ҲЕҶ КАС АЗ ТАҲСИЛ ДУР ВА БЕ МАЪЛУМОТ НАМЕМОНАД

Мусоҳиба бо директори Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ғоибона) барои наврасон ва калонсолон дар назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Умед Чоршанбезода
– Муҳтарам Умед Чоршанбезода, дар оғоз мехостем дар бораи зарурати таъсиси Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ғоибона) барои наврасон ва калонсолон ва нақши он дар ҳаёти имрӯзаи шаҳрвандон чанд сухан бигӯед.
– Тавре ки маълум аст, баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ бо дасисаю иғвои қувваҳои берунӣ ва зархаридони онҳо дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки оқибатҳои фоҷеабор дошт. Яке аз сабабҳои ногувору манфии ин ҷанг, аз мактаб ва таълиму тарбия дур мондани иддае аз шаҳрвандони мамлакат маҳсуб меёфт. Мутаассифона, ин падидаи нохуш дар солҳои минбаъда низ нақши худро дар ҳаёти мардум ва соҳаи маориф гузошт. Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ шумораи муроҷиаткунандагон ба таҳсили ғоибона ва соҳибмаълумот гардидан афзоиш ёфт. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ таҳсили шахсонеро, ки синнашон аз давраи мактабӣ гузаштааст, дар мактабҳои ғоибона ба роҳ монд. Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.08.2014) Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ғоибона) барои наврасон ва калонсолон таъсис дода шуд. Бояд хотиррасон кард, ки муассисаи ғоибона ягона муассисаи соҳиби маълумоти асосӣ ва миёнаи умумӣ гардидани шаҳрвандон мебошад. ки ба он аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он низ муроҷиат мекунанд.
– Татбиқи барномаи давлатии таълимӣ ва таҳсили шаҳрвандон дар муассисаи шумо чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?
– Тибқи талаботи банди 2-и Низомномаи гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шакли ғоибона, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз 16.01.2015 тасдиқ шудааст, мактаби ғоибона барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумиро дар зинаҳои дуюм (синфҳои 5-9) ва сеюми таҳсил (синфҳои 10-12) дар асоси нақшаҳои таълимие, ки аз тарафи вазорат тасдиқ ва пешниҳод шудааст, амалӣ менамояд. Машғулиятҳои таълимӣ дар муассиса аз моҳи октябр оғоз гардида, давра ба давра дар давоми сол гурӯҳҳо ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дар нимсолаи аввал 3 гурӯҳ, ки ҳар яки он наздики 200 муҳассилро дар бар мегирад, таълим дода мешаванд. Давомнокии машғулиятҳо 30 рӯз дар нимсолаи аввал ва 30 рӯзи дигар дар нимсолаи дувуми таҳсил мебошад. Хонандагон дар охири сол бо супоридани аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ ба дигар синф гузаронда мешаванд. Дар зинаи сеюми таҳсилот хонандагон 3 сол таҳсилро идома дода, синфи 12-ро хатм мекунанд. Махсусияти таълим дар мактаби ғоибона ин аст, ки дар он гурӯҳҳои таълимии омехта ба таҳсил бо фаро гирифтани барномаи таълимии ду синф дар як сол ҷалб карда мешаванд. Масалан, шахсе, ки то синфи чор таҳсил кардааст, дар мактаби ғоибона аз рӯйи таълими омехта барномаи ду синфро дар як сол фаро мегирад (синфҳои 5-6 ва 7-8). Аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ ва хатми муассисаи мазкур баъди ба тасвиб расидани фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон оид ба анҷоми соли таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, тибқи нишондод ва рӯйхати фанҳои аттестатсионӣ амалӣ карда мешавад.
– Дар иртибот ба масъалаи мазкур тавзеҳ медодед, ки қабули шаҳрвандон ба Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ғоибона) барои наврасон ва калонсолон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? Оё дар самти таҳсили шаҳрвандон ягон мушкилӣ вуҷуд дорад?
– Мувофиқи нишондоди банди 9-и Низомномаи гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шакли ғоибона шаҳрвандоне, ки бо сабабҳои гуногун аз таҳсил дур мондаанд ва синну солашон аз 18 боло мебошад, барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ ба мактаби ғоибона қабул карда мешаванд. Дар масъалаи қабули шаҳрвандон ба таҳсил баъзе нозукиҳо ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, гоҳо ба мо шахсоне муроҷиат мекунанд, ки синну солашон аз 40 боло мебошад (бештар заноне, ки зиндагияшон хеле вазнин аст ва соҳиби 3-4 фарзанданд). Хуб мешуд, ба хотири дастгирии ин гурӯҳи занон давраи таҳсил ба таври мухтасар ба роҳ монда шавад. Яъне, дар зинаи сеюми таҳсил занони дорои мушкилиҳои зиндагӣ бар ивази 3 сол, 2 сол ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Ҳамчунин, бо дарназардошти мушкилоту вазъи вазнини таълимгирандагон, дар баробари қабули онҳо ба таври шартномавӣ, шакли ройгони он (аз ҳисоби бюҷет) роҳандозӣ гардад. Хуллас, ба мактаби ғоибона бештар шаҳрвандони синнашон аз 30 боло муроҷиат мекунанд.
Аз рӯзи таъсисёбияш то имрӯз Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ғоибона) барои наврасон ва калонсолон 5097 нафар таълимгирандаро ба таҳсил фаро гирифтааст, ки аз ин шумора 3567 нафари онро духтарон ташкил медиҳанд. Дар давоми панҷ соли охир 3432 нафар муассисаро хатм намуда, 995 нафар духтар (занон) соҳиби аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва 2464 нафар дорои аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ гардидаанд. Соли таҳсили гузашта 174 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 156 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла, 4 нафар пас аз хатми муассисаи ғоибона ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия дохил шуданд.
Соли равон 118 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 225 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил ва соҳиби номи донишҷӯ гардиданд.
– Чунонки маълум аст, талаботи яке аз бандҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 ба таҳсил фаро гирифтани духтарони бо ину он сабаб аз таҳсил дурмонда мебошад. Дар ин самт Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ғоибона) барои наврасон ва калонсолон чӣ корҳоро ба анҷом расондааст?
– Аз соли 2019 инҷониб 1985 нафар духтар (зан) ба муассиса ҳуҷҷат пешниҳод намуда, дар зинаҳои дуюм ва сеюм ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Бояд гуфт, ки барои таҳсили духтарону занон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Ҳамасола ба муассиса зиёда аз 600 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, ки тақрибан 70 фоизи онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Таври мисол, соли таҳсили 2021-2022 690 нафар ба муассиса ба таҳсил ҷалб карда шуданд, ки 489 нафари ононро занону духтарон аз шаҳру навоҳии дурдаст ташкил медоданд. Пас аз супоридани аттестатсияи хатм ба 284 нафар аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва ба 346 нафар хатмкунандаи синфи 12 аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ дода шуд. Аз шумораи умумии хатмкунандагони соли 2022, 427 нафарро духтарону занон ташкил менамуданд. Соли таҳсили 2022-2023 ба 774 нафар хатмкунандаи синфи 12 аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ дода шуд. Дар тӯли се соли охир аз Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ғоибона) барои наврасон ва калонсолон 422 нафар духтару зан соҳиби аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва 505 нафар дорои аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ гардида, 153 нафар духтар ба муассисаҳои олии кишвар дохил гардида, ба таҳсили худ идома дода истодаанд.
– Дар робита ба ҳамин мавзуъ фаҳмидан мехостем, ки муассиса ҷиҳати дастгирии занону духтарон чӣ имтиёзҳоро роҳандозӣ намудааст?
– Таҳсил дар муассиса ба таври шартномавӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, дар давоми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби занону духтарони камбизоат ва иллати ҷисмонидошта дар муассисаи ғоибона 51 нафар ба таври ройгон ва 54 нафар бо пардохти 50 фоизи маблағи шартномаи таҳсил фаро гирифта шудаанд. Истифодаи китобҳои дарсӣ низ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.
– Дар хатми суҳбат иброз медоштед, ки фаъолияти молиявии муассиса чӣ тавр аст?
– Муассисаи ғоибона фаъолияти худро пурра аз ҳисоби маблағҳои шаҳрвандон, ки барои таҳсил кардан тариқи шартномавӣ месупоранд, амалӣ менамояд. Барои хонандагони ятими кул ва аз оилаҳои камбизоат, занони танҳо ва маъюб, тибқи талаботи муқарраргардида таҳсил ройгон ва 50 дар сад ба роҳ монда мешавад.
Мусоҳиб
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»