Дар таърихи рушди соҳаи маорифи ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо шахсияту сулолаҳое кам нестанд, ки ба таълиму тарбия ва маълумотнок гаштани ҷавонон ҳамчун муаллим ҳиссаи босазо гузоштаанд. Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд оилаи Имомовҳо аз чунин сулолаҳо ба шумор мераванд. Дар ин оила аз 6 нафар писар панҷ нафари онҳо ва яке аз келинҳо (Холмуҳаммад, Муҳаммадраҷаб, Ниёзмуҳаммад, Рӯзимуҳаммад, Ашӯрмуҳаммад ва завҷаи ӯ Марҳаматбону) ба касби омӯзгорӣ машғуланд.
Фарзанди калонии хонадон – Холмуҳаммад (соли таваллуд 1924) баҳори соли 1943 ба Ҷанги дуюми ҷаҳон даъват шуда, дар яке аз муҳорибаҳо захмӣ ва соли 1944 бо ҷароҳати вазнин ба зодгоҳ баргашт. Баъди чандин соли табобат тобистони соли 1947 курси аввали шуъбаи ғоибонаи омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодомро хатм намуд ва дар мактабҳои деҳоти Понғози ноҳияи Ашт ба муаллимӣ пардохт. Бо анҷоми таҳсили омӯзишгоҳи мазкур таҳсилро дар Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Хуҷанд (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) идома дода, онро соли 1958 бомувафаққият ҳатм намуд. Ӯ тамоми умр ба омӯзгорӣ машғул шуда, соли 1997 ба нафақа баромад. Соли 2012 оламро тарк намуд.
Муҳаммадраҷаб Имомов, писари сеюми хонадон низ аз ҷавонӣ касби омӯзгориро интихоб намуда, бо сабаби дар деҳаи Понғоз набудани мактаби таҳсилоти миёна солҳои 1949-1950 таҳсилро дар мактаб-интернати деҳаи Ашт, ки аз зодгоҳ қариб 40 км дуртар ҷойгир аст, идома дода, синфи даҳумро хатм кард. Аз соли 1950 то соли 1951 ҳамчун муаллими мактаб дар деҳаҳои Мулломир ва Қулихоҷаи ноҳияи Ашт кор кард.
Соли 1952 ба курси якуми факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи педагогии шаҳри Сталинобод (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ), ба шуъбаи рӯзона дохил шуд. Соли 1956 Муҳаммадраҷаб Имомов аввалин касе гашт, ки аз Ҷамоати деҳоти Понғоз соҳиби маълумоти олии педагогӣ гардид. Ӯро барои кор дар мактабҳои ноҳияи Куйбишев (айни замон Абдураҳмони Ҷомӣ) мефиристанд. Дар ноҳия мудири шуъбаи маориф Азораев бо мутахассиси ҷавон ҳамсуҳбат гашта, дар бораи директори яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ноҳия – мактаби миёнаи ба номи Ленин таъйин намудани ӯ фармон баровард.
Дар таҷрибаи маорифи Тоҷикистон ҳодисаи ҳатмкунандаи мактаби олиро якбора ба вазифаи директори мактаби миёнаи ноҳия таъйин намудан зиёд нест.
Чанде нагузашта, таҷрибаи кори ӯро дар ҷамъомадҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳамчун намунаи дигар мактабҳо муаррифӣ мекарданд.
Фаъолияти ӯ минбаъд дар низоми маориф ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт идома ёфт…
Мухтасари ҳолномаи Муҳаммадраҷаб Имомовро бо мактуби як гурӯҳ шогирдони собиқи омӯзгор аз мактаби миёнаи ба номи Ленини ноҳияи Куйбишев, ки дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият»), 4 марти соли 1983) бо номи «Пиронро азиз доред» чоп шуда буд, хотима мебахшем:
«Муаллими муҳтарам, Раҷабалӣ Имомов! Шояд Шумо моро фаромӯш карда бошед. Охир, дар муддати мадиди омӯзгорӣ шогирдони зиёдеро тарбия намудаед. Ҳар вақте ки мо, собиқ ҳамсинфон, ҷамъ оем, сабақҳои шуморо ба хотир меорем ва миннатдорӣ изҳор менамоем. Шумо ба мавзуи дарс қаноат накарда, ба мо аз боби одаму одамгарӣ насиҳат мегуфтед. Сабақи аввалини ҳаётро аз шумо омӯхтем. Ҳоло мо намояндагони касбу кори гуногунем ва мақсаду мароми зиндагии мо ба нафъи халқу Ватан меҳнат кардан аст».
Яке аз бародарони Муҳаммадраҷаб — Ашӯрмуҳаммад нақл кард, ки вақте ин сатрҳоро аз рӯзнома бародарам мехонданд, аз чашмонашон ашк мерехт ва бо самимият мегуфтанд, ки агар саломатиам даст диҳад, орзуи сафар ба мактаби мазкур ва вохӯрӣ бо собиқ шогирдон ва аҳли мактаб дорам. Мутаассифона, чунин имконро наёфтанд ва соли 1999 дар 67 – солагӣ аз олам чашм пӯшиданд…
Рухшона НУРМАТОВА,
корманди Китобхонаи
миллии Тоҷикистон