ДАРСИ КУШОД НАМУНАВИСТ

Дарси кушод дарси намунавист, ки омӯзгори масъул онро дар ҳузури гурӯҳи омӯзгорони дигар аз фанни тавсияшуда ва дар синфи муайян, мувофиқи ҷадвали қаблан аз тарафи маъмурияти мактаб тасдиқшуда амалӣ менамояд. Вижагии дарси кушод дар он аст, ки хусусиятҳои табодули таҷриба, пешниҳоди методу усулҳои навин, намоиши беҳтарин тарзи кор дар самти дарсгузарониро дорост.
Як соат дарси намунавиро, ки дар синфи 11 аз фанни забони модарӣ гузарондам, бо нишон додани қисматҳои асосӣ ба ҳамкасбон пешниҳод менамоям.
Дар аввал (қисми ташкили дарс) ба хонандагон супориши фаврӣ додам, ки то қайд кардани мавзуъ дар журнали синф калимаи «Муаллим»-ро таҳлили морфологӣ кунанд. Супориш иҷро карда шуд.
Дар қисмати дуюм тариқи пурсиш мавзуи вазифаи хонагиро худи хонандагон ёдовар шуданд: «Хусусиятҳои ифодаи фикр дар ду тарзи баён: шифоҳӣ ва хаттӣ».
Санҷишро бо ду роҳ амалӣ кардам: баррасӣ кардани кори хонандагон ва саволҳо барои санҷиш. Ду нафар хонандаро ҷониби тахтаи синф даъват кардам. Ба яке иҷрои машқи 163-ро, ки ба қисмати тарзи баёни шифоҳӣ мансуб буд, супорида, ба дуюмӣ вобаста ба тарзи баёни хаттӣ навиштани ҷумлаи зеринро фармудам:
«Роҳе, ки аз канори деҳаи мо мегузарад, Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад ва он дар рушди иқтисодиёти мамлакатамон аҳамияти калон дорад.»
Ба замми ин, ба ҳар дуи онҳо варақчаҳо додам. Баъди ин ба гурӯҳи рақамҳои 4,5,6 варақчаҳо вобаста ба дарсҳои гузашта супорида, зуд иҷро кардани онҳоро аз хонандагон талаб кардам. Сипас, ба гурӯҳи рақамҳои 1,2,3 вобаста ба мавзуи дар хона супоридашуда тариқи умумӣ саволҳои санҷишӣ додам. Барои хубтар фаҳмидани дониши хонандагон ба онҳо саволҳои иловагӣ пешниҳод кардам. Аз хонандагони назди тахтаи синфбуда иҷрои супоришро талаб кардам. Яке иҷрои машқи 163-ро шарҳ дода, қоидаи ба он мансубро гуфт. Ба саволҳои варақча низ ҷавоб дод. Дуюмӣ низ ҷумларо хонда, мавзуъро тавсиф бахшид. Ба саволҳои варақча ҷавоб дода, ҷумларо таҳлили синтаксисӣ кард. Ҷиҳатҳои тарбиявии ҷумларо шарҳ дода, хидматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти бунёди роҳҳо, ободии диёр қайд карда, мухтасар мисолҳо овард. Дар кори ҳар ду хонанда имло ва ҳусни хат ба назар гирифта шуд. Баъди ҷамъбаст ва баҳогузорӣ ба ҳашт нафар хонанда ба қисмати сеюми дарс гузаштам.
Мавзуи навро дар тахтаи синф навиштам: «Услуби бадеӣ». Сипас ду асбоби аёниро, ки худам тайёр карда будам, ба девор, рӯ ба рӯйи ҳозирин овезон кардам. Дар яке аз онҳо порчаи матнро аз китоби дарсӣ (машқи 163 (65) гирифтам, ки он аз повести «Одина»-и С. Айнӣ иқтибос шуда буд. Дигаре хусусиятҳои услуби бадеиро бо овардани мисолҳо аз дохили ҳамин машқ бо шарҳу эзоҳ дар бар мегирифт. Баъди ин ба хонандагон бо чунин савол муроҷиат кардам: Дар бораи услуб ва услубшиносӣ чӣ медонед? Дар бораи услубҳои забон чӣ маълумот доред? Хонандагон дар заминаи донишҳои қаблии худ ба саволҳои додашуда нисбат ба мавзуъ фикрҳои худро баён карданд. Бо истифода аз асбобҳои аёнӣ, бо дарназардошти талаботи мавзуъ ва фикрҳои хонандагон дар бораи хусусиятҳои услуби бадеӣ маълумот додам. Мавзуъро бо ҳама ҷузъиёташ фаҳмондам.
Азбаски матни гирифташудаи мавзуъ ба эҷодиёти Садриддин Айнӣ тааллуқ дошт, барои шарҳи ҷиҳатҳои тарбиявии мавзуъ хидматҳои бузурги устодро дар соҳаи адабиёт, забон, илм, рӯзноманигорӣ, хусусан, дар масъалаи исботи аслан ориёӣ ва қадима будани миллати тоҷик бо истифода аз мақолаи «Намунаи адабиёти тоҷик» – шаҳодатномаи миллат», ки нашри яке аз рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ буд, ба таври равшану возеҳ фаҳмондам. Дар охир хулосаи дарсро аз хонандагон пурсида, баъди бартараф кардани нофаҳмиҳо ба қисмати дигари дарс гузаштам.
Дар қисмати мустаҳкамкунии мавзуи нав корро дар ду самт ба роҳ мондам:
1. Кор бо гурӯҳҳо. Дар ин самт ба воситаи саволҳо диққати хонандагонро ба мавзуи нав ҷалб кардам. Баъд тариқи кори амалӣ бо гурӯҳҳо машқҳои 164 ва 165-ро иҷро кардем. Ба ин восита дарси навро мустаҳкам кардам.
2. Фаъолгардонии хонандагон. Дар ин қисмат тариқи истифодаи методу усулҳои гуногун донишу малака, маҳорати ҳозирҷавобӣ ва ҷаҳонбинии хонандагонро дар самтҳои гуногун санҷида, ба ин восита ҷиҳатҳои тарбиявии дарсро амалӣ кардам, ки аз чунин қисматҳо иборат буд:
а) Проблемагузорӣ дар дарс:
Савол: Дар забони тоҷикӣ ду ҳиссаи нутқ аст, ки ҳар ду аломатро ифода мекунанд. Онҳо кадомҳоянд ва чӣ гуна аломатҳоро ифода мекунанд?
Супориш: Шаҳрҳоеро номбар кунед, ки таркиби номи онҳо аз шумора ва пасванд сохта шуда бошад.
Ҷумларо ислоҳ кунед: Бобоям бедандон аст, вале хуб механдад.
б) Кор аз рӯйи расмҳо:
Хонандагон аз рӯйи расми қаҳрамонони Тоҷикистон дар бораи рисолат ва хидматҳои бузурги онҳо баҳри ободии диёр изҳори ақида намуда, ба онҳо баҳогузорӣ карданд. Сипас хонандагон мақолаеро аз матбуоти даврӣ бо номи «Модари Президент-модари мост», ки дар он ҷо расми модари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфта буд, фикрҳояшро баён карданд.
в). Таҳлили ду мисраъ шеър (Шеъри интихобӣ таҳлил карда шуд).
г). Нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мактаб ва маориф шарҳ дода шуданд.
Ҳамин тавр, ҳамаи қисматҳои дарс дар вақти муайяншуда ба анҷом расида, супориш барои хона дода шуд: хондани саҳифаи 165-166 ва иҷрои машқи 167 (168).
Дарс бо таҳлили баҳо ҷамъбаст гардид.

Муҳаммадҷон ХОЛМАТЗОДА,
омӯзгори МТМУ №8,
ноҳияи Муъминобод