ТАҲҚИҚИ БЕХАТАРИИ ИҚЛИМ

Яке аз масъалаҳои мубрами замон муайян намудани сиёсати таъмини бехатарии иқлим ба шумор меравад. Вобаста ба ин, назару андешаҳо гуногунанд, аммо арзёбии саривақтии он ба мо имкон медиҳад, ки доир ба ин масъала методологияи ягонаи омӯзиш ва таҳқиқи ин масъаларо дар сатҳи маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Натиҷагирии далелҳо ба мо имкон медиҳад, ки перомуни ин мавзуъ аз нигоҳи сиёсӣ ба таври фарох ибрози назар намоем. Чи тавре ба ҳамагон маълум аст, чанд сол аст ки дар кишварамон пайваста нисбат ба ин мавзуъ ҳамоишҳои илмӣ таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва ҷустуҷӯ намудани шарикони нави стратегӣ баҳри беҳбуд бахшидан ба вазъи экологӣ» зери шиори «Шумо моро меомӯзонед, мо шуморо» баргузор мегардад. Назарсанҷиҳои ҳамоишҳои илмӣ аз он башорат медиҳад, ки феълан ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ аз лиҳози тағйирёбии иқлим ва хизматрасониҳои обу ҳаво дар кишвари мо низ лоиҳаҳои мухталифро амалӣ намуда, мехоҳанд, ба туфайли онҳо пешрафт ва навгониҳоро дар ин ҷода тарғибу ташвиқ намуда, ба ин васила алтернативаи ҳалли ин мушкилотро ҷустуҷӯ намоянд. Гарчанде дар ин хусус ҳамасола лоиҳаҳои мухталиф амалӣ ва маблағҳои зиёд сарф гардад ҳам, аммо то ҳол маълум нест, ки онҳо дар кадом сатҳ баҳри ҳалли ин мушкилот мусоидат намуда истодаанд. Возеҳтар гӯем, онҳо дар маҷмуъ, чӣ нақш гузошта истодаанд? Суоли мубрам ин аст, ки паёмади равандҳои тағйирёбии иқлим моро дар оянда ба куҷо мебарад? Одат шудааст, ки оид ба таъсири манфии равандҳои тағйирёбии иқлим ба муҳити зистро пайваста натиҷагирӣ намоем, аммо то ҳол нисбат ба паҳлуҳои мусбати он касе ибрози назар наменамояд.
Тибқи нишондоди олимону коршиносони сатҳи байналмилалӣ, оби уқёнусҳо то охири аср аз як то се метр баланд мешавад. Алҳол 600 млн нафар аҳолии кураи замин дар баландии 10 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ менамоянд. Ин ҳудудҳо тадриҷан зери об монда, боиси муҳоҷирати экологии миллионҳо одамон мегардад. Ҳамзамон, дар илм фарзияе мавҷуд аст, ки бар асари равандҳои тағйирёбии иқлим пастшавии РН-об ба амал омада, зуҳури ин омил боиси аз байн рафтани 25%-и ҳайвоноти баҳрӣ ва моҳиҳо гардида, қариб барои ним миллиард аҳолии кураи арз масъалаи дастрасӣ ба ғизо мушкил мегардад. Дар баробари ин, аз таҳлилҳо бармеояд, ки бар асари равандҳои тағйирёбии иқлим муддати ним аср мешавад, ки шумораи офатҳои табиӣ дар кураи арз панҷ маротиба афзудааст. Дар баробари ин, ошкор шудааст, ки бар асари гармшавии ҳарорат дар фазо торафт буғҳои об ҷамъ шуда, боиси ангезиши боронҳои сел ва обхезиҳо гашта истодааст. Агар бо ин гуна назардошт зуҳуроти чунин рухдодҳоро таҳлилу таҳқиқ намоем, он гоҳ бояд донем, ки мо дар ин самт бояд чӣ корҳоро пайгирӣ намоем, то ин ки дар оянда тавонем, як дараҷа коҳишёбии мувозинати табииро боздорем. Матлаби мо аз тадқиқоти мазкур агар аз як тараф, омӯзиши ҷанбаҳои назариявию методологии ташаккули равандҳои тағйирёбии иқлими кишварамон бошад, аз дигар тараф, пешниҳоду тавсияҳои амалӣ доир ба таълифи методологияи ягонаи омӯзиши ин масоил дар сатҳҳои гуногун мебошад.
Қобили зикр аст, ки тайи сӣ соли охир дар кишварамон оид ба равандҳои тағйирёбии иқлим дар доираи Фонди иқлими сабз (GCF) Фонди глобалии экологӣ, Фонди адаптатсионӣ чандин лоиҳаю барнома, аз қабили «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал (CAMP4ASB)», «Усули ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон», «Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ (маблағгузории иловагӣ) ҷузъи «С», «Идоракунии ҳамгирошудаи замин ва об дар асоси экосистема барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» ва ғайра амалӣ гашта истодааст. Мутаассифона, то ҳол маълум нест, ки амалигардонии онҳо дар кадом сатҳ баҳри дарки амиқи ин масоил мусоидат намуда истодааст.
Яке аз масъалаҳои мубрам дар шароити ҳозира аз як тараф, ошкор намудани таъсири равандҳои тағйирёбии иқлим ба мувозинати табиӣ бошад, аз дигар тараф, дарёфти усулу воситаҳои мутобиқшавӣ ба он аст. Тоҷикистонро дар ин ҷода ҳамчун кишвари пилотӣ ном мебаранд, аммо то ҳол маълум нест, ки он бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ё ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ пазируфта шудааст? Зимни арзёбии ин мавзуъ танҳо дар маҷмуъ, иброз менамоем, ки ҳадаф аз амалигардонии ин лоиҳаҳо, аз як тараф, коҳиш додани равандҳои тағйирёбии иқлим дар сатҳи гуногун бошад, аз дигар тараф, ташаккул додани маърифати экологӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ аст. Воқеияти таҷрибаи рӯзгор айни замон собит менамояд, ки новобаста аз саъйю талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳарорат дар кураи арз бемайлон тағйир ёфта истодааст. Далели мусаллам бар ин андеша он аст, ки ҳамасола сатҳи оби уқуёнусҳо баланд гардида, обшавии пиряхҳо босуръат идома дорад.
Як гурӯҳ коршиносон бар он назаранд, ки тақрибан сад ҳазор сол пеш чунин тамоюли глобалӣ дар сайёраи замин ба амал омадааст. Дар баробари ин фарзияе мавҷуд аст, ки аз ҳама оммавитаринаш 252 млн сол пеш рух дода, ҳарорат дар кураи арз 5 дараҷа боло рафта будааст. То чи андоза ин далелу андешаҳо воқеият дорад, баҳси дигар аст, аммо ҳақиқат ин аст, ки олимони рус феълан, равандҳои тағйирёбии иқлимро дар сатҳи глобалӣ дар асоси лағзишҳои минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ ва арзёбӣ қарор дода истодаанд.
Далели мазкур аз он башорат медиҳад, акнун вақти он расидааст, ки эволютсияи равандҳои тағйирёбии иқлимро дар асоси ёдгориҳои табиии кишварамон мавриди омӯзиш, арзёбӣ ва назарсанҷӣ қарор диҳем. Чи тавре ба ҳамагон маълум аст, Тоҷикистонро дар равандҳои тағйирёбии иқлим яке аз кишварҳои осебпазир ном мебаранд. Чаро ин паҳлуи масъала то ҳол аз нигоҳи илмӣ тавзеҳу ташреҳи муфассали худро наёфтааст? Пешвои миллат 30 ноябри соли 2015 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса иброз намуда буданд, ки «ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқиёси олам ночиз бошад ҳам, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир арзёбӣ мегардад. Имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон ба паёмадҳои манфии вобаста ба тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гашта истодааст». Алҳол воқеият ин аст, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати партовҳои газҳои гулхонаӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ соли 2000 -155-ум, соли 2021 мақоми 135-ум, алҳол мақоми 130-умро ишғол менамояд.
Ҳасан АСОЕВ,
коршиноси масоили экологӣ