НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

Таърих арсаи бағоят бавусъату пурҳаводис аст ва чӣ расад ба паҳнои ҷаҳон, ки танҳо таърихи як халқ метавонад садҳо ҷилд китоб шавад. Тоҷикон низ чун халқи бостонию тамаддунпарвар ва далеру шуҷоъ таърихи ғанию пурҳаводис доранд. Ин таърих, пеш аз ҳама, собитгари он аст, ки тоҷикон аз қадим ва табиатан сулҳпарвару дӯстнавоз будаанду ба меҳнати ҳалолу зиндагии осоишта арҷ мегузоштаанд, адолату рафоқатро мепарастидаанд.
Дар қатори ҳазорон ҳазор далели барҷаставу раднопазир китоби бунёдии «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров чеҳраи воқеии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, муҳр ба даҳони ҳарзагӯёни нотавонбину кинавар зад. Таърих ҳақиқатпараст аст, иғвою ғавғоро намеписандад, воқеиятро таҷассум ва инъикос менамояд. Таҳрифи таърих амалест номақбулу ношоиста; хоҳ — нохоҳ рӯзе боз ҳам ҳақиқат рӯи об мебарояд, каҷсухану туҳматгар шарманда мешавад. Вақте ки мо мақолаю рисолаю китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавзуъҳои таърихӣ мутолиа мекунем, пеши назарамон таърихи муҳташаму ифтихорбарангези миллат падидор мешавад.
Пешвои миллат ҳамчун ватанпарасти асил ба таърихи халқи азизи худ назари амиқбин доранд, онро сарчашмаи омӯзиши воқеият, дастури ибратбахш, таҳкимбахши ифтихори миллӣ медонанд. Ба таъкиди Сарвари кишвар, таърихро надониста, инсони комил будан имкон надорад. Таърих гузаштаи миллатро равшан мекунад ва барои бунёди муваффақонаи имрӯзу фардои миллат дастур медиҳад. Таърихи миллат шиносномаи ӯст, ки ҳофизаи замонҳоро ҳифз мекунад. Ҳар марҳалаи таърих қаҳрамонони худ, шахсиятҳои варзидаи худро дорад, ҳар марҳалаи таърихро ҳодисаи барҷастае бозгӯӣ мекунад.
Бо фарорасии даврони Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон марҳалаи бесобиқаи таърих оғоз ёфт. Ин марҳала аз оғоз ба рухдодҳои зиёди мусбию манфӣ мувоҷеҳ гашт. Ҳанӯз садои табли шодӣ тамоми қаламрави ҷумҳуриро фаро нагирифта, ихтилофоти дохилӣ аз ҳастии худ дарак доданд. Мамлакатро ҷанги таҳмилии ҳамватанӣ, ки гурӯҳе аз муҳаққиқон ҷанги бародаркушаш хондаанд, зери дуди сиёҳи худ гирифт. Хавфи парокандагии миллат ва заволи истиқлол ба миён омад ва вазъият хеле мураккабу печида буд. Дар ҳамин гуна ҳолати гарону хатарбор бо азму иродати зумрае аз ватанпарастони асил Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ баргузор гашту абри сиёҳро аз фазои кишвар берун кард ва нахустгомҳоро ба сӯи фардои ободи мамлакат гузошт. Ин иҷлосия дар таърихномаи миллат абадан чун воқеаи наҷотбахши ҷумҳурӣ, ҳифзи истиқлоли он ёд хоҳад шуд. Бо гузашти айём аҳаммияту моҳияти он бештару саҳеҳтар аён мегардад. Комёбиҳои иҷлосияи мазкур хеле зиёданд, вале муҳимтарин комёбии он ба сари қудрат овардани ҷавонмарди ватанпарасту ҷасур, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ Сарвари кишвар халқи азизашонро такягоҳи боэътимоди худ донистанд ва эълон карданд, ки сулҳу ваҳдат омили наҷотбахши миллат аст ва пеш аз ҳама, оташи ҷангро хомӯш карду танҳо ба ақли солим арҷ гузошт. Дилу нияти Пешвои миллат бо кору амалашон тавъам гашт ва дар заминаи талошҳои фидокоронаю бобарори Президенти мамлакат Тоҷикистон ба ошёни ваҳдати миллӣ ва ба диёри сулҳу дӯстӣ табдил ёфт. Ин ба гуфтан осон. Дар паси ин сатрҳо чӣ қадар ҳодисаю рухдодҳои гоҳе хеле мудҳишу фоҷеавӣ ва гоҳи дигар нишотбахшу умедафзо ниҳонанд. Дар бораи корномаи Пешвои миллат дар ҷодаи сулҳу ваҳдат даҳҳо китоб навишта шудааст, аммо, ба гумони ғолиб, ҳанӯз саргузашти ваҳдати миллии мо ба таври комилу фарогир иншо нашудааст. Албатта, бо кӯшишу заҳмати ватандӯстонаи зумрае аз сарсупурдагону дилсӯзони миллат ва ҳаводорони ҳақиқати таърих замоне китоби бузурге бо номи «Ваҳдати тоҷикон» навишта хоҳад шуд, ки қаҳрамони меҳварии он Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳанд буд.
Барои навиштани чунин китоб боз ҳам асарҳои таърихии Сарвари кишвар сарчашмаи асосию боэътимод хоҳанд буд. Чунончи, дар китоби бузургу пурмуҳтаво ва воқеъбинонаи Президенти муҳтарам «Уфуқҳои Истиқлол» таҳлили хеле дақиқу амиқи рухдодҳои кишвар дар даврони истиқлол оварда шудааст. Дар нахустҷумлаи ин китоби муҳтавоманд сухани бунёдии рисолаи таърихи нави миллат ифода ёфтааст: «Муҳимтарин дастоварду комёбие, ки мо дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон касб намудем, аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад». (Китоби «Уфуқҳои истиқлол» соли 2018 чоп шудааст).
Имрӯз Тоҷикистони маҳбуби мо дар тамоми соҳаҳо ба пешрафту пирӯзиҳои беназир ноил гардидааст ва нақшаҳо барои оянда боз ҳам бавусъаттаранд. Аз ин ҷост, ки таърихи миллат минбаъд бештар рангину ҷолиб ва ороста бо паёмҳои нишотбахшу гуворо хоҳад шуд.
Абдуҳафиз АБДУҚОДИРОВ,
устоди ДДБСТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои таърих