МЕҲРГОН ҶАШНИ НИЁГОНИ МАН АСТ

Меҳргон ҷашни ниёгони ман аст,
Меҳри ӯ дар қалбу дар ҷони ман аст.
Меҳргон чун Наврӯз ҷашни бузурги мардуми ориётабор буда, имрӯз низ ботантана таҷлил мешавад. Аслан, Меҳргон ҷашни кишоварзон, яъне деҳқонон маҳсуб мешавад. Чун фасли бобаракати тирамоҳ фаро мерасад, меваҳо мепазанд, марди деҳқон ба ғунучини ҳосил шуруъ мекунад, дастархони мардум пур аз нозу неъмат мешавад. Онҳо ба якдигар дар ин рӯзи муборак аз ҳосили ҷамъовардаи хеш бахшишҳо мекунанд:
Рӯзи афзун мешавад аз Меҳргон,
Пур зи неъмат гашта хони деҳқон.
Нони гарму меваҳои шаккарин
Аз саховатҳои дасти деҳқон.
Меҳргон аз калимаи «меҳр» гирифта шуда, маънояш Офтоб мебошад. Ин ҷашн мувофиқи тақвими зардуштӣ дар 16-уми моҳи Меҳр / 8 октябр / баъди ҷамъоварии ҳосил баргузор мегардад.
Агар ба таърихи ҷашни Меҳргон назар андозем, ин ид ниҳоят қадимӣ ва бостонӣ аст. Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» чунин мефармояд: «Меҳрмоҳ рӯзи аввали он Ҳурмуздрӯз аст. Ва рӯзи шонздаҳуми рӯзи Меҳр аст, ки иди бузург аст ва ба Меҳргон маъруф аст. Ва гӯянд, ки меҳр номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд, ин аст, ки ин рӯзро Меҳргон мегӯянд… Ва сабаби ин ид он аст, ки дар ин рӯз Фаридун бар Заҳҳок зафар ёфт ва ӯро ба қайди асорат даровард».
Дар замонҳои қадим яке аз анъанаҳои маъмул ва ҷолиби ин ҷашн оростани дастархони меҳргонӣ будааст. Дар Меҳргони бузург чун шоҳ намояндагони вилоятҳо ва шаҳрҳоро қабул мекард, онҳо ба шоҳ туҳфаҳои гаронбаҳо тақдим мекарданд. Дар ин ҷашн сарояндагон ва ромишгарон базми суруду тарона меоростанд. Ин сурудҳо бо унвони «Меҳргонӣ», «Меҳргони бузург» ё «Меҳргони хурдак» ёд мешаванд.
Дар рӯзи Меҳргон шоҳи Сосонӣ ҷомаи зарбофти қиматбаҳо ба бар ва тоҷи махсусеро, ки нақши Хуршед дошт, ба сар мекард ва мардумро қабул мекард. Дастархони бузург таҳия мегардид ва онро бо навъҳои гуногуни хӯрок, аз қабили гулоб, ширинӣ, сабзавот ва меваҳои гуногун пур ва шамъҳои зиёде фурӯзон мекарданд.
Дар васфи Меҳргон шоирони тоҷик шеърҳои зиёде эҷод кардаанд. Устод Рӯдакӣ мегӯяд:
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар бораи Меҳргон чунин омадааст:
Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносоиву хӯрдан оини ӯст.
Агар ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,
Бикӯшу ба ранҷ ҳеҷ манмой чеҳр.
Баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурии мо ин ҷашни бузурги бостонӣ дар миёни мардум маҳбубияти бештаре касб кард.
Меҳргонро мардуми шарифи Тоҷикистон бо меҳру муҳаббат ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Дастархони пур аз нозу неъмат ороста, дар ин рӯз шодиву хурсандӣ менамоянд ва аз рӯзгори осоиштаи хеш шукрона мекунанд.
Иди меҳр асту муҳаббат Меҳргон,
Иди дӯстиву садоқат Меҳргон.
Иди ҳосил асту рӯзи хуррамӣ,
Иди бахт асту саодат Меҳргон.

Насими ЗАМОН,
омӯзгори МТМУ №45,
ноҳияи Рӯдакӣ