ҚАДАМҲОИ УСТУВОРИ ЛИТСЕЙ

Мактаб ҳамчун боргоҳи илму маърифат дар рушду пешрафти маънавии ҷомеа нақши мондагор мегузорад. Зеро маҳз дар таълимгоҳ инсони донишманду бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ ба камол мерасад. Рисолат ва вазифаи муассисаи таълимӣ низ бо донишҳои замонавӣ таъмин намудани хонандагон ва дар зимн, омода кардани мутахассисон барои соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ба ҳисоб меравад. Маҳз дар мактаб хонанда пешаву соҳаеро интихоб мекунад ва дар ин замина мунтазам баҳри фарогирии донишҳо талош меварзад. Дар ҷумҳурӣ муассисаҳои таълимии зиёде фаъолият доранд, ки дар муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми босазо мегузоранд ва раванди таълиму тарбия дар онҳо дар сатҳи баланд қарор дорад. Истифодаи таҷрибаи таълимгоҳҳои пешрафтаи кишвар, аз як тараф, ба рушди таълиму тарбияи дигар муассисаҳо такони ҷиддӣ бахшад, аз ҷониби дигар, дар муаррифии таҷрибаи онҳо мусоидат мекунад. Яке аз ҳамин гуна муассисаҳои таълимӣ литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад, ки доир ба фаъолият ва дастовардҳои ин таълимгоҳ суҳбате доштем бо директори он, номзади илми педагогӣ Асҳобиддини Шералӣ.
– Дар оғоз дар бораи фаъолияти литсей мухтасаран маълумот бидиҳед. Тартиб ва тарзи қабул ба литсей чӣ гуна аст ва таҳсил бо кадом забонҳо дар ин даргоҳи дониш роҳандозӣ мегардад?
– Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Вазорати маориф ва илм дар асоси Низомномаи намунавӣ барои литсею гимназияҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаааст, фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Қабули муҳассилин ба литсей тариқи озмун сурат мегирад. Инчунин, ҳангоми қабули довталабон ба масъалаи забондонии хонандагон таваҷҷуҳ карда мешавад, зеро таҳсил дар литсей бо забони англисӣ ҷараён мегирад. Аз ин рӯ, ҳангоми қабул ба ду принсип такя карда мешавад: забондонӣ ва шавқу рағбат доштан ба фанҳои дақиқ. Дар литсей 912 нафар хонанда таҳсил мекунанд ва ба онҳо 54 нафар омӯзгори ботаҷрибаву донишманд таълим медиҳанд. Таълимгоҳ бо тахтаҳои электронӣ ва дигар таҷҳизоти замонавӣ таъмин аст. Дар литсей таълими фанҳои дақиқ пурра бо забони англисӣ ва фанҳои ҷомеашиносӣ бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст.
Соли равон бори нахуст дар литсей хонандагон ба синфи як қабул карда шуданд ва ҳангоми қабул бо онҳо суҳбатҳои психологӣ анҷом додаву қобилияти равониашон ба назар гирифта шуд. Ин омил ба он хотир роҳандозӣ гардид, ки дар зинаи дуюми таҳсил, ки бо забони англисӣ ҷараён мегирад, хонандагону омӯзгорон ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нагарданд. Зеро омӯзиши фанҳои таълимӣ дар аксар мактабҳои дигар ба забони англисӣ сурат намегирад ва ҳангоми қабул ва таҳсил дар зинаи дуюм ба литсей масъалаи забондонии хонандагон мушкилӣ ба бор меорад. Барои ҷалби омӯзгорон ба ин зинаи таҳсилот моҳи июни соли равон озмун эълон гардид ва дар натиҷа ду нафар ба кор қабул карда шуданд: як нафар аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва як нафар аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе. Ба онҳо тайи ду моҳ низом ва методикаи нави таълим дар синфҳои ибтидоӣ омӯзонида шуд. Дар баробари ин, барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи хонандагон ба амиқ омӯхтани фанҳо ва ҷолиб намудани рафти дарсҳо ва машғулиятҳои таълими иловагӣ ҳанӯз аз синни хурдсолӣ ба омӯзиши робототехника ва арифметикаи зеҳнӣ фаро гирифта мешаванд.
– Ташкили муассисаи типи нав, аз ҷумла, литсею гимназияҳо ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат намуд. Имрӯз раванди таълим дар литсей чӣ гуна амалӣ мешавад ва бартарии таълим дар муассисаҳои мазкур дар чист?
– Яке аз афзалияти асосии низоми таҳсил дар муассисаҳои типи нав шавқу рағбат ва қобилияти кӯдаконро ба эътибор гирифтан ва дар раванди тадрис ҳуқуқи интихобро ба онҳо додан мебошад. Маълум аст, ки дар замони муосир хонандагон дар дастрасӣ ба иттилоот ва технологияи замонавӣ пешгом ҳастанд ва дар омӯзишу мутолиа ва фарогирии донишҳои замонавӣ шавқманданд. Дар ин самт зарур аст, ки дар баробари қисмати назарӣ ба ҷанбаи амалии дарсҳо таваҷҷуҳи бештар диҳем. Аз ин рӯ, дар литсей бештар ба ҷанбаи амалии дарсҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад ва ин амал аз синфҳои ибтидоӣ оғоз мешавад. Омили мазкур имкон фароҳам меорад, ки аз як тараф, тафаккури техникии хонандагон рушду такомул ёбад, аз ҷониби дигар, иҷрои корҳоро осон намуда, шавқу муҳаббати ихтироъкориву навовариро дар замири онҳо ба вуҷуд меорад.
– Дар литсей аз рӯйи равия таваҷҷуҳи асосӣ ба омӯзиши фарогири фанҳои бунёдӣ равона карда мешавад. Бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидааст. Дар ин самт дар литсей кадом корҳои назаррас анҷом дода шудааст?
– Дар заминаи тадбирҳо бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» базаи моддиву техникии литсей такмил ёфт ва имконоти мусоид ҷиҳати фаро гирифтани фанҳои дақиқ муҳайё карда шуд. Зеро хонанадгон бояд дар муҳите ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд, ки дар он ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Хушбахтона, муассиса дорои имконоту шароити мусоид буда, завқу шавқи хонандагон низ ба фанҳои дақиқ зиёд аст. Муассиса айни замон диққати махсусро ба омӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан, риёзӣ ва табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русиву англисӣ равона сохтааст, зеро таълими самараноки ин фанҳо барои ояндаи Тоҷикистон ниҳоят муҳим буда, вусъат ёфтани тафаккури техникиву ташаккули ҷаҳонбинии муосири хонандагон шарти зарурии рушди давлат ба ҳисоб меравад. Боиси тазаккур аст, ки таълими босифати фанҳои дақиқ қобилияти навҷӯӣ ва мафкураи хонандагонро қавӣ гардонида, майлу рағбати онҳоро ба эҷодкорӣ, навоварӣ ва ихтироъкориву моделсозӣ бештар мегардонад ва барои интихоби огоҳонаи касбу ихтисосҳои равияи техникиву технологӣ, ки ба иқтисодиёти миллӣ заруранд, мусоидат менамояд. Дар самти касбинтихобкунии хонандагон омӯзгор нақши калидӣ дорад, чунки маҳз омӯзгор аст, ки хонандагонро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ менамояд ва аз ин хотир дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ рисолат ва масъулияти касбии омӯзор бамаротиб зиёд шуда истодааст. Бо дарназардошти ин омил Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид менамоянд: «Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад» ва «Ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин рӯҳия тарбия намояд». Аз ин лиҳоз, омӯзгори муосир бояд дар касби хеш соҳибихтисос бошаду на танҳо таълим диҳад, балки худаш низ омӯзад, яъне пайваста худомӯзӣ намуда, малакаву маҳорати касбиашро боло барад ва мунтазам сатҳи донишашро такмил диҳад.
Машғулиятҳои иловагие, ки дар литсей гузаронида мешаванд, бештар ба омӯзиши фанҳои дақиқ равона гардидаанд. Дар баробари ин, озмунҳои дохилимуассисавӣ роҳандозӣ шудаанд, ки дар онҳо лаёқат ва истеъдоди хонандагон муайян карда мешавад. Инчунин, пурсишномаҳое таҳия гардидаанд, ки дар муайян намудани тафаккури техникии хонандагон нақши муҳим мебозанд ва қобилияти онҳоро мушаххас менамоянд. Дар сурати маълум гардидани самти омӯзиш онҳо ба гурӯҳҳо ҷудо мегарданд.
Ҳамчунин, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои зеҳнӣ метавонад шавқу рағбат ва ҳавасмандии онҳоро ба омӯзиши фанҳои дақиқ бештар намояд. Дастовардҳои иштирокчиёни чунин озмунҳову мусобиқаҳои зеҳнӣ барои дигар хонандагон низ боиси ҳавасмандӣ мегардад, ки барои ҷалб намудани онҳо ба омӯзиши амиқи фанҳои таълимӣ заминаи хуб фароҳам меорад.
Дар баробари ин, чанд сол мешавад, ки бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. Соли гузашта 8 нафар хонандаву омӯзгори муассиса дар даври ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд. Имсол низ дар даври шаҳрии озмуни мазкур аллакай 15 нафар омӯзгору толибилми муассиса ғолибият ба даст оварда, барои ширкат дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат ба даст оварданд. Дар зимн, ҳавасманд намудани хонандагон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст, ки ба майлу рағбат ва ҳавасмандии бештари онҳо ба омӯзиши фанҳои дақиқ мусоидат мекунад.
– Яке аз роҳҳои дигаре, ки баланд гардидани сатҳу сифати таълим ва омӯзиши фанҳои дақиқ мусоидат мекунад, таъмини озмоишгоҳҳо бо маводи озмоишӣ ва таълимӣ мебошад. Дар ин самт дар литсей кадом корҳо анҷом дода шудааст?
–Дар литсей ҷиҳати мукаммал гардонидани донишҳои назариявӣ шароити мусоид барои иҷрои корҳои таҷрибавӣ ва амалӣ фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла, таҷҳизоти техникии зарурӣ, васоити аёнӣ бо маводи химиявию физикӣ дар ихтиёри омӯзгорону хонандагон гузошта шудаанд. Дар литсей аз рӯйи тақсимоти фанҳо ҳафтаҳои фаннӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» корҳои хурди илмӣ дар озмоишгоҳҳо, ки аз ҷониби хонандагону омӯзгорон анҷом дода шудааст, пешниҳод мегардад. Ин омил имкон фароҳам меорад, ки аз як тараф, шавқу рағбати хонадагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ бештар гардад, аз ҷониби дигар, нигоҳу диди онҳо тағйир меёбад ва онҳо донишҳои назариявии хешро дар амал татбиқ мекунанд. Дар ин раванд барои пурсамар гузаштани таълим аз шабакаи Интернет дарсҳои видеоии амалӣ гирифта мешавад ва дар ҷараёни тадрис истифода мегардад. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо кафедраҳои мактабҳои олӣ, институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои лабораторӣ ба роҳ монда шудааст.
– Яке аз нишондиҳандаҳои литсей иштирок дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад. Иштирок ва дастоварди хонандагон дар озмунҳо дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Соли гузашта дар ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпидаҳои фаннӣ дастаи хонандагони литсей сазовори 124 ҷойи ифтихорӣ гардид ва дар байни дигар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи аввал қарор гирифт. 4 нафар хонандаи литсей гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40 нафар стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мебошанд. Инчунин, 21 нафар хонандаи литсей дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро парафшон карданд. Бори аввал аз Тоҷикистон хонандаи литсей Аниса Бӯриева дар Олимпиадаи 12-уми аврупоӣ аз фанни математика барои духтарон (European Girl’s Mathematical Olympiad) байни 55 давлати дунё иштирок кард ва мақоми сеюмро ба даст овард.
– Шоистаи таъкид аст, ки литсей ҳамеша дар озмуну олимпиадаҳо дар мақоми ифтихорӣ қарор мегирад. Тайёр намудани хонандагон ба олимпиадаҳо дар кадом сатҳ аст?
– Яке аз принсипҳои асосӣ дар омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо муайян намудани қобилият ва истеъдоди онҳо маҳсуб меёбад. Дар ҳолати муайян гардидани хонандагони лаёқатманд, онҳо ба гурӯҳҳои олимпие, ки дар литсей амал мекунанд, шомил мегарданд: гурӯҳҳои омодагӣ, давомдиҳанда ва олимпӣ. Дар ин самт бояд механизми он дуруст ба роҳ монда шуда, зина ба зина хонандаро омода кард. Барои омода кардани як нафар хонанда 3-4 нафар омӯзгор ҷалб шудаанд ва вобаста ба барнома, мавзуъ ва корҳои озмоишӣ бо хонанда фаъолият мекунанд.
Боиси ифтихор аст, ки аксар омӯзгорони муассиса собиқ ғолибони озмуну олимпиадаҳои бонуфузи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошанд. Аз ин рӯ, дастоварди хонандагони литсей низ назаррас мебошад ва ин омил ба раванди тадрис ва шавқу рағбати дигар хонандагон таъсири мусбат мерасонад. Дар литсей муҳити олимпӣ ҳукмфармост ва дар ин миён таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзишу мутолиа бештар гардидааст ва ин раванд тақозо менамояд, ки мо хонандагонро ҳамаҷониба ба озмунҳо омода намоем. Инчунин, таҷриба ва дастовардҳои дигар мактабҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ омӯхта мешавад ва мисолу масъалаҳои олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ мавриди таҳлил қарор мегирад ва хонандагон на танҳо дар доираи барномаҳои таълимӣ, балки фаротар аз он омода карда мешаванд.
–Дар литсей ба таълиму тарбияи хонандагон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, мунтазам таҳсили онҳо назорат мешавад. Ба ин мазмун як рӯзи хонандаи литсей чӣ гуна сипарӣ мегардад ва дохилшавӣ баъди хатм дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Дар литсей ба ҳама паҳлуҳои фаъолияти хонандагон таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Барои муваффақ гардидан хонандагон дар муассисаи мо ба сару либоси намунавӣ, ҳолати китобу дафтардорӣ ва интизому рафтори шоиста эътибори ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Дарсҳо соати 8 оғоз гардида, то соати 15:15 идома меёбанд. То нисфирӯз дарсҳои асосӣ ва баъдан дарсҳои иловагӣ вобаста ба завқи хонадагон амалӣ мегарданд. Ҳангоми интихоби дарсҳои иловагӣ ва машғулиятҳои таълимии беруназдарсӣ ба омӯзиши забони англисӣ ва фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар дода мешавад. Хонандагон вобаста ба завқу шавқ ва ҳавсмандӣ метавонанд ба таври иловагӣ фанҳои заруриро амиқтар омӯзанд ва ё ба озмуну мусоибқаҳои зеҳнӣ омода шаванд. Ҳамзамон, дар зинаи сеюми таҳсил хонандагон вобаста ба қобилияту завқашон ба равияҳо ҷудо карда мешаванд, ки ин омил аз як тараф дар интихоби дурусти касб мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, барои омодагӣ ҷиҳати дохил шудан ба мактабҳои олӣ имкон фароҳам меорад.
Инчунин, дар давоми рӯз барои хонандагон имконият фароҳам оварда шудааст, ки аз толори варзишӣ, китобхонаи муассиса, маркази тестӣ, толори конфронсӣ, ҳуҷраи равоншиносӣ ва ошхона барои амалӣ намудани эҳтиёҷоти худ истифода намоянд.
Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола хатмкунандагони литсей ба мактабҳои олии дохилу хориҷи кишвар шомил мегарданд. Имсол 90 нафар хонанда литсейро хатм намуд ва ҳамаи онҳо ба мактабҳои олии дохил ва хориҷи кишвар дохил шуданд. Аз ин шумора 25 нафар хатмкунанда ба мактабҳои олии бонуфузи кишварҳои хориҷӣ шомил гардиданд.
– Дар муассисаи шумо хонандагон аз дигар шаҳру навоҳии кишвар низ таҳсил мекунанд ва чӣ шароиту имконот барои онҳо фароҳам оварда мешавад?
– Литсейи мазкур мақоми ҷумҳуриявиро доро мебошад ва хонандагоне шавқу рағбат ва донишу ҷаҳонбинии васеъ доранд, метавонанд пас аз муваффақ гардидан дар озмуни қабул ба он дохил гарданд. Литсей дар заминаи худ хобгоҳ дорад, ки хонандагон баробари дохил шудан бо ҷойи хоб ва хӯрок таъмин карда мешаванд. Ҳоло дар хобгоҳи литсей 150 нафар хонанда будубош доранд, ки ҳам аз шаҳри Душанбе ва ҳам аз дигар шаҳру навоҳии кишваранд. Талабот ба хобгоҳ зиёд аст ва аксари хонандагон хоҳиши дар он истоданро доранд, чунки дар барномаи таълимии хобгоҳ дар қисмати бегоҳирӯзӣ дарсҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва таҷрибавӣ гузаронида мешавад ва омӯзгорон бо онҳо дар алоҳидагӣ кор мекунанд.
– Барои вусъати фаъолияти литсей иҷрои кадом корҳо ба нақша гирифта шудааст?
– Омӯзгорӣ касби пуршараф ва дар айни замон пурмасъулият мебошад. Ҳар як омӯзгор талош мекунад, ки дар таълиму тарбияи хонандагон ба саҳлангорӣ роҳ надиҳад ва баҳри мутахассиси хуб шудани онҳо пайваста талош менамояд. Мо нақша дорем, ки сатҳу сифати таълимро дар литсей мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ баланд бардорем ва дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом додем.
Шоистаи таъкид аст, ки хонандагони тоҷик донишу ҷаҳонбинии васеъ ва ба омӯзишу мутолиа шавқу рағбати зиёд доранд. Мо – омӯзгоронро зарур аст, ки онҳоро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ кунем. Аз ин рӯ, ният дорем, ки дар оянда бо ҷалби хонандагони болаёқат ва омӯзгорон аз кишварҳои дунё олимпиадаи сатҳи байналмиллалиро ташкил ва баргузор намоем. Ин омил метавонад, аз як сӯ, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад, аз ҷониби дигар, табодули таҷриба ба вуҷуд меояд ва шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиш бештар мегардад. Гумон мекунам, ки имконот барои роҳандозии чунин як озмуни бонуфуз дар литсей мавҷуд мебошад. Ҳамчунин, мо нақша дорем, ки бо муассисаҳои таълимии дигари кишварҳо ҳамкорӣ намоем.
Мусаллам аст, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои бунёдӣ дар ҳамбастагии аҳли маорифи кишвар ба даст меояд. Аз ин рӯ, мо – аҳли маорифи мамлакатро мебояд, ки дар ин самт пурсамар фаъолият намоем ва сатҳу сифати таълиму тарбияро дар тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ баланд бардорем ва рисолати хешро садоқатмандона ба сомон расонем.
Мусоҳиб
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»