АРҶГУЗОРИИ ОМӮЗГОРОН ВА ТАНТАНАИ БОШУКӮҲ

Сол то сол мақому манзалат, ҷойгоҳ ва эътибору эҳтироми омӯзгорон дар кишвари мо баланд мегардад. Зеро онҳо раҳнамову тарбиятгари ҳамагон ва равшанибахши зиндагӣ мебошанд. Омӯзгорон дар таълиму тарбия ва ба камол расондани насли созандаву бунёдкор хидмати арзандаю нақши босазо доранд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактабу маориф ва омӯзгор эҳтироми хосса мегузоранд. Сарвари давлат мунтазам бо аҳли маориф суҳбату вохӯриҳо ороста, ҷиҳати баланд бардоштани мақом ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии устодону омӯзгорон тадбирҳои судманд меандешанд. Пешвои миллат дар паёму суханрониҳои хеш омӯзгоронро ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа, ки ба таълиму тарбияи насли наврас ва ба ин васила, таъмин намудани кишвар бо кадрҳои ҳирфаии ҷавобгӯ ба бозори меҳнат машғул ҳастанд, зоҳир мекунанд. Маълум аст, ки танҳо устодону омӯзгорони донишманд ва дорои ҷаҳонбинии васеъ метавонанд мутахассисони варзидаро ба камол расонанд. Пешвои миллат омӯзгоронро қишри тавонову пешбаранда ва сарчашмаи илму маърифат номидаанд: «Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзгор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто, ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд».
Дар баробари ин, устодону омӯзгорон мунтазам қадрдониву қадршиносӣ ва аз имтиёзҳои зиёде бархурдор мешаванд. Ҳамин аст, ки ҳамасола, якшанбеи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгорон дар кишвари азизи мо таҷлил мегардад ва ин тадбир аз обрӯю нуфузи баланди омӯзгорон шаҳодат медиҳад. Соли дуюм аст, ки Рӯзи омӯзгорон дар сатҳи баланд ва бо ташкили тадбирандешиҳои идона гузаронида мешавад.
Соли равон низ Рӯзи омӯзгорон дар шаҳру навоҳии кишвар бошукӯҳ таҷлил гардид ва устодону омӯзгорони варзида ва собиқадорони соҳаи маориф бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд.
Дар ҳамоиши бошукӯҳ, ки дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар устодону омӯзгорон иштирок карданд. Ҳанӯз ақрабаки соат ба 8:00 нарасида буд, ки гурӯҳ-гурӯҳ устодону омӯзгорон бо либосҳои пероставу чеҳраҳои болида дар саҳни кох ҷамъ мешуданд ва ҳамдигарро бо меҳру муҳаббат оғӯш мекашиданду бо ин рӯзи пурифтихор табрик менамуданд. Дар чеҳраҳошон табассум гул мекард ва аз забонашон суханҳои шаҳдрезу нишотбахш садо медоданд, бо илтифот бо ҳамдигар суҳбат мекарданд. Таҷлили Рӯзи омӯзгорон аҳамияти баланди маърифатию тарғиботиро доро мебошад, зеро он, аз як тараф, устодону омӯзгоронро ба касби хеш бештар руҳбаланду шавқманд гардонад, аз ҷониби дигар, меҳру муҳаббат ва ҳамбастагии аҳли маорифро қавитар менамояд. Дар баробари ин, шавқу рағбати ҷавононро ба пешаи пуршарафи омӯзгорӣ афзун мегардонад. Моили Ҳиравӣ дуруст фармудааст:

Муаллим офтобе дон, ки метобад ба баҳру бар,
Зи нури илм равшан менамояд даҳрро яксар.
Намояд раҳравонро роҳдон аз партави дониш,
Муаллим машъали маъбар, муаллим ҳодиву раҳбар…

Дар тантанаи имсола, ки 30 сентябр баргузор гардид, муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату идораҳо, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказии вазорат, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои зертобеи вазорат, собиқадорони соҳа ва омӯзгорони пешқадам иштирок намуданд.
Дар оғоз муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ба ҳозирин қироат намуд. Дар Паёми хеш Пешвои миллат аз нақш ва рисолати омӯзгорон дар замони муосир ёдовар гардида, онҳоро тарбиятгари боэътимоди насли созандаву бунёдкори кишвар номидаанд. Рисолати омӯзгоронро дар рушди давлатдории навини кишвар муҳим арзёбӣ карда, ба онҳо ҳамчун чароғи раҳнамо ва симои воқеии кишвар баҳо додаанд. Дар идома муовини Сарвазири мамлакат кулли омӯзгорони ҷумҳуриро аз номи Пешвои миллат шодбош гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон, ки таълиму тарбия ва ба камол расондани насли созандаву бунёдкор мебошад, барору комёбӣ таманно намудаанд.
Ҳамасола баҳри дарёфти омӯзгорону мураббиёни беҳтарин озмунҳо ташкил ва баргузор мешаванд. Ин озмунҳо, аз як тараф, ба дарёфти омӯзгорону мураббиёни лаёқатманду навовар мусоидат кунанд, аз ҷониби дигар, қадрдониву муаррифии онҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ мебошанд. Чунки таҷрибаи пешқадами мураббиёну омӯзгорони навовар метавонад барои баланд гардидани сатҳу сифати таълим такони ҷиддӣ бахшад. Ҳамин аст, ки ҳамасола дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ва «Мураббии соли Тоҷикистон» беҳтарин омӯзгорону мураббиён аз шаҳру навоҳии мамлакат ширкат мекунанд. Имсол низ озмунҳои зикршуда дар сатҳи баланд баргузор гардида, беҳтаринҳо ғолиб дониста шуданд. Дар идомаи тантанаи Рӯзи омӯзгорон бори аввал маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои касбӣ ва сарфароз гардонидани омӯзгорони ҷӯёву кӯшо ва пешқадам бо мукофотҳои соҳавӣ баргузор гардид. Аз ҷониби муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2023» ва «Мураббии соли Тоҷикистон — 2023» бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва ғолибони ин озмунҳо бо диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 30 000 сомонӣ (ғолиби озмуни «Омӯзгори сол») ва 10 000 сомонӣ (ғолиби озмуни «Мураббии сол»), инчунин, дигар туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.
Ҳафтаномаи «Омӯзгор» ҳамчун минбари устодону омӯзгорон дар баланд бардоштани мавқеи омӯзгорон нақши муҳим мегузорад ва ҳамеша симои муаллимонро ба таври шоиста бозтоб менамояд. Дар саҳифаҳои он навиштаҳои арзишманди методиву таълимӣ, тарбиявӣ ва илмию оммавӣ ба табъ мерасанд, ки омӯзгорон аз маводу матолиби он дар дарсҳояшон самаровар истифода мекунанд. Нашрияи «Омӯзгор» ҳамасола баҳри ҳавасманд намудан ва дарёфти омӯзгорони эҷодкор озмунҳо баргузор мекунад. Бо ҳадафи татбиқи дастуру пешниҳодоти Пешвои миллат оид ба мақому эҳтироми омӯзгорон ва арҷгузории хидматҳои мондагору пурифтихори аҳли маориф Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот бо ҳафтаномаи «Омӯзгор» зери унвони «Омӯзгор – машъалафрӯзи ҷомеа» барои беҳтарин мақолаҳо, лавҳаву ситоишномаҳо ва асарҳои публитсистӣ озмун эълон намуд, ки дар он беш аз 30 мавод ба нашр расид. Дар мақолаҳо сиёсати маорифпарваронаи Президенти ҷумҳурӣ, мақому мартабаи баланди омӯзгор дар ҷомеа ифода ёфта, заҳмати эҷодкоронаву пурсамари тарбиятгарон ва хислатҳои наҷиби омӯзгорон мавриди ситоиш қарор дода шуда буданд. Озмун аз рӯзи эълон шуданаш то 20 сентябр идома ёфт ва дар арафаи Рӯзи омӯзгорон ҷамъбаст гардид. Дар ҳамоиш ғолибони озмуни «Омӯзгор – машъалафрӯзи ҷомеа» бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ гардиданд.
20 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои хидматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, гузоштани саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ба нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, як қатор омӯзгорони кишвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар идома барномаи фарҳангии рангин пешниҳоди ҳозирин гардид. Муҳтавои барномаро шеъру суруд ва таронаҳои дар васфи сулҳу ваҳдат, истиқлол ва омӯзгорон бахшидашуда дар бар мегирифт. Аз ҷумла, сарояндагони маъруфи кишвар Файзалӣ Ҳасан, Саидқул Билолов, Зикриаллоҳ Ҳакимов, Шуҳрат Сайнаков табъи ҳозиринро болида гардонданд. Дар оғоз композитсияи адабӣ дар иҷрои ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ – маҳзакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар пандомӯз буд, ки чеҳраи шинохтаи адабу фарҳанги кишвар ва хориҷ аз онро нисбат ба халқи тоҷик бозгӯ мекард.
Ҳамчунин, суханони меҳрбори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмолмалӣ Раҳмон дар ситоиши омӯзгорон ва насли наврас дар қироати хонандагон хеле муассиру ҷолиб буд.

Эҳсон САФАРЗОДА,
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»