МУАЛЛИМӢ ИШҚ АСТ

Хабари сазовори ҷойи дуюм гардидани донишҷӯи курси якуми Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент Шабнам Исҳоқова дар моҳи майи соли равон аз фанни биология дар олимпиадаи фаннӣ дар байни ҳаштоду панҷ муассисаи миёнаи касбӣ дар шаҳри Бохтар ҳамаи омӯзгорону шогирдони коллеҷро болидахотир намуд ва ҳамагон сифатҳои олии омӯзгор Зубайдулло Яҳёевро баён мекарданд.
Хосатан, сарвари коллеҷ, табиби варзида ва донишманд Муҳаммадмурод Сафарзода аз ин дастовард хушнуд буд ва ба кормандону донишҷӯён мегуфт:
– Зубайдулло Яҳёев омӯзгор не, балки дарёи меҳр аст, ӯ ошиқи касби хеш мебошад.
Чанде пештар шогирди дигараш Ифтихора Эшбойзода низ аз фанни биология ба муносибати «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои аввал гардида буд.
Ифтихора аз тарафи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Саидзода сазовори дипломи дараҷаи аввал гардид.
Ҳамин тариқ, дастоварди шогирдонаш ҳамасола кормандону шогирдони коллеҷро хушнуд мегардонад.
Табиати нотакрори деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент дили ҳар бинандаро чун оҳанрабо ба сӯйи худ мекашад. Қуллаҳои баланд, арчазорон, гулу гиёҳ ва хосатан Кӯли Калон дили ҳар бинандаро мафтун мегардонад. Зубайдулло дар ҳамин деҳаи биҳиштосо дида ба олам кушод.
Аз хурдӣ дар оилае ба воя расид, ки дар муҳити ин оила ҳама волаву шайдои илму маърифат ва китобу дафтар буданд. Бобои шодравонаш Яҳё Ҳайдаровро, на танҳо дар Артуч, балки ҳамаи мардуми шаҳри Панҷакент чун омӯзгори асили фанҳои биология ва химия мешинохтанд, довталабони касби табибӣ аз ӯ маслиҳат мепурсиданд ва дарс мегирифтанд. Бародари бобояш Ашӯр Ҳайдаров донандаи хуби забони олмонӣ буд ва солҳои тӯлонӣ дар МТМУ №15-и шаҳри Панҷакент бо меҳру муҳаббат аз ин фан дарс мегуфт.
Падараш Искандар Яҳёев бо дониши қавӣ солҳо сармуҳандиси шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент буд ва шавқу рағбати зиёд ба адабиёт дошт.
Зубайдулло мехост, ки чун бобояш омӯзгор бошад, агарчанде дар оила мехостанд, ки дар риштаи тиб таҳсил кунад.
Аз ин рӯ, бе ҳеҷ дудилагӣ ҳуҷҷатҳояшро пас аз хатми мактаби миёна соли 1992 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қандил Ҷӯраев (алъон ба номи Садриддин Айнӣ) супорид ва соли 1997 онро бо ихтисоси омӯзгори фанҳои биология ва химия бо дипломи сурх ба поён расонд.
Ӯ фаъолияти худро хамчун омӯзгори биология дар мактаби миёнаи №18-и деҳаи Артуч оғоз намуд ва дар андак муддат чун омӯзгори беҳтарин ва навовар ном баровард.
Баъдтар онҳо ба шаҳри Панҷакент кӯч бастанд. Тақдир соли 2006 ӯро бо Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент пайваст. Услуби корӣ ва пешрафтҳои ӯро маъмурияти коллеҷ ба назар гирифтанд ва ӯро соли 2009 ба вазифаи сарназоратчии бахши назорати сифати таълим пешбарӣ карданд. Дар ин вазифаи пурмасъулият ӯ то соли 2019 фаъолият намуд.
Моҳи сентябри соли 2019 ӯро сармутахассиси бахши назорати сифати таҳсилот таъин намуданд ва ӯ то имрӯз дар ин вазифа адои хидмат мекунад.
Узви фаъоли ҲХДТ, мубаллиғи ғояҳои сулҳу амният ва пешрафти илму маърифат аст.
Ӯ дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ, тайёр намудани донишҷӯён ба олимпиадаҳои сатҳи дохилии коллеҷ ва байни муассисаҳои таълимӣ саҳми арзанда мегузорад.
Шогирдони коллеҷ борҳо аз фанҳои гуногун дар олим­пиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанни биология ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор мегарданд. Азбаски ӯ аз кӯдакӣ пурмутолиа буд, ба шогирдони коллеҷ пайваста дар бораи китоб суҳбатҳо мегузаронад ва шогирдонро ба китобхонӣ ташвиқ мекунад.
Ҳамин аст, ки дар водии Зарафшон ҳамасола танҳо шогирдони Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар даври шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ мегарданд
«Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» Зубайдулло Яҳёев ба қадри вақт мерасад ва ҳар лаҳза вақти хешро пурсамар истифода мебарад. Ин омӯзгори эҷодкор пайваста дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ бо мақолаҳои ҷолиби хеш ба шогирдону ҳампешагони худ роҳнамоӣ мекунад. Дар баробари ин, дастурҳои методии ӯ барои донишомӯзии хонандагон хеле муфиданд. «Маҷмуаи тарзи нави худбаҳодиҳӣ ба дониш аз фанни биология бо асосҳои генетика», «Муколамаи устоду шогирд», «Саволҳои гуногун аз фанни биология», ки дар матбааҳои маҳаллӣ ба чоп расидаанд, ҳам барои шогирдони коллеҷ ва ҳам барои дӯстдорони фанни биология муфиданд.
Исмоил ЗАРИФӢ,
Рӯзноманигор