ҶАМЪБАСТИ СЕ ОЗМУНИ «ОМӮЗГОР»

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз ҷумлаи кишварҳои дорои табиати зебою дилфиреб буда, мавзеъҳо ва минтақаҳои зиёди таърихию фарҳангӣ дорад. Қисми бештари онҳо ба феҳристи ёдгориҳои ҳифзшавандаи ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд. Ҳамасола баҳри ҳифзу гиромидошт, тарғиби ин ёдгориҳо ва ҳимояту муаррифии табиати биҳиштосои диёр тадбирҳои самарабахш андешида мешаванд. Эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумлаи ҳамин гуна тадбирҳост. Вобаста ба ин, зикр кардан бамаврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар чи бештар рушду нумуъ ёфтани соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пешниҳодҳои ҷолиб низ ироа медоранд.
Дар робита ба ин, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳафтаномаи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми мамлакат таҳти унвони «Тоҷикистон диданист!» барои беҳтарин лавҳа, мақола ва асарҳои публитсистӣ озмун эълон намуда буд. Озмун аз рӯзи эълон шуданаш (02. 02. 2023) то моҳи сентябри соли ҷорӣ таваҷҷуҳи хонандагону алоқамандони зиёди ҳафтаномаро ба худ ҷалб кард ва дар ин мавзуъ беш аз бист мақолаи муаллифон дар саҳифаҳои «Омӯзгор» нашр гардиданд. Ҳайати босалоҳияти доварон навиштаҳои муаллифон – иштирокдорони озмунро дақиқназарона мутолиа ва мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба чунин хулоса расид:
Ҷои якум. Азизбек Зумратов, омӯзгори литсейи №3, барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, барои мақолаи «Тоҷикистон сайқали рӯйи замин аст».
Ҷои дуюм. Файзи Фозил, рӯзноманигор, барои мақолаи «Биҳишти рӯйи дунёӣ, Бадахшон!»
Ҷои сеюм. Зайнулобиддин Ҳусейнов, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12, ноҳияи Ёвон, барои мақолаи «Сайри кишвари азиз фараҳафзост».
Ғолибон бо мукофотҳои пулии ДБССТ, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии ҳафтаномаи «Омӯзгор» қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин, бо мақсади татбиқи дастуру пешниҳодоти Пешвои миллат оид ба мақому эҳтироми омӯзгорон ва арҷгузории хидматҳои мондагору пурифтихори аҳли таълиму тарбия Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо ҳафтаномаи «Омӯзгор» таҳти унвони «Омӯзгор – машъалафрӯзи ҷомеа» барои беҳтарин мақолаҳо, лавҳаву ситоишномаҳо ва асарҳои публитсистӣ озмун эълон намуда буд. Аз рӯзи эълон шудани озмун (02.02.2023) то моҳи сентябри соли ҷорӣ дар нашрия беш аз сӣ мақола дар ин мавзуъ ба табъ расид. Баъд аз таҳлилу баррасии нигоштаҳои муаллифон аз ҷониби доварон инҳо сазовори ҷойҳои аввал гардиданд:
1. Қурбоналӣ Раҳимзода – корманди Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои мақолаи «Майл ба сӯйи Офтоб» — ҷойи 1.
2. Қутбиддин Мухторӣ – устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, барои мақолаи «Ҳамшаҳрӣ»-и ман» – ҷойи 2.
Музаффар Имомов – рӯзноманигор аз шаҳри Ваҳдат, барои мақолаи «Устоди соҳибмактаби риёзӣ»-ҷойи 2.
3. Ҳусейн Файзуллозода – декани факултети тарбияи ҷисмонии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, барои мақолаи «Ба таъзими устод кӯшиш намой» — ҷойи 3.
3. Бозорбой Каримов – омӯзгори мактаби №11, ноҳияи Деваштич, барои мақолаи «Устоди муаллимони Даҳкат» — ҷойи 3.
Нашрияи «Омӯзгор», инчунин, дар иртибот бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ барои беҳтарин мақолаҳои методӣ, илмӣ ва дастурӣ таҳти унвони «Дарси муосир: маҳорат, малака ва таҷриба» озмун эълон карда буд. Тӯли 8 моҳ (аз феврал то сентябри соли равон) дар ин мавзуъ дар нашрия наздик ба чил адад мақола чоп шуд. Доварон мақолаю матолиби муаллифонро таҳлилу баррасӣ карда, чунин натиҷагирӣ намуданд:
Ҷойи 1. Азизбек Боронов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, барои мақолаи «Омӯзиши таҷрибаи омӯзгорони фаъол».
Ҷойи 2. Фароғат Аслонова, омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, барои мақолаи «Ҳунармандӣ шарафмандист».
Ҷойи 3. Зайниддин Аҳадов, мудири кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи С.Айнӣ, барои мақолаи «Истифодаи усулҳои фаъол дар дарс».
Фахриддин Назиров, омӯз-гори гимназияи Балъамӣ, шаҳри Ваҳдат, барои мақолаи «Чун чашми хирад боз кунӣ…»
Озмунҳои «Тоҷикистон диданист!» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳиб-кории Тоҷикистон, «Омӯзгор — машъалафрӯзи ҷомеа» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Дарси муосир: маҳорат, малака ва таҷриба» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ шуданд. Идораи нашрия ба раҳбарияти ниҳодҳои мазкур барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун арзи сипос менамояд.

«Омӯзгор»