ВУСЪАТИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ РАВОН

9 октябри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти вазорат дар нуҳ моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сардорони сарраёсат ва раёсат, мудирони бахш ва шуъбаҳои маориф, директорони муассисаҳои мақоми ҷумҳуриявидошта ва кормандони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар иштирок намуданд.
Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт ва оид ба фаъолияти вазорат дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода суханронӣ кард.
— Сарвари давлат таъкид намуданд: «Ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баланд бардошта, насли ояндасози кишвар бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани хеш, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода карда шавад». Ин дастури Пешвои миллат мо-маорифчиён ва аҳли илмро водор месозад, ки бо масъулияти дучанд пайваста дар баланд бардоштани маърифати хонандагону донишҷӯён, беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва мустаҳкам намудани шароити моддиву техникии муассисаҳои таълимии кишвар бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем,-зикр кард вазир Р.Саидзода.
Сипас, вазир таваҷҷуҳи аҳли толорро ба зинаи таҳсилоти томактабӣ ҷалб намуда, зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ теъдоди муассисаҳои томактабӣ 11 адад афзуда, шумораи тарбиятгирандагон ба 102525 нафар расид ва ин нисбат ба нуҳмоҳаи соли гузашта 1355 кӯдак зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ 139 муассисаи томактабии хусусӣ ва 16 Маркази инкишофи хусусӣ фаъолият менамояд, ки дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи томактабӣ 171416 нафар ё 16%-ро ташкил медиҳад.
Дар идома Р. Саидзода доир ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ сухан гуфта, аз ҷумла, зикр кард, ки даври сеюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар аксар шаҳру ноҳияҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида гузаронида шуда, аз шумораи умумии 3506 нафар довталабе, ки ба даври сеюм роҳхат гирифта буданд, 3024 нафар иштирок намуданд. Аз теъдоди мазкур ба даври чорум 528 довталаб (367 занону духтарон), аз ҷумла, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 84 нафар, шаҳри Душанбе 120 нафар, вилояти Суғд 112 нафар, вилояти Хатлон 110 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 102 нафар роҳхат гирифтанд, ки нисбат ба соли гузашта 86 нафар зиёд мебошад.
Мутобиқи Низомнома нимаи дуюми моҳи май даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо баргузор гардид. Дар он 30 607 нафар иштирок намуда, 4 721 нафар ғолиби даври дуюм шуданд ва ба даври сеюми озмун роҳхат ёфтанд. Пешниҳоди ғолибон ба даври 3-юми озмун дар муқоиса ба соли гузашта 1555 нафар зиёд гардидааст.
Ҳамчунин, дар даври якуми озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» 140 787 нафар, дар даври дуюм 16994 нафар, дар даври сеюм 1605 нафар иштирок намуда, ба даври чоруми озмун, дар маҷмуъ, 115 нафар роҳхат гирифтанд.
Дар даҳаи аввали моҳи июли соли ҷорӣ озмуни довталабони аттестати аъло аз рӯи равияҳо ба медалҳои тилло ва нуқра гузаронида шуд. Дар озмуни имсола аз 103 ҳуҷҷати пешниҳодшудаи довталабон баъди арзёбии комиссияи ташхисии назди Вазорати маориф ва илм 57 нафар довталаб дар озмун иштирок намуданд. Аз шумораи умумии иштирокчиён 34 хонанда баъди бомуваффақият супоридани шартҳо дар озмун ғолиб гардиданд.
Ҷамъбасти даври ҷумҳурия-вии олимпиадаҳои фаннии хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар соли 2023 нишон дод, ки аз шумораи умумии 8374 нафар иштирокчӣ 2964 нафар хонанда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (155 медали тилло, 583 медали нуқра ва 2226 медали биринҷӣ) гардиданд ва ин нишондод нисбат ба соли 2022 230 ҷойи ифтихорӣ зиёд буда, рушди он, дар умум, аз ҷиҳати сифатнокӣ 35,6 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ 8692 нафар хонандаи ҷумҳурӣ дар 28 олимпиадаи байналмилаливу ҷаҳонӣ иштирок намуда, 967 ҷойи ифтихорӣ ба даст оварданд.
— Яке аз масъалаҳои асосие, ки зери таваҷҷуҳи роҳбарияти Вазорати маориф ва илм қарор дорад, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва китобҳои дарсӣ мебошад, — зикр кард вазир. — Эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2023-2024 ба 4353 нафар пешниҳод гардида, дар асоси тақсимот ба 3432 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (2685 нафар таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла, 669 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 747 нафар таҳсилоти миёнаи касбӣ) ҷиҳати ба ҷойи кор сафарбар шудан роҳхати Вазорати маориф ва илм дода шудааст. Инчунин, муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5–и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омӯзгорони собиқадор бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин карда шудаанд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ айни ҳол ҳолати эҳтиёҷоти кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 740 нафарро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 138 номгӯй адабиёти таълимиву бадеӣ ба миқдори 3 988 557 нусха барои муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 756 817 нусха зиёд аст.
Ба таъкиди вазири маориф ва илм Р.Саидзода, алҳол дар 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 15 равия (иқтисодӣ, техника ва технология, нақлиёт, техникаи радиоэлектронӣ, энергетика, саноати кимиёвӣ, саноати сабук, саноати кӯҳӣ, меъморӣ, сохтмон, кишоварзӣ, металлургӣ, сайёҳӣ, хизмати маишӣ ва хӯроки умумӣ) мутахассисон омода карда мешаванд.
Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (аз ин теъдод 57 муассисаи давлатӣ) раванди таълиму тарбия дар доираи талаботи нақшаю барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои фаннӣ таълиму тарбия ба роҳ монда шуда, ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ бо мақсади мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи замони муосир ва ба танзим даровардани фаъолияти онҳо 16 санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардида, 1 санад барои тасдиқ ба ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст, ки нисбат ба нуҳ моҳи соли таҳсили 2022 2 санади меъёрӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ озмуни довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 61 шаҳру ноҳияи кишвар баргузор гардид. Яке аз мушкилоти асосӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳозир нагаштани довталабони тибқи квотаи Президентӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки ба ҳолати 21 сентябри соли 2023 аз 1266 нафар довталаби соҳиби квотаи Президентӣ 127 нафар аз 39 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳозир нагаштанд.
Айни замон, тибқи ҳисоботи оморӣ, дар ҷумҳурӣ 5340 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 865 (16,2%) нафар доктори илм (аз ин 131 нафар занон (15,14% )), 4370 нафар номзади илм ва 105 нафар доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Аз шумораи умумии номзадони илм ва доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос 1247 (27,9%) нафарро занон ташкил медиҳад.
Айни замон, дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 74 шурои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст, ки аз рӯйи 180 ихтисоси анъанавӣ ва 180 ихтисоси доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳоро ба ҳимоя қабул менамоянд. Дар нуҳмоҳаи соли 2023 ба Комиссия 470 диссертатсия ворид гардида, аз ин шумора 255 диссертатсия тасдиқ гардидааст. Аз ҷумла, дар самти илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ 30 (11,76%) диссертатсия, дар самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 189 (74,11%) диссертатсия ва дар самти илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, бойторӣ ва аграрӣ 36 (14,13%) диссертатсия тасдиқ гардидааст. Аз ин шумора, 206 рисолаи номзадӣ, 24 рисолаи докторӣ ва 25 рисолаи доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос мебошад.
Дар нимсолаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 17 шурои дессертатсионӣ, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудааст, фаъолият менамояд. Дар шуроҳои мазкур 45 нафар, аз ҷумла, 5 нафар рисолаи докторӣ ва 40 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.
Дар идома, вазири маориф ва илм доир ба иҷрои барномаҳои давлатӣ, рушди маблағгузории соҳаи маориф ва илм, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони соли таҳсили 2023-2024, вусъати ҳамкориҳо дар самти равобити байналмилалӣ, таҳкими фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва рушди заминаҳои ҳуқуқии соҳа, ҷалби хонандагон ба марказҳои таҳсилоти иловагӣ, фарогирӣ ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрию наздимактабӣ, фарогирии омӯзгорон ба курсҳои омӯзишию такмили ихтисос, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо компютер ва технологияи муосир ва ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма ҳисобот дода, фаъолияти як қатор муассисаҳои тобеи вазоратро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Дар қисмати музокираҳо Ғазалшо Сафарзода – сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, Фарҳод Шафизода – директори коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод ва сардори раёсати огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболоиғону ҷавонони ВКД, полковники милитсия Мансур Бухоризода суханронӣ намуданд. Дар маҷмуъ, ҳисоботи вазири маориф ва илм оид ба фаъолияти Вазорати маориф ва илм дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ қаноатбахш ҳисобида шуд.
Ҳамчунин, вазири маориф ва илм иброз намуд, ки дар баробари ҳамаи дастоварду мушкилоти ҷойдошта моро зарур аст, ки масъалаҳои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ботаҷрибаву дорои тахассус, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳо ба кабинетҳои фаннӣ, таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва дигар масъалаҳои муҳим диққати махсус зоҳир намоем. Ҳалли ин масъалаҳо ва рафъи мушкилоти ҷойдошта, ки тамоми фаъолияти соҳаи маориф ба онҳо вобастагии сахт дорад, вазифаи ҷонии кормандони соҳа ба шумор меравад.
Дар охир миёни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокдорон фикру мулоҳизаҳои худро ироа намуданд ва вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
«Омӯзгор»