ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАҚОМИ ВОЛОИ ОМӮЗГОР

Омӯзгорон дар ҷомеа мавқеъ ва ҷойгоҳи махсус доранд. Онҳо равшанибахши роҳи маънавии аҳли кишвар мебошанд ва дар раванди давлатдории миллии мо нақши мондагор мегузоранд. Аз ин ҷост, ки дар дарозои таърих ба омӯзгору устод, муаллим ҳамеша чун неруи маънавӣ эҳтиром мегузоранд. Маҳз омӯзгор аст, ки ҷомеаро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ мекунад, насли созандаву бунёдкор ва ифтихорофаринро ба камол мерасонад. Симои омӯзгор дар осори адибони классику муосири тоҷик ҷойгоҳи вижа дорад ва қадри ӯро аз падар бештар донистаанд, мартабаашро ҳамеша дар ҷомеа арзёбӣ кардаанд.
Воқеан, дар масъалаи хирадгароиву маърифатгустарӣ ва баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа нақши омӯзгор бузургу мондагор мебошад. Дар ҳар ҷое, ки омӯзгору устод ва муаллим ҳузур дошта бошад, дар он макон гули маънӣ мешукуфад. Зеро рафтору кирдор ва симои омӯзгор тимсоли нури хуршед ҷомеаро равшанӣ мебахшад…
Шоистаи таъкид аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи мактабу маориф ва омӯзгор дар сиёсати давлатӣ дар меҳвар қарор гирифт ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳа далели ин гуфтаҳост. Имрӯз тамоми шароит ҷиҳати фаро гирифтани донишҳои замонавӣ дар муассисаҳои таълимӣ мавҷуд аст ва омӯзиши фарогири донишҳои замонавӣ ба рушду пешрафт ва такомули ҷомеаи навини мо мусоидат мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ҷиҳати рушду инкишофи соҳа ва обрӯю нуфузи омӯзгорон пайваста талош менамоянд. Воқеан, дар сиёсати давлатӣ мавқеи омӯзгорон махсус аст ва Пешвои миллат ба ин қишри пешбари ҷомеа диққатӣ ҷиддӣ зоҳир мекунанд. Хидматҳои арзандаи Пешвои миллатро ҷиҳати баланд бардоштани мавқеъ ва ҷойгоҳи омӯзгорон дар кишвар метавон ба таври зайл зикр намуд.
Якум, баланд бардоштани маоши омӯзгорон. Пешвои миллат пайваста ба масъалаи маишати омӯзгорон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Мусаллам аст, ки шароити хуб ва маоши арзанда ба фаъолияти омӯзгорон таъсири файзбор расонда, шароити зиндагӣ ва маишати онҳо ба беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат намуд. Ин ташаббуси Пешвои миллат қадами устувор дар баланд гардидани мавқеи омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат (23.12.2022) таъкид доштанд: “Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст”. Дар зимн, баҳри баланд бардоштани вазъи иҷтимоии устодону омӯзгорон дастур доданд, ки “аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд”. Ин тадбири судманд идомадор буда, минбаъд низ тадриҷан музди меҳнати омӯзгорон баланд бардошта мешавад.
Дуюм, имтиёзҳо барои омӯзгорон. Сарвари давлат ҷиҳати ҳавасманд намудан ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзгорон имтиёзҳо пешбинӣ намудаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2006) «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» аз ин қабил аснод маҳсуб меёбанд. Дар моддаи 53-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» зикр шудааст, омӯзгороне, ки собиқаи кории бефосилаи на кам аз 25-сола доранд, бо хоҳиши худ метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муассисаи таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд. Омӯзгороне, ки бемории музмин доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омӯзгорӣ ба рухсатии дарозмуддати то яксолаи пардохтшаванда ҳуқуқ доранд. Номгӯи беморӣ, тартиб ва шарти пардохти рухсатии дарозмуддат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Ҳамин тавр, метавон ба рӯйхати имтиёзот идома бахшид, ки дар моддаи фавқуззикр оварда шудааст.
Дар баробари ин, омӯзгорони ҷавону фаъол бо заминҳои наздиҳавлигӣ ва қарзҳои имтиёзнок таъмин карда мешаванд. Омилҳои мазкур имкон фароҳам меоранд, ки аз як сӯ, шавқу рағбат ва таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба касби пуршарафи омӯзгорӣ бештар гардад, аз ҷониби дигар, зиндагӣ ва фаъолияти онҳо беҳтару пурсамар шавад.
Сеюм, бунёди муассисаҳои таълимӣ. Яке аз роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ҳавасманд намудани омӯзгорон бунёди муассисаҳои таълимӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамоянд ва ҳамасола садҳо муассисаи нави таълимӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Сарвари давлат дар ҳар як сафари хеш ба шаҳру навоҳии мамлакат ҳатман чандин муассисаи нави таълимиро бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ мавриди истифода қарор медиҳанд. Ҳамин аст, ки имрӯз шароити хубу мусоид дар муассисаҳои таълимӣ мавҷуд аст ва устодону омӯзгорон бо дасту дили гарм ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ иштироки фаъол доранд ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар қатори беҳтарин давлатҳо қарор дорад. Ин омил, аз як тараф, шароити хуби таълиму тадрисро бозгӯ кунад, аз ҷониби дигар, аз мақому мартабаи баланди омӯзгорон ва донишу ҷаҳонбинии васеи онҳо шаҳодат медиҳад. Шоистаи таъкид аст, ки маҳз дар замони истиқлол бунёди муассисаҳои нави таълимӣ вусъати тоза пайдо кард. Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат (23.12.2022) таъкид карданд, ки “дар 31 соли Истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд”. Таҳлили вазъи соҳа ва факту рақамҳо бозгӯйи онанд, ки соҳаи маориф ва мақому мартабаи омӯзгор дар ҷомеаи Тоҷикистон торафт баланд мегардад.
Чорум, қадрдонӣ бо ҷоизаҳои давлатӣ. Пешвои миллат пайваста талош менамоянд, ки устодону омӯзгоронро қадрдонӣ намоянд. Боиси тазаккур аст, ки ҳамасола устодону омӯзгорони зиёде барои фаъолияти пурсамар бо медали “Хизмати шоиста”, унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” ва дигар ҷоизаҳо қадрдонӣ мегарданд, ки ин аз таваҷҷуҳи ғамхоронаи Сарвари давлат далолат медиҳад. Дар баробари ин, бо дастури Роҳбари давлат озмунҳои зиёде роҳандозӣ гардидаанд, ки дар муаррифӣ ва қадрдонии устодону омӯзгорони ҳирфаиву донишманд ва ихтироъкору болаёқат мусоидат мекунанд. Аз ҷумла, озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ки дар онҳо доираи васеи омӯзгорон иштирок мекунанд. Дар ин замина, омӯзгорони лаёқатманду навовар муаррифӣ ва бо мукофотҳои арзишманд қадрдонӣ мегарданд. Инчунин, “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф” ва “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” таъсис дода шудааст, ки бевосита ба ҳавасмандгардонии омӯзгорон нигаронида шудаанд. Маълум аст, ки мақому мартабаи омӯзгорон дар сиёсати давлатӣ мавқеи шоиста доранд ва Пешвои миллат мунтазам устодону омӯзгоронро қадрдонӣ мекунанд. Дар ҳеҷ соҳаи дигари давлатӣ ин гуна қадршиносӣ вуҷуд надорад. Дар зимн, ҳамасола аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону омӯзгорони фаъолу таҷрибадор ва навовар бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида мешаванд.
Панҷум, вохӯрӣ бо омӯзгорон. Президенти мамлакат мунтазам бо устодону омӯзгорон мулоқот менамоянд. Аз ҷумла, ҳангоми ба истифода додани муассисаҳои нави таълимӣ, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки ҳамасола дар оғози соли нави хониш баргузор мегардад. Дар суханрониву мулоқотҳои Президенти кишвар нақшу мартабаи омӯзгорон дар замони муосир махсус таъкид мегардад ва рисолати онҳо дар раванди давлатсозии миллии мо муҳим арзёбӣ мегардад. Суханрониҳои Президенти кишвар дар оғози соли нави таҳсил сабақи худшиносиву худогоҳӣ ва ҷанбаи ватандӯстӣ доранд, дар он вазъи имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди таҳлил қарор дода мешавад ва рисолати омӯзгорон бозгӯ мегардад. Суханрониҳои Президенти мамлакат дар назди аҳли маориф, махсусан, устодону омӯзгорон аз мақоми барҷастаи онҳо дар ҷомеа шаҳодат медиҳад ва Сарвари давлат дар раванди давлатсозии навин ба устодону омӯзгорон эътимоду боварии қавӣ доранд. Дар замоне ки ҷомеаи ҷаҳониро ихтилофҳои зиёди динию мазҳабӣ ва сиёсӣ фаро гирифтааст, танҳо донишу маърифат ва хиради воло мардумро аз ин варта раҳоӣ мебахшад. Дар ин самт таълиму тарбияи хонандагони лаёқатманд ва ватандӯст аз вазифаҳои аввалиндараҷаи омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки омӯзгорон на танҳо тарбиятгар, балки муаррифгари кишварамон дар арсаи ҷаҳон низ мебошанд. Ба ин маънӣ Пешвои миллат гуфтаанд: “Ман дар асоси таваҷҷуҳу эҳтироме, ки нисбат ба илму маориф ва мактабу омӯзгор дорам, иброз медорам, ки маҳз тавассути рушди босуботи соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он ва заҳмати содиқонаи омӯзгорон мо тавонистем, ки чеҳраи воқеии халқи тоҷикро дар замони муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем”.
Воқеан, эътимоду боварӣ ва ташаббусҳои Сарвари давлат дар баланд бардоштани мавқеи омӯзгорон шоистаи таҳсин аст. Зеро дар замони муосир он давлате рушду такомул меёбад, ки неруи зеҳнии ҷомеаи он давлат низ пешрафта ва маърифату хирадсолорӣ мавқеи намоён дошта бошад. Аз ин ҷост, ки устодону омӯзгорони кишвар дар таълими наврасону ҷавонон пайваста талош меварзанд, онҳоро дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия мекунанд ва донишу маърифатро асоси зиндагии хеш қарор дода, дар рушди маънавӣ ва пойдору устувор гардонидани хирадсолориву ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа хидмати арзанда менамоянд.
Аз ин рӯ, нуктаҳои ҳикматбори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд рисолати аҳли маориф, махсусан, устодону омӯзгорон бошад: “Бигзор, парчами Истиқлоли давлатии мо бо нуру зиёи аҳли маорифи мамлакат, омӯзгорони ботадбир, падару модарони меҳрубон ва ҷавонони бонангу номуси кишвар ҳамеша парафшон, сулҳу оромӣ, амнияту суботи мамлакат бардавом ва Тоҷикистони азизи мо дар олам то абад чун диёри донишу адабпарвар машҳур бошад. Зеро омӯзгорон гурӯҳи пурнуфузе мебошанд, ки рисолати мафкурасозии миллат ва ҷомеа, босаводу соҳибмаърифат гардонидани наслҳои наврас ва барои кишвар ба камол расонидани кадрҳои ояндасоз ба дӯши онҳо вогузор шудааст. Аз ин хотир, мо минбаъд низ барои тақвияти мақоми омӯзгорон дар ҷомеа чораҷӯӣ мекунем”.

Эҳсон САФАРЗОДА,
Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”