УСТОД РӮДАКӢ ВА ЗАМОНИ МО

Ба таври густурда таҷлил гардидани санаҳои муҳимми таърихӣ, сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла, Рӯзи устод Рӯдакӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бояд ба мушаххасоти ҳувиятӣ ва миллӣ табдил ёбад.
Якум. Дар таърихи адабу фарҳанги миллӣ устод Рӯдакӣ ба унвони падари шеъри форсии дарии тоҷикӣ шинохта шудааст ва аз асри X то имрӯз дар муҳити илмию фарҳангӣ, фазои маърифатӣ аз абёти шоир ба таври фаровон истифода шудаву мешавад. Устод Рӯдакӣ ҷаҳон ва зиндагиро дар ойинаи илму хирад дидааст ва фарҳангро ба сифати ганҷи бебаҳо тавсиф намудааст:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Фарҳанг, дар нигоҳи устод Рӯдакӣ аслу моҳияти зиндагии инсонист ва инсон ҳар қадар ба фарҳанг – ба ин ганҷи бебаҳо пайванд гардад, маънии инсониро дармеёбад ва ҳалли мушкилоту муаммову уқдаҳои рӯзгор барояш осонтар мешавад. Баръакс, агар аз фарҳанг фосилаву канора бигирад, моҳияту сиришти худро зери суол мебарад.
Дуюм. Дар ҳоле ки имрӯз мо бо бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ва таҳдиду хатарҳои ҷиддии ифротгаройиву даҳшатафканиву тундравӣ рӯ ба рӯем, шеъри зиндагисозу ангезабарангези устод Рӯдакӣ дастгиру мададгорамон буда метавонад. Солҳост, ки фазову муҳитҳои иҷтимоию мадании мо тавассути афкори ғаразноки хурофотӣ мағшуш шуда, табақаҳои иҷтимоӣ побанди ҷаҳолату таассуби мазҳабӣ мегарданд. «Эпидемия»-и хурофотзадагӣ ҷомеа, махсусан, насли наврасу ҷавонро, ки ба лиҳози ҷисмӣ-баданӣ (физиологӣ) қувватманду хунгарманд, фаро гирифтааст ва муросову созиш бо ин навъи эпидемияи фарогиру кушандаи башарӣ (манзур таассубу хурофот ва хушкандешӣ аст), ғолибан ба кори рӯзмарраи қишри зиёӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст. Бетафовутӣ, фориғболӣ, бепарвоӣ, саҳлангорӣ, муросокорӣ ва тамошобинии зиёиёну фарҳангиён ба вазъи ногувори фикрию ҳувиятию ахлоқӣ роҳро барои ташаннуҷи ҷаҳолату нодонӣ ҳамвор сохтааст. Танҳо ангуштшумор нафароне пайдо мешаванд, ки дар қиболи вазъи мавҷуда сукут намеварзанд ва алайҳи ҷаҳолату хурофот дар ҳар шакле муқовимат мекунанд ва садои озодагӣ дармедиҳанд.
Сеюм. Тавре ки мусаллам аст, устод Рӯдакӣ даъвии фалсафӣ пеш меорад, ки ба ҷаҳону ҳастӣ бо чашми хирад бояд нигарист ва аз таҷрибаи рӯзгор баҳра гирифт. Ин навъ мавқеъгирии фалсафию миллӣ шахсияти фалсафӣ ва равшангар будани устод Рӯдакиро ба намоиш мегузорад. Устод Рӯдакӣ ҳамчун файласуфи шеъри форсии дарии тоҷикӣ бар мабнои донишҳои фалсафии замон таркиби диалектикаи оламро ба тасвир мекашад. Ӯ масоили рӯзгору зиндагиро аз тариқи усул ва васила-приёмҳои фалсафӣ матраҳ мекунад ва ба ҳайси як файласуф ба баҳси фалсафӣ дар қолаби назми классикӣ мепардозад. Ба назари донишмандон, устод Рӯдакӣ асрҳо пеш аз Ҳегел ба ҷавҳари диалектика пай бурда, дар заминаи назариёти таҳаввулу татаввур тағйир пазируфтани олами ҳастиро дар қолаби манзум ба риштаи тасвир баркашида, даъво пеш меорад, ки ҳеҷ чиз собиту сокин нест: куҳан нав мешавад ва нав куҳан мегардад, дармон дард мешавад ва дард дармон.
Устод Рӯдакӣ дар баробари тавонмандиҳои адабию эҷодӣ марде андешаманд ва файласуфмашраб низ буда, аз макотиби фалсафии юнонӣ огаҳӣ доштааст. Вақте ки абётеро аз ин тариқ:
Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд
Ва нав кунад ба замоне ҳамон ки хулқон буд,
мегӯяд, ба назарияҳои файласуфони қадимаи юнонӣ Парменид (540-515 то милод) ва Ҳераклид (540-480 то милод) як навъ истинод мекунад. Маълум аст, ки дар ҷаҳони қадими Юнон пурсишҳое ба ин мазмун матраҳ будаанд, ки оё ҷаҳони ҳастӣ, мавҷудот ва табиат, ки ба зоҳир сокин менамоянд, ба ростӣ сокинанд ё дар ниҳод ва бунёди худ ноороманду мутаҳаррик? Ин пурсиш дар Юнонзамин ду посухро ба дунбол дошт: яке, назарияи будан (сукун), ки тибқи он, ҳастӣ сокин ва собит аст. Ин назарияро файласуф Парменид иброз кард ва дигаре, назарияи шудан (сайрурат ва ҳаракат), ки мувофиқи он, ҳастӣ пайваста дар ҳоли дигаргунӣ аст. Ин назарияро ҳакими дигари юнонӣ Ҳераклид матраҳ карда, бар он таъкид кардааст, ки ҳастӣ дар тағйиру таҳаввул ва дигаршавӣ қарор дорад ва ин мафҳумро ӯ дар қолаби «ду бор дар як рӯдхона наметавон ворид шуд» баён доштааст. Пайравони Ҳераклид ӯро падари диалектика медонанд.
Чаҳорум. Фазои мағшуши ақидатӣ ва фикрию ҳувиятӣ, ки имрӯз давлат, ниҳодҳои марбутаи ҳукуматӣ, ҷомеаи маданӣ ва қишри рӯшангарии ватаниро нигарон сохтааст, пеш аз ҳама, бар руҳияи озодандешӣ, тафаккури мантиқӣ ва равони миллӣ садама мезанад. Агар бадани озодандешию миллӣ осеб бубинад, давлат ва миллат осеб мебинанд ва ҳамин тур, ҳадафи ҳувиятсозӣ ва сохтмони давлати дунявӣ, ки бар мабнои хирадмеҳварӣ бунёд мегардад, зери хатари ҷиддӣ қарор мегирад. Мо, мутаассифона, дар дуроҳаи хушкандешии саросарӣ ва озодандешии миллӣ қарор дорем ва дар ин шабу рӯзи хатарбор, ки аз ҳар сӯ чолишҳо таҳдидамон мекунанд, тамаркуз сари ғоя-андешаи миллӣ амри замонию маконист. Аз сӯйи дигар, шинохту муаррифии шеъри устод Рӯдакӣ, ки заминаи миллӣ ва дунявӣ дорад, ба дарди имрӯзамон мехурад ва дарду захмҳои куҳани моро дармон месозад. Афзун бар ин, устод Рӯдакӣ дар замоне зиндагӣ кардааст, ки як навъ таносуб миёни таассубу хурофот (фанатизм) ва ақлбоварӣ (ратсионализм) вуҷуд дошт ва давлати Сомониён фазои мусоиди ақидатӣ, фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ ва маданиро фароҳам оварда буданд.
Аз ин ҷиҳат, шоироне мисли устод Рӯдакӣ дар фазои озодии виҷдону ақида ба сар мебурданд ва дар чунин муҳите озода, албатта, озодандешӣ ҳам имконпазир буд. Ба ин маънӣ, устод Рӯдакӣ мисли ниёкони бошарафи худ озодманишӣ мекунад, зиндагӣ ва фурсати умрро ғанимат мешумарад, шодӣ мекунад ва аз зиндагӣ лаззат бурданро ба ҳамагон тавсия менамояд:
Панҷум. Ба ин тартиб, шеъри устод Рӯдакӣ чун рамз-символи миллӣ имрӯз ҳам талаботи фикрӣ, адабӣ-бадеӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва ҳувиятии моро қонеъ мегардонад. Шеъри устод аз зиндагию рӯзгори миллат сарчашма мегирад ва бар руҳу равони миллат қудрату тавон мебахшад. Ба ин маънӣ:
Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,
Гул бирезад, нарезад аз вай бӯй.
Нозим НУРЗОДА,
пажуҳишгар