ЗАБОНИ МО ЗАБОНИ ПУРТАВОН АСТ

Эҳтиром ба забони модарӣ, дақиқу амиқ омӯхтани он ва баҳри поку беолоиш нигоҳ доштанаш кӯшиши ҳамешагӣ ба харҷ додан барои ҳар як соҳибзабон вазифаи меҳварию доимист. Ҳифзи асолату назокати забони тоҷикӣ шаъну шараф ва ифтихор барои кулли онҳоест, ки бо ин забони ноб гуфтугӯ мекунанд. Забони тоҷикӣ таърихи дерину ғанӣ дорад ва ҳамчун яке аз забонҳои тавонманди ҷаҳон шинохта шудааст.
Бо ин забон донишварону сухангустарони зиёди маъруф андар ҷаҳон асарҳои безаволу мондагор офарида, ба он муҳри ҷовидонагӣ задаанд. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдӣ ва «Хамса»-ҳои чанде аз шоирони бузурги ниёгони волосухани мо ба ҷаҳониён дар баробари мақоми баланди адабиёти тоҷик иқтидору неруи беназири забони тоҷикиро муаррифӣ кардаанд. Садсолаҳост, ки «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар баробари дигар ҷанбаҳояш аз лиҳози забон, корбасти вожаҳо, ибораву ифодаофаринӣ, ҷилову тобиши калом, мақому мартабаи сухан мавриди омӯзиши пажуҳишгарон аз бисёр манотиқи ҷаҳон қарор дорад. Бо ин ҳама, ба иқрори адабиётшиносону муҳаққиқон ва мутахассисони баландсатҳи забоншинос, ҳанӯз масоили марбут ба забони тоҷикӣ ва имконоту тавоноии ин забони маъруф дар «Шоҳнома» ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст. «Шоҳнома» хазинаи беҳамтою пургуҳари забони тоҷикист. Кӯшиши фаровон ва муваффақонаи Фирдавсӣ баҳри истифодаи ҳар чи бештари вожаҳои аслан тоҷикӣ ва худдорӣ аз вожаҳои бегона дараҷаи олии ватандӯстӣ, ифтихорӣ миллӣ ва муҳаббат ба забони модарист. Дар асрҳои баъдии пас аз аҳди Фирдавсӣ аз бепарвоию саҳлангории чанде аз соҳибзабонони қаламкаш забони тоҷикӣ то ҷое бо вуруду корбасти фаровону бидуни зарурат аз забони арабӣ махлут гашт, вале «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳар гоҳ аҳли суханро огаҳию ҳушдор медод, ки риояи тозагии забонро аз ёд набаранд, асолати забони тоҷикиро риоя намоянд, бидонанд, ки:
Забони мо забони пуртавон аст,
Худ ин аз сафҳаи таърих аён аст.
Аслан, ин гуна камэътибории зумрае аз соҳибзабонон нисбат ба масъалаи тозагии забон ба мақому манзалати забони тоҷикӣ чандон таъсири ҷиддию пурзиён расонда натавонист. Ин забон ҳамчунон покизаю неруманд, тавоною фарогир боқӣ монд ва имрӯз, пас аз гузашти беш аз ҳазор сол ҳам, тоҷикон эҷодиёти гаронарзишу ҳикматбори устод Рӯдакиро бидуни мушкилие мефаҳманду арҷ мегузоранд. Забони тоҷикии имрӯзаи мо ҳамон забонест, ки садсолаҳо қабл аз ин устод Рӯдакию ҳамасронаш бо он ҳарф задаанду асар эҷод кардаанд.
Забони Рӯдакии покгавҳар,
Бубин, монда ҳамоно тозаву тар.
Ба забони тоҷикӣ Истиқлоли давлатии Тоҷикистон умри дубора бахшид, дурахши онро афзунтар кард. Таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва эҳтироми самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони тоҷикӣ – забони давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон омили асосии рушдбахшу воломақомии он гашт. Сарвари кишвар насли наврасро пайваста ба забономӯзӣ даъват мекунанд ва зимнан таъкид менамоянд, ки муваффақияти ҳар шахс дар омӯхтани забонҳои хориҷӣ аз хуб донистану омӯхтани забони модарӣ маншаъ мегирад. «Забони тоҷикӣ ифодагари арзишҳои маънавӣ ва оинаи ибратбахши рӯзгори мо, тоҷикон, аст», — гуфтаанд Пешвои миллат ва ҳамагонро ба эҳтироми забони тоҷикӣ, покиза нигоҳ доштани он даъват кардаанд: «Бузургтарин вазифаи ҳар як фарди худогоҳи кишвар нигаҳдорию арҷгузорӣ ба ин мероси гаронбаҳо ва ба наслҳои оянда поку беолоиш расондани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикон мебошад». Ин даъвату таъкиди Сарвари кишвар, аз ҷумла, мо — омӯзгоронро водор мекунад, ки дар таълими забони давлатӣ ба шогирдон беш аз пеш фаъолу тозакор бошем ва дар ин самт аз усулҳои фаъоли таълим васеъ ва пурсамар истифода намоем. Ҳар як дарси мо бояд инъикосгари тавоноӣ ва имконоти фаровони забони тоҷикӣ ва ифодагари мақоми баланди ин забони бостонию безавол бошад. Пеш аз ҳама, бояд бар он ноил шуд, ки шогирдони мо забони модариро самимона дӯст доранд, онро хуб омӯзанд, поку беолоиш нигоҳ доранд ва дорои ифтихори баланди миллӣ бошанд.
Гулдаста ҲАҚДОДОВА,
омӯзгори забон ва
адабиёти тоҷики мактаби рақами №14-и ноҳияи Сино