ПИРӮЗИИ АБДУҚАҲҲОР СУЛАЙМОНОВ

Ҳафтаи гузашта даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2023» бо иштироки панҷ нафар довталаб баргузор гардид. Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода озмунро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла, зикр кард, ки дар озмуни мазкур беҳтарин намояндагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар иштирок доранд. Онҳо бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаеро, ки дар ташкил ва баргузории машғулиятҳо ба василаи заҳмату ранҷи фаровон ҳосил намудаанд, пешкаши ҳайати доварон хоҳанд кард. Вазир афзуд, ки ҳар як нафар довталаб бояд амиқ итминон ҳосил кунад, ки иштироки ӯ дар даври ниҳоии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2023» худ пирӯзии навбатии ӯ ба шумор меравад. Дар охир Р.Саидзода ба иштирокдорони озмун барору комёбӣ хоста, аз ҳайати ҳакамон даъват ба амал овард, ки ба лаёқату маҳорат ва малакаю дониши довталабон мунсифона баҳогузорӣ намоянд.
Сипас, раиси кумитаи тадорукоти озмун, муовини вазири маориф ва илм З.Абдулзода дар хусуси мақсади асосии озмун ҳарф зада, иброз дошт, ки он бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии омӯзгорон, такмил бахшидани раванди таҳсилот, дарёфт ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони эҷодкор, рушди касбии омӯзгорон, дастгирӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар соҳа баргузор карда мешавад. Ҳамин тавр, довталабон ба иҷрои шарти якуми озмун – муаррифии таҷрибаи кор оғоз намуданд. Бояд хотиррасон намуд, ки мақсади ин шарт муаррифии таҷрибаи инноватсионӣ вобаста ба истифодаи маводи таълимӣ – методӣ, салоҳиятнокии омӯзгор дар корбурди технологияи муосир дар дарс, ошкор намудани мушкилот дар таълим ва пешниҳоди роҳи ҳалли он аз нуқтаи назари самарабахши таълим, масъалагузорӣ ва ҳаллу фасли он маҳсуб меёфт.
Довталаб – омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики литсейи №3 Сиротулло Зоиров барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо истифода аз слайд дар навор сухан ронда, аз ҷумла, гуфт, ки дар раванди баргузории машғулиятҳо ва тадбирҳои беруназсинфӣ бештар ба сайқал додани инкишофи нутқи шифоҳии хонандагон таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Аз суханони довталаб маълум гардид, ки вай дар машғулиятҳо аз усули фардикунонии таълим ба таври васеъ истифода мекунад. Ба интихоби дуруст ва бамавқею судманди сабки шеваҳои таълим бештар диққат дода, бо шабакаҳои симо, Академияи хурди илмҳо, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои пойтахт ва ғайра ҳамкорӣ ва робитаи зичро ба роҳ мондааст.
Мавсуф муаллифи панҷ китоби методӣ, аз ҷумла, як маҷмуаи ашъор буда, дар се соли охир дар нашрияҳои соҳавӣ («Омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор») мақолаҳои зиёди илмӣ-методӣ ба табъ расондааст. С.Зоиров қайд кард, ки ба ҷанбаи тарбиявию ахлоқии машғулиятҳои худ диққати ҳамаҷониба дода, соли гузашта дар ҳудуди пойтахт, дар байни муассисаҳои таълимӣ ғолиби озмуни «Беҳтарин роҳбари синф» гардид. Довталаб рисолаи илмии худро муваффақона ҳимоя карда, сазовори унвони номзади илми педагогика гардидааст. Дар машғулиятҳои таълимӣ аз 10 намуди салоҳият истифода мекунад.
Омӯзгори фанни физикаи мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб Абдуқаҳҳор Сулаймонов изҳор дошт, ки 11 сол боз ба таълиму тарбияи хонандагон машғул аст. Ҳамзамон, бо фаъолияти омӯзгорӣ ба таҳқиқоти илмӣ шуғл аст ва мақолаҳои илмияш дар маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ» ба нашр расидаанд. Муаллифи 6 дастури методӣ мебошад, ки аз он дутояш ба нашр расидаанд. Ба таъкиди довталаб, 17 нафар шогирди ӯ дар олимпиадаҳои мухталиф иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Зимни муаррифии таҷрибаи педагогии худ, довталаб – омӯзгори химияи гимназия – парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ Санавбар Абдуллозода зикр намуд, ки соли 2019 Донишгоҳи давлатии Данғараро аз рӯйи ихтисоси химия хатм карда, ҳанӯз аз курси сеюм ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохта, баъдан дар яке аз таълимгоҳҳои ноҳияи Данғара ба касби омӯзгорӣ идома додааст. Солҳои 2020-2021 бо Институти химияи Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ дошта, ҳамчун ассистент фаъолият кардааст. Соҳиби патент ва ду китоби методӣ буда, барои таҳқиқоти илмияш бо Ифтихорномаи АМИТ қадрдонӣ гардидааст. Ба иқрори довталаб, 6 сол мешавад, ки ба пажуҳиши илмӣ машғул асту рӯзҳои наздик рисолаи илмии худро дифоъ хоҳад кард.
Омӯзгори математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Роштқалъа Дилдор Суҳробов қайд кард, ки пас аз хатми Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ тӯли 7 сол дар мактаби Президентии шаҳр аз фанни математика ба хонандагон сабақ омӯзондааст. Солҳои 2013-2019 ба сифати мушовири Академияи хурди назди раёсати маорифи ВМКБ ва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 ба фаъолияти омӯзгорӣ идома медиҳад. Бо иқдоми Д.Суҳробов, дар таълимгоҳи мазкур синфхонаҳои фаннии математика ва технологияи иттилоотӣ ташкил карда шудааст. Таҷрибаи пешқадами омӯзгории довталаб дар тамоми муассисаҳои таълимии қаламрави ноҳия муаррифӣ ва паҳн карда мешавад. Муддати 4 сол мешавад, ки дар ҳудуди ноҳияи Роштқалъа машғулиятҳои иловагиро роҳандозӣ намудааст. Ба тасдиқи довталаб, тӯли солҳои фаъолияташ 40 нафар шогирди ӯ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ пирӯзӣ ба даст овардаанд. Номбурда барномаҳои вижаи таълимиро аз математика тавассути васоити технологияи инноватсионӣ таҳия намудааст.
– Дастовардҳои шогирдонам дар олимпиадаҳои ноҳиявию минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ боиси сарбаландии ман мебошад, — гуфт довталаб – омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Мастчоҳ Раҳима Ҳидоева ва афзуд, ки соли равон 5 нафар шогирдам дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳурӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ёздаҳ нафар шогирдам ба ҳайси омӯзгор дар муассисаҳои таълимии ноҳия ва шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд. Довталаб намунаи машғулияти тарбиявии худро дар мавзуи «Падари шеъри тоҷик – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» тавассути навор пешниҳоди ҳозирин гардонд. Р.Ҳидоева муаллифи дастурҳои методии зиёд барои омӯзгорони ҷавон ва хонандагон мебошад.
Шарти дигари озмун баргузор намудани маҷлиси падару модарон ба ҳисоб мерафт, ки аз довталаб ба волидон пешниҳод карда тавонистани моҳияти тарбиявӣ доштани мавзуъ, маҳорати эҷодӣ, эҳтироми якдигар ва таҳаммулпазирӣ, қобилияти гӯш кардан, шунидан ва дарки мавқеи падару модар доир ба мавзуъ ва ҷалб намудани онҳо ба баҳсу мунозираро тақозо мекард. Ба андешаи узви ҳайати ҳакамони озмун Абдусаттор Наҷмиддинов, ҳам дар иҷрои ин шарт ва ҳам шарти панҷум – гузаронидани соати тарбиявӣ маҳорату лаёқати довталабон яксон набуда, бархе тавонистанд худро озод эҳсос намуда, мақсаду ғояи дар пеш гузоштаашонро бо мисолҳои мушаххасу воқеӣ ва ибратомӯз ба самъи иштирокдорони ҷаласаи падару модарон расонанд. Воқеан, маҳз аз рӯйи дар кадом сатҳ баргузор намудани маҷлиси падару модарон ва дарси тарбиявӣ қобилият ва маҳорати ҳирфаии довталабон ҳамчун омӯзгорони пешқадам, ки дониши хуб ва тафаккуру ҷаҳонбинии фарох доранд, возеҳу бармало гардид ва албатта, беҳтаринҳо соҳиби холҳои баланд шуданд.
Рӯзи дигар довталабон ба иҷрои яке аз шартҳои асосии озмун – дарс аз рӯйи ихтисос шуруъ намуданд. Аз ҷумла, омӯзгори МТМУ №26-и ноҳияи Роштқалъа Дилдор Суҳробов аз фанни математика ба хонандагон машғулият гузаронд, ки ба таъйиди раиси ҳайати ҳакамони озмун, номзади илмҳои филологӣ Шарофиддин Асомиддинзода бо вусъати фарогирии тамоми лаҳзаҳои дарс, истифодаи васоити технологии муосир, корбурди огоҳона ва бамавқеи сабку шеваҳои навини таълимӣ, ташкили гурӯҳҳо ва пешниҳоди саволу супоришҳо ва амсоли инҳо яке аз машғулиятҳои пурмуҳтавою рангин ва ҷолибу шавқовар ба шумор мерафт. Довталаб Раҳима Ҳидоева, аз ноҳияи Мастчоҳ дар синфи 8 ба хонандагон аз забони модарӣ машғулият гузаронд, ки муассиру хотирмон буд. Довталаб саъйю талош бар он менамуд, ки ҳамаи хонандагон кӯшову фаъол бошанд, аз ин лиҳоз, агар гурӯҳеро ба тахтаи синф хонда, таҳлили ҷумлаҳоро аз онҳо тақозо намуда бошад, ба гурӯҳи дигар варақчаҳоро бо супоришу саволҳои тестӣ пешниҳод намуд. Аз чанд нафари дигар ба таври шифоҳӣ суолу ҷавобро перомуни аъзои ҷумла, сараъзою аъзои пайрав ташкил намуд. Сатҳу сифати донишазхудкунии хонандагон ва посухҳои саҳеҳу дақиқи эшон бозгӯйи он буд, ки онҳо аз моҳияту умқи мавзуъ иттилои жарф доранд. Довталаб огоҳона ва бамаврид аз тахтаи электронӣ истифода карда, мавзуи нав – «Ҷумлаҳои содаи яктаркиба ва дутаркиба»-ро дар ҳамбастагӣ бо шогирдон тавзеҳу тафсир бахшид. Хусусияти ҷолиби дигари лаёқати омӯзгор дар он зоҳир мешуд, ки вай аз вақт хеле самаранок истифода карда, тавассути хонандагон ҷумлаҳои бешуморе навиштаву таҳлил намуд. Омӯзгор барои рафъи хастагии хонандагон аз лаҳзаи дамгирӣ (ташкили бозии шавқовар) ва дигар сабку усулҳо, аз ҷумла, «Хӯша» истифода кард. Иштирокдори дигари озмун – омӯзгори физикаи мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб Абдуқаҳҳор Сулаймонов машғулияти худро дар синфи 8 аз фанни физика дар мавзуи «Конвенсия» баргузор намуд. Баъд аз руҷуи муқаддимавӣ (омӯзгор дар бораи фаслҳои сол ва хосиятҳои табиӣ (физикӣ)-и онҳо, аз ҷумла, тирамоҳ аз хонандагон пурсиш ба амал овард. Дар хусуси ҳаракати сайёраи замин дар меҳвари худ ва дар атрофи Офтоб маълумот ироа намуд, аз аҳли синф дар бораи моҳияти мафҳумҳои «конвенсия» ва «гармигузаронӣ» пурсон шуд.
Аз раванди дарс ва баёни мавзуи нав амиқ дарку эҳсос карда мешуд, ки омӯзгор дониши мукаммал ва лаёқати хуби тавзеҳ бахшидани моҳияти мафҳумҳои физикӣ (гармигузаронӣ дар металҳо, газу моеъҳо, раванди интиқолёбии гармигузаронӣ, омилҳои пайдоиши афканишот, аҳаммияти он дар табиат ва ғайра)-ро доро мебошад. Абдуқаҳҳор Сулаймонов таҷрибаву маҳорат, донишу қобилияти хуби равшану фаҳмо баён кардани мавзуи таълимиро соҳиб буда, аз технологияи нави муосир ҳадафмандонаю нишонрас истифода мекунад.
Довталаб Санавбар Абдуллозода аз ноҳияи Рӯдакӣ дарси худро аз фанни химия дар синфи 11 аз пурсиши вазифаи хонагӣ – «Карбогидрогенҳои ҳалқагӣ» оғоз карда, аз хонандагон дар хусуси ҳодисаҳои химиявии изомерия ва гомология пурсон шуд. Муаллима ҳамроҳ бо шогирдон мафҳумҳоро маънидод карда, бо чусту чолокӣ ва маълумоти фаровон доштан дар хусуси мафҳумҳои химиявӣ фарқ мекард. Машғулияти довталаб серпаҳлую фарогир буд, вай аз вақт моҳирона истифода карда, дар бораи ҳодисаҳои зиёди химиявӣ, моҳияти илмии мафҳумҳо ва татбиқи амалии ин ҳодисот дар саноат ҳарф мезаду маълумот медод ва дар зимн, тариқи суолҳо аз хонандагон пурсишҳо ба амал меовард.
Яке аз машғулиятҳои шавқовару рангин, ки дар сатҳи хеле хуб ва ҷавобгӯ ба талаботи дидактикаю методикаи замони муосир ташкил ва баргузор гардид, дарси довталаб Сиротулло Зоиров аз литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз фанни адабиёти тоҷик дар синфи 10 ба шумор мерафт. Дар оғоз довталаб шоҳбайтеро аз Сайидои Насафӣ ба самъи хонандгон расонд, сипас атрофи санаҳои таърихӣ, иду ҷашнвораҳо, аз ҷумла, Рӯзи омӯзгорон маълумот дода, шогирдонашро ба се гурӯҳ ҷудо ва саволу супоришҳои тестиро пешниҳоди онҳо намуд. Ба ин тариқ, вай мавзуи гузашта – «Мероси адабии Сайидо»-ро аз аҳли синф пурсид. Як гурӯҳ хонандагон дар тахтаи синф ба навиштани луғат ва шарҳи онҳо машғул шуда, гурӯҳи дигар дар бораи осори бадеии Сайидо (қисм-қисм) маълумот доданд.
Баъдан омӯзгор ба баёни мавзуи нав – «Мазмун ва мундариҷаи ғоявии «Шаҳрошӯб»-и Сайидои Насафӣ оғоз кард. Вай дар оғоз баҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз китоби «Чеҳраҳои мондагор» дар боби ҳунару маҳорати шоирии шоири забардасти асри XVII-и форсу тоҷик иқтибос оварда, тавассути тахтаи электронӣ мавзуи навро тавзеҳу ташреҳ дод.
Машғулияти гузаронидаи С.Зоиров гуногунҷанба, фарогир, пурмуҳтаво буда, тавассути муқоиса бо дигар шоирон маҳорати эҷодии Сайидо ба таври сареҳ бозгӯйӣ карда шуд. Дар раванди дарс аз саволҳои зиёд дар қисмати мустаҳкамкунӣ истифода карда, довталаб, ҳамзамон, бозии шавқовари «Кӣ зуд меёбад?»-ро ба роҳ монд. Ба гурӯҳҳо дар варақҳои калон кроссвордҳо бо саволҳо аз эҷодиёти Сайидо, бахусус, «Шаҳрошӯб»-и вай пешниҳод карда шуд, ки ҷолиб ва шавқовар буд. Ба аҳли синф, баъд аз он ки гурӯҳҳо ба саволҳои кроссвордҳо ҷавобҳои дуруст доданд, блитс-пурсиш гузаронида шуд.
Ҳамин тавр, довталабон дар иҷрои шартҳои таҳлили дарси ҳамдигар, саволу ҷавоб аз фанҳои таълимӣ, методикаи таълим ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф кор бо компютер ва тахтаи электронӣ то ҷое фаъол буданд. Бахусус, ҳангоми иҷрои шарти ҳафтум – кор бо компютер ва тахтаи электронӣ довталаб аз шаҳри Кӯлоб Абдуқаҳҳор Сулаймонов бо сохтани презентатсияи дарс (слайд), таҳияи тести электронӣ ва истифодаи он дар дарс, истифода аз маводи шабакаи интернет, гузаронидани дарс бо истифода аз технологияи муосир (проектор ва тахтаи электронӣ) бартарият дошт.
Озмун ҷамъбаст гардид ва ба иттифоқи аъзами аъзои ҳакамон ҷойи якум насиби омӯзгори физикаи мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб Абдуқаҳҳор Сулаймонов бо соҳиб шудан ба 187,2 хол гардид. Мукофот ба ғолиби озмун дар ҳаҷми 30 000 сомонӣ дар маросими бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон, ки дар «Кохи Суруш» баргузор шуд, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода супорида шуд.
Дигар довталабон низ бо мукофотҳои хотиравӣ, ҳамчунин, нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
Салима МӮСОЕВА,
«Омӯзгор»