқи касаба – ташкилоти ҷамъиятии ихтиёриест, ки шаҳрвандонро вобаста ба манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзояш муттаҳид менамояд.
– Заминаҳои ҳуқуқие, ки ба ташаккули иттифоқҳои касаба мусоидат кардаанд, кадомҳоянд?
– Эътироф гардидани иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, дар миёни дигар ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ин санади сарнавиштсоз Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба таври мушаххас зикр гардидааст. Тибқи моддаи 28-и Конститутсияи Ҷумҳумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад, дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва хориҷ гардад. Дар баробари ин, иттифоқҳои касаба тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид ягона ниҳоди ҷамъиятие мебошад, ки ду рӯзи идро таҷлил менамояд: Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ – 1 сентябр ва Рӯзи иттифоқҳои касаба – 24 октябр. Афзалияти дигари иттифоқҳои касаба аз дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар он аст, ки дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқҳои касабаро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ба танзим медарорад.
Ҳамин тавр, фаъолияти иттифоқҳои касаба дар кишвар ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятӣ бо санадҳои қонунгузорӣ асос ёфта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории меҳнат маҳз ба дӯши ин ниҳод вогузор шуда, ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумат дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият мекунад.
– Истиқлоли давлатӣ дар рушд ва такмили фаъолияти иттифоқҳои касаба чӣ имконотро фароҳам овард?
– Дар даврони Истиқлоли давлатӣ Итифоқҳои касабаи Тоҷикистон маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун созмони бонуфузи ҷамъиятӣ мақому мартабаи баландро дар ҷомеа доро гардид.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ иттифоқҳои касаба дар масъалаҳои сиёсӣ, интихобот ва ғайра фаъол буда, дар маҷлисҳои ҳукуматӣ мунтазам иштирок мекунад, аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашаванда эроду тавсияҳо баён менамояд. Намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касаба ба таври доимӣ дар ҳайати комиссияҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ амал мекунанд.
2 августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ба тасвиб расид. Қонуни мазкур таъсиси иттифоқҳои касаба, ҳуқуқу кафолатҳои онҳоро муайян ва муносибатҳои иттифоқи касабаро бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корфармоён, иттиҳодияҳои онҳо ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ танзим менамоянд.
Рушди иттифоқҳои касаба дар таърихи беш аз сисолаи Истиқлоли давлатӣ маҳз аз соли 2011 ба марҳалаи сифатан нав ворид гардид. Иттифоқҳои касаба фаъолияташро ба талаботи замони истиқлол мувофиқ намуд, барои татбиқи сиёсати давлат оид ба ҳифзи меҳнат ва муҳити зист, таъминоти иҷтимоӣ ва суғурта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, таълим ва такмили ихтисоси кадрҳои иттифоқи касаба хидматҳои арзанда намуд. Дар ин миён Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди алоҳида дар ҳифзи манфиат ва ҳимояи ҳуқуқҳои омӯзгорон ҳамвора талош мекунад ва дар баланд бардоштани мақоми омӯзгорон нақши босазо мегузорад.
– Яке аз заминаҳои асосии фаъолияти бавусъати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм татбиқи лоиҳаҳо ва густариши робитаҳои байналмилалӣ мебошад. Ҳамкориҳои байналмилалии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб ҳамкориҳои байналмилалии хешро густариш бахшидааст. Имрӯз иттифоқи мазкур бо Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо, Ташкилоти байналмилалии маориф, Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Иттиҳодияи байналмилалии иттифоқи касабаи «Маориф ва илм», иттифоқҳои касабаи омӯзгорони Булғористон, Ӯзбекистон, Миср, Қазоқистон, Украина, Беларус, Туркия, Озарбойҷон, Гурҷистон ва дигар ташкилотҳои муштаракулаъзо Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи Аврупо равобити ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Бояд қайд кард, ки аз соли 2014 инҷониб дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ якчанд лоиҳа амалӣ гардид, ки лоиҳаи Консорсиум аз ҷумлаи онҳо мебошад, ки он то соли 2019 идома ёфт. Дар доираи он бо гузаронидани семинарҳо, баланд бардоштани малакаву дониши фаъолони иттифоқи касаба такмил бахшида шуд. Дар шаҳру навоҳии кишвар семинарҳо гузаронида шуд, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани маҳорату малака ва такмили донишу ҷаҳонбинии аъзои иттифоқҳои касаба ва дар ин замина, тақвият бахшидани рисолати хеш, вазифаҳои оинномавӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои омӯзгорон ба ҳисоб мерафт. Дар баробари ин, дар асоси созишнома бо Иттифоқи касабаи Беларус тавонистем, даҳ фоиз тахфиф барои аъзои Иттифоқи касаби маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба истироҳатгоҳҳои Беларус ҷалб гардидани аъзои онро ба имзо расонем.
– Мусаллам аст, ки вазифаи асосии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои омӯзгорон, дар зимн, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар ин самт кадом корҳо ба сомон расонида шудааст?
– Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам кӯшиш менамояд, муроҷиатҳоеро, ки аз ҷониби омӯзгорон ворид мегарданд, мавриди баррасӣ қарор дода шаванд. Тавассути суҳбат, инчунин, ёрии ҳуқуқӣ ва молиявӣ кӯшиш менамоем, ки онҳоро дастгирӣ кунем. Ҳамчунин, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар тартиби ҳуҷҷату санадҳо, аз лиҳози ҳуқуқӣ ва пурра риоя гардидани манфиатҳои онҳо дар гурӯҳҳои корӣ иштирок мекунем. Аз ҷумла, дар он гурӯҳи корие, ки дар такмили Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои омӯзгорон пешниҳод карда шуд, шаш тартибе, ки дар асоси моддаи №53-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба имтиёзҳои омӯзгорон иртибот дорад, коркард гардид. Инчунин, дар асоси моддаи 333-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби корфармо гузаронидани муоинаи тиббӣ ба шумор меравад, ки дар қонунгузорӣ роҳи ҳалли худро ёфтааст. Дар Рӯзи омӯзгорон беш аз 150 нафар омӯзгор бо маблағи 500 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд ва дар баробари ин, омӯзгорони ниёзманде, ки ба мо муроҷиат мекунанд, ҳамеша дастгирӣ меёбанд. Аз маблағҳое, ки аз ҳисоби муассисаҳо ҷудо мегарданд, дар доираи имконот омӯзгорон ба навбат ба осоишгоҳҳо фиристода мешаванд. Муассисаҳое низ мавҷуданд, ки маблағи кофӣ барои фиристодани омӯзгорон надоранд ва дар ин самт мо кӯшиш мекунем, ки бо кумаки Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро сафарбар намоем.
– Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи соҳавӣ ба имзо расонидааст. Мегуфтед, ки ба сифати шарики иҷтимоӣ дар доираи он кадом корҳо ба анҷом расонида шудаанд?
– Дар доираи шарикии иҷтимоӣ ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Дар ин самт дар коркарди санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, чорабиниҳо, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, аттестатсияи кормандону омӯзгорон ва директорон дар гурӯҳи корӣ ҳатман аъзои Иттифоқи касаба иштирок мекунанд. Мо дар ҳамкорӣ ва бо ёрии ҳамдигар корҳои зиёдеро ба сомон расонидем. Дар оянда нақшаҳои зиёде дорем, ки дар созишномаи нави соҳавӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм барои солҳои 2024 -2026 дарҷ гардидааст. Дар меҳвари он баланд бардоштани мақом ва мартабаи омӯзгорон қарор дорад.
– Соли дуюм аст, ки 24 октябр ҳамчун Рӯзи иттифоқҳои касаба дар кишвар дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Нақш ва аҳамияти онро дар пешрафти фаъолияти ташкилоти мазкур чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Бояд қайд кард, ки на дар ҳамаи давлатҳои дунё рӯзи иттифоқи касаба таҷлил мегардад. Ин омил аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ниҳоди иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд ва дар вохӯрӣ бо фаъолони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки соли 2019 баргузор гардид, тасмими таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба гирифта шуд, ки бешубҳа, мақом ва ҷойгоҳи иттифоқҳои касабаро дар ҷомеа тақвият бахшид. Ҳамчунин, ин тадбир фаъолият ва руҳияи кормандони Иттифоқҳои касабаро баланд мебардорад ва масъулияти онҳоро бештар мегардонад. Соли 2022 Рӯзи иттифоқҳои касаба дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд таҷлил гардид ва соли равон тасмим гирифта шуд, ки ин сана дар вилояти Суғд бо тантана ҷашн гирифта шавад. Дар баробари ин, ният дорем, ки ҳамасола санаи мазкур дар минтақаҳои гуногун таҷлил гардад.
– Барои такмили фаъолияти Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм чӣ нақшаҳо доред?
– Барои вусъат бахшидани фаъолияти Иттифоқи касаба нақшаҳои зиёде дорем, ки баланд бардоштани мақоми омӯзгорон ва зиёд намудани мабалағҳои ҳифзи иҷтимоӣ аз ин қабил мебошад, ки дар асоси пешниҳод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори маблағҳо бояд зиёд карда шавад, то фарогирии омӯзгорон бештар гардад. Тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва дар доираи онҳо сафарбар намудани фаъолони Иттифоқи касаба ба кишварҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, таъсиси марказҳои машваратии ҳуқуқӣ дар чор минтақаи мамлакат, ки фаъолияти иттифоқро дар шаҳру навоҳӣ густарда намояд ва ба ин васила, зуд мушкилоти аъзои Иттифоқи касаба роҳи ҳалли худро ёбад, зарур аст.
Мусоҳиб
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»