ҲУНАРМАНДӢ ДАР ҚАРАТОҒ

Асари Н.Ершов «Каратог и его ремесла» натиҷаи заҳмати чандинсолаи муҳаққиқ буда, имрӯз ҳамчун як манбаи муҳим оид ба ҳунарҳои мардумии тоҷик ба шумор меравад. Зеро он ҳунарҳои мардумие, ки муҳаққиқ мавриди омӯзиш қарор дода, дар асар овардааст, имрӯз аз байн рафтаанд ва барои эҳё кардани ин ҳунарҳо асари номбурда ҳамчун сарчашмаи боэътимод хидмат карда метавонад.
Қаратоғ макони тобистонаи беки Ҳисор дар ибтидои асри XX буда, маркази ҳунарҳои мардумӣ ба ҳисоб мерафт. Ибораи «кони касабаҳо»-ро маҳз ба Қаратоғ нисбат медоданд.
Асар маҳсули сафарҳои хидматии муҳаққиқ дар соли 1958 буда, се мавзуъ: ҳунарҳои мардумӣ, соҳаи кишоварзӣ ва муносибатҳои маишӣ — оилавӣ дар он мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд.
Бахши дуюми асар бевосита ба ҳунарҳои мардумӣ дахл карда, муҳаққиқ ҳунарҳо бофандагиро, ки дар Қаратоғ хеле рушд карда буд, таҳқиқ намудааст. Бино ба навиштаи муҳаққиқ, бофандагӣ дар Қаратоғ дар асри XIX ва ибтидои асри XX хеле тараққӣ карда буд ва дар байни ҳунарҳои он замон асосӣ ба ҳисоб мерафт.
То инқилоби болшевикӣ дар Қаратоғ ҳар як хонавода ба бофандагӣ машғул буданд. Маълумоте мавҷуд аст, ки шумораи дастгоҳҳои бофандагиро ба 3000 адад нисбат медиҳанд.
Дар Қаратоғ тибқи навиштаҳои Н.Ершов, асосан матоъҳои пахтагин ва шоҳӣ бофта мешуд. Ашёи хомро бозори маҳаллӣ таъмин менамуд. Пахтаро аз бекигарии Широбод ва пилларо барои матои шоҳӣ аз Қубодиён меоварданд. Пас аз ҳамроҳшавии бекигарии Ҳисор ба аморати Бухоро дар соли 1870 ашёи хом ва пилларо бо коркарду дар шакли нимтайёр аз Бухоро, Тошканд, Хуҷанд, Самарқанд ва водии Фарғона меоварданд. Пахта дар бозори маҳаллӣ фурӯхта мешуд ва он дар шакли хом мавҷуд буд. Занҳо асосан ба ресидани тори пахта машғул буданд ва ба гуфти бофандагони кӯҳансол риштаи маҳаллӣ сифати баландро доро будааст.
Тибқи маълумоти муҳаққиқ Н.Ершов, дар Қаратоғ чунин навъҳои матоъ бофта мешуд:
1. «Алочаи сиёҳала». Ин навъи матоъ бо рахҳои байнашон 1-2 см фосила дошта, бо рангҳои сабз ва сиёҳ оро дода мешуд. Ин матоъ дар водии Ҳисор хеле машҳур буд ва аз он асосан поҷомаи занона, курта ва яктаҳ медӯхтанд. Тибқи маълумот, дар байни ӯзбекҳо чунин матоъ дар «туққӯз», яъне ҷиҳози арӯс ҳатмӣ буд.
2. «Чортеғ». Ин навъи матоъ бо номи «алочаи чортеғ» маъмул буд. Матоъ бо рахҳо бо фосилаи 1 см буда, асосан ранги сурхро доро буд. Ин намуди матоъ барои дӯхтани камзӯл истифода мешуд.
3. «Кори абдушаидӣ». Матоъи рахдор ранги сиёҳ, сафед ва сурхро доро буда, аз он асосан ҷелакҳои мардона дӯхта мешуданд. Ин матоъ «ҷелакӣ» низ ном бурда мешуд.
4. «Алочаи чиғӣ». Матои пахтагин буда, бо рахҳои сиёҳи фосилааш 0,5 см бофта мешуд. Ин навъ матоъ дар байни ӯзбекони минтақа хеле машҳур буд.
5. «Алочаи сиёҳкор». Матоъ аз риштаҳои сиёҳи шоҳӣ ва сиёҳи пахтагӣ, баъзан пурра аз абрешим бофта мешуд.
6. «Алочаи мушку ҷаъфар». Матоъ рахдори зард ва сиёҳ буда, асосан барои фаранҷӣ бофта мешуд.
7. «Алочаи алифӣ». Матои омехтаи нахи пахта ва шоҳӣ буда, рахи ниҳоят борикеро доро буд.
Аз солҳои 30-юми асри XX ва дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон бофандагӣ дар Қаратоғ оҳиста-оҳиста аз байн рафт ва то соли 1955 шумораи ками бофандагон ба ин шуғл машғул буданд ва акнун талабот ба молҳои саноатӣ бештар шудааст. Имрӯз, ки зарурати аз нав барқарор намудани ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, ҳунари бофандагии қаротоғӣ ба миён омадааст, асари мазкур барои мо ҳамчун дастурамал хидмат карда метавонад.
Дар идомаи таҳқиқоти худ муҳаққиқ омӯзиши шуғли ниҳоят қадимаи мардуми тоҷик, аз ҷумла, тоҷикони Қаротоғ, кулолгариро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Кулолгарӣ, ба ақидаи муҳаққиқ Н. Ершов, шуғли қадимаи тоҷикон ба шумор рафта, имрӯз низ маъмул аст.
Қаратоғ ин минтақаи ҷанубу шарқист, ки он ҷо кулолгарии мардона маъмул буд. Дар давраи Шуравӣ (солҳои 1958-1959 ва 1961-1962) кулолгарони қаратоғӣ дар артелҳои истеҳсолӣ фаъолият мекарданд, ки ин артелҳо дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Регар (ҳоло шаҳри Турсунзода) воқеъ буданд. Кулолгарон асосан дар хона кор мекарданд ва маҳсулоти худро барои фурӯш ба артел пешниҳод мекарданд. Тибқи маълумот, соли 1961 дар маркази Қаратоғ устохона бунёд гардид, ки дар он кулолгарон ба истеҳсоли маҳсулоти худ машғул буданд. Намунаи маҳсулоти сафолии кулолгарони қаратоғӣ хеле гуногун буд ва воқеан, маҳсулоти онҳо сифати баланд дошта, ба он талабот хеле зиёд буд.
Зарфҳоро рангу бор мекарданд ва сифати хеле баланд дошт.
Барои шустушӯйи либос дар истеҳсолот намудҳои гуногуни зарфҳо истеҳсол мешуданд. Умуман, ҳама намудҳои зуруфи истеҳсолшуда дар оташдони махсус пухтаву рангубор дода мешуданд. Кулолгарии қаротоғиҳо ҳунари хеле баланд буда, воқеан имрӯз аз нав барқарор кардани ҳунарҳои мазкур аз фоида холӣ нест.
Иноят ФАЙЗУЛЛОЕВА,
ходими пешбари ПРМ АТТ