КАФИЛИ СУЛҲ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Дар хусуси лаҳзаҳои аввали оғози фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шоири халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ чунин навишта буд: «Дар фазои ғуборолуди майдонгириҳои онрӯза ман вакилеро дидам, ки аз тариқи телевизион рӯ ба мардум оварда, бо ҳисси ватанпарастию дилсӯзии том мегуфт: «Ин талошҳои минбарӣ оқибати фоҷиавори зиёдеро ба сари мардум меоварад. Эй бародарон, ба худ биёед, ояндаи хунрезу хатарнок ва пора-пора гаштани Тоҷикистонро пеши назар биёваред ва андеша кунед. Оё дар ҳамаи ин амал бозиҳои пасипардагӣ ва манфиатҷӯиҳои душманони миллатро намебинед? Душманоне, ки садсолаҳо ташнаи хуни мо, забти боқимонда замини мо ва хомхаёлона аз худ шумурдани таърихи бостонии моянд. Ин талошҳои гурӯҳпарастиву минтақахоҳии мо дар назди арзишҳои муқаддаси ватанпарастию ягонагии миллат ҳеҷанд». Ин вакил Эмомалӣ Раҳмон буд».
Дар он солҳои душвор халқи тоҷик тарафдори системаи сиёсие буд, ки он бехатарии мардум, рушди иқтисодии мамлакат ва таъмини сулҳро пойдор гардонад. Аз ин ҷиҳат, мардуми Тоҷикистон институти президентиро интихоб намуд ва ин интихоб якчанд сабаб дошт:
– аввалан, Парламенти ҷумҳурӣ, ба майдони баҳси ҳизбҳои гуногун мубаддал гардида, аз уҳдаи ҳалли масъалаҳои муҳимми давлатӣ намебаромад;
– дувум, халқ баъди солҳои бемаҳсули муборизаи байниҳизбӣ ба институти пурзӯри идоракунӣ ниёз дошт, то ки инкишофи ҷомеаро таъмин карда тавонад.
6 ноябри соли 1994 Конститутсияи давлати соҳибистиқлол қабул гардид ва дар асоси он Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи президентиро интихоб намуд. Ба шарофати сиёсати дурбинонаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои душворе, ба мисли таъмини сулҳ, сохтмони роҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма, бунёди неругоҳи Роғун, сохтмони роҳи Бӯстон-Чаноқ, бунёди садҳо мактабу донишгоҳ… амалӣ шуданд.
Муҳимтарин иқдоми Сарвари тоҷикон таҳкими сулҳу ваҳдат дар саросари ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт. Моҳи апрели соли 1995, пеш аз сафар ба музокирот бо гурӯҳҳои мухолифини тоҷик, ба мухбири агентии хабаргузории «Интерфакс» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: «Ман, пеш аз ҳама, масъалаҳоеро ба муҳокима мегузорам, ки ба ҳалли мусолиҳатомези қазияи Тоҷикистон (масъалаи оташбас, баргардондани фирориён, ки ҳанӯз дар хоки Афғонистон ҳастанд) иртибот доранд».
Музокироти сулҳи тоҷикон бо сарварии Пешвои миллат аз 5 апрели соли 1994 оғоз гардида, 27 июни соли 1997 бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ анҷом ёфт. Ҳар ду тараф ба хулосае омаданд, ки роҳи ягонаи аз вазъияти баамаломада раҳоӣ ёфтан ва ҳифзу нигоҳ доштани истиқлоли Тоҷикистон имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» мебошад. Дар ин давра Роҳбари давлат борҳо гуфтанд, ки «муноқишоти миёни тоҷиконро бояд худи тоҷикон, намояндагони босалоҳияти ҳамин мардум, ки дилашон ба халқу кишварашон месӯзад, ҳал кунанд».
Пешвои миллат тамоми кӯшишҳои худро баҳри муттаҳид кардани миллат дар роҳи эъмори ҷомеаи пешрафта равона сохтанд.
Муаллифи китоби «Сиёсати давлат ва ваҳдати миллӣ» давраи муайяни кӯшишҳо, иқдом ва ташаббусҳои Пешвои миллатро таҳлил карда, онро мактаби сиёсии Президент меномад. Суханрониҳо, маърӯзаҳо ва суҳбатҳои Пешвои миллат, дар ҳақиқат, мактаби олӣ барои сиёсатмадорон, олимон, аҳли илму фарҳанг, зиёиён ва ҷавонон мебошанд ва бешубҳа, дар қатори суханони беҳтарин нотиқони ҷаҳон дар китобҳо ва расонаҳои гуногун абадӣ боқӣ хоҳанд монд.

Шарифхон ТИЛЛОЕВ,
Рӯзноманигор