САМАРАИ РАНҶ

Омӯзгорӣ дар ҳама давру замон аз ҷумлаи пешаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад, зеро ояндаи фарзандон ва худи мо ба саъю кӯшиши ӯ вобаста аст. Ин ягона шахсест, ки бештари вақти худро ба тарбия ва таълими шогирдон сарф мекунад.Таълим ва тарбия ду ҷанбаи асосии фаъолияти омӯзгор мебошанд.
Нисбат ба тарбияи солими насли наврас омӯзгор шахси масъул ва дар назди ҷамъият ҷавобгар аст. Барои ин худи омӯзгор бояд равшанфикр, бамеҳр, ҷӯянда ва мушкилкушои пешаи худ бошад, асрори ниҳони касбашро аз ҷомеа ва бузургон биомӯзад. Зеро ҷомеа эҷодкори нодир, омӯзгори моҳир, ислоҳкори қодир аст. Агар ба ин манбаъҳои ғанӣ оқилона рӯ оварда шавад, калиди қуфли ҳар мушкилоту муаммо ба каф меояд. Дуруст гуфтаанд, ки «Зери ранҷ бувад ганҷҳои пинҳонӣ».
Омӯзгор шахси барумандест, ки ба инсон илму адаб меомӯзад. Ҳамин аст, ки шоир ҳаққи устодро аз падар боло донистааст.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳама маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдон аз ӯ вобастагӣ дорад. Омӯзгор вазифаи аз ҳама пурмасъулиятро ба зимма гирифта, тифли инсониятро тарбия менамояд ва илм меомӯзонад.
Даме ки устод шогирди бо ҷон парвардаашро баркамол мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст, зеро шогирди хуб ифтихори муаллим аст. Наметавон бе мураббӣ алфозе омӯхт, дониш андӯхт ё худ ба ҷое расид. Омӯзгор шахсест роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор ва дӯсти беғараз.
Ба қадри омӯзгор бояд бирасем ва ҳурматашро ба ҷо биёрем.

Ҳамида ҒАФУРОВА,
омӯзгори калони кафедраи
назарияи иқтисодии ДДТТ