ПАНҶГОНАИ БЕҲТАРИН

Даври ниҳоии озмуни «Мураббии соли 2023» рӯзҳои 21-23 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он 5 довталаб аз 5 минтақаи ҷумҳурӣ сабқат оростанд: Шукрона Мадиева – мураббияи кӯдакистони №119-и ноҳияи Фирдавсӣ (Душанбе), Мастура Алимзода – мураббияи кӯдакистони №24, шаҳри Бохтар (Хатлон), Саврина Оҷибангиева – мураббияи кӯдакистони №5, шаҳри Хоруғ (ВМКБ), Фариза Ғафурова – мураббияи кӯдакистони №8, шаҳри Ҳисор (НТМ), Марҳабо Бобоҷонова – мураббияи кӯдакистони №4, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (Суғд).
Расми ифтитоҳи озмун дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф сурат гирифт. Муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода дар оғоз роҷеъ ба сиёсати давлат дар соҳаи маориф ва илм, бахусус, таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли таълиму тарбия ҳарф зад. Аз ҷумла, доир ба нақши таҳсилоти томактабӣ дар рушди соҳаи маориф, муаррифии дастовардҳои соҳа дар ин самт, тибқи талаботи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2030 ба 50% расондани сатҳи фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ сухан ронда, ба довталабон комёбӣ таманно кард.
– Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, таъмин ва такмили мазмуни таҳсилоти томактабӣ, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, такмили маҳорати касбӣ ва рушди ташаббуси эҷодии мураббиёни муассисаҳои таълимии томактабӣ маҳсуб меёбад, – таъкид кард З.Абдулзода. – Вазорати маориф ва илм ба интихоби беҳтаринҳо дар ҳамаи озмунҳо ҳавасманд буда, риояи адолат, шинохти истеъдод ва ҳақиқатнигориро шарти муҳим медонад.
Раиси ҳакамон, мудири бахши таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илм Қутбиддин Муҳиддинзода довталабон, ҳайати ҳакамон ва аъзои Кумитаи тадорукотро ба ҳозирин шинос карда, аз шартҳои озмун ёдовар шуд: муаррифии фаъолияти педагогӣ (дар доираи 20 дақиқа), дониш ва маҳорати касбии мураббия, мизи мудаввар (дар доираи 15 дақиқа), машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон, таҳлили ҳолатҳои равонӣ–педагогӣ (дар доираи 10 дақиқа).
Довталабон тибқи қуръапартоӣ ба иҷрои шарти аввал пардохтанд. Мувофиқи талаботи ин шарт довталабонро мебоист донишҳои назариявию амалӣ, дастовард ва натиҷаи таҷрибаи касбӣ, маҳорати таҳлил ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадам, истифодаи технологияҳои нави педагогӣ ва воситаҳои техникӣ (компютер, тахтаи электронӣ ва ғ.), маҳорати суханварии худро нишон диҳанд. Он чи ки дар иҷрои ин шарт солҳои охир қобили таваҷҷуҳ аст, дар шакли электронӣ, тариқи слайду навор пешниҳод кардани натиҷаи фаъолияти довталабон аст. Дар иҷрои ин шарт ҳамаи довталабон то ҷое маҳорати хуб нишон дода тавонистанд. Тамошои навор ва слайдҳо ба доварон имкон дод, ки бо рафти машғулиятҳои довталабон, муносибат ва ҳамкории онҳо бо кӯдакон, усулҳои гуногуни фаъолияти таълимиву тарбиявии онҳо, шароити таълиму тарбияи кӯдакон ба хубӣ ошно шаванд. Як паҳлуи ҷолиби кори довталабон ба тарзи суханварии онҳо рабт дошт, ки аз ин ҷиҳат фаъолияти Марҳабо Бобоҷонова, Шукрона Мадиева, Саврина Оҷибангиева нисбатан хуб ба назар мерасид. Камбудӣ дар он буд, ки дар талаффузи вожаҳо аз ҷониби баъзе довталабон сакта ба мушоҳида мерасид, вақт баъзан самаранок истифода намешуд. Гоҳо аз масъалаи асосӣ дур рафтани довталабон ҳам ба мушоҳида расид.
Дониш ва маҳорати касбии мураббия шарти дуюми озмун буда, аз довталабон донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои таълимии синнусолӣ, муҳокимаронии солиму оқилона, дониш ва маҳорати касбиро талаб мекард. Дар иҷрои ин шарт ҳакамон бартариро бештар ба Марҳабо Бобоҷонова, Шукрона Мадиева доданд. Ба таъкиди Ҷамила Набиева — мутахассиси ботаҷриба, мудири кӯдакистони «Парастуи Шоҳин», камбудӣ дар ин бахш ҳамин буд, ки омодагӣ ва мутолиаи довталабон қолабӣ буд, на аз рӯйи касбият, балки танҳо ба хотири озмун. «Аз ин бармеояд, ки то ҳанӯз озмунҳо дар зинаҳои поёнӣ ё намегузаранд ё сатҳӣ мегузаранд», — гуфт ӯ.
Мизи мудаввар: шарте, ки дар доираи 15 дақиқа бояд иҷро мешуд. Дар иҷрои ин шарт талабот аз довталабон ҳаматарафа тавзеҳ бахшида тавонистани моҳияти мавзуи муҳокимашаванда, эҷодкорӣ, ташкил карда тавонистани мубоҳиса, ҷалби иштирокдорон ба баҳсу хулосабарорӣ, маҳорати робита бо иштирокдорон, эҳтиром ва таҳаммулпазирӣ буд. Довталабон дар интихоби мавзуъ чандон саҳлангорӣ накарда, ҳамагӣ сари мавзуъҳои дилхоҳ ва муҳим баҳс оростанӣ шуданд. Дар ин шарт ҳунари хуби Мастура Алимзода ва Шукрона Мадиева диққати ҳакамонро бештар ҷалб кард.
Машғулияти таълимӣ шарти аз ҳама асосист. Ба гуфти муовини вазир Зиёдулло Абдулзода, дар ҳолати баробарии холҳо ба иҷрои ҳамин шарт бештар такя кардан лозим меояд. Дар ин шарт фаъолияти Шукрона Мадиева ва Саврина Оҷибангиева хубтар ба назар расид. Ба таъкиди Ҷамила Набиева, камбуди кор ин буд, ки довтабалон аксаран амалиёти зиёдро ба нақша гирифтанд, аммо мутаассифона, дар иҷрои онҳо муваффақ нашуданд.
Яке аз шартҳое, ки нақши мураббиро барҷаста нишон медиҳад, ба ҳунари тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон вобастагӣ дорад. Дар ин бахш маҳорати хуби довталабон Марҳабо Бобоҷонова, Шукрона Мадиева мушоҳида гардид. Ба гуфти узви ҳайати ҳакамон, доктори илми педагогика Лутфия Иматзода, интихоби мавзуъҳо аз ҷониби довталабон хуб буд, аммо дар вобаста кардани донишу маҳорати касбӣ ва тавзеҳи мавзуъ костагӣ ба назар мерасид.
Таҳлили ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ (дар доираи 10 дақиқа). Барои ҳар омӯзгор заковати баланди психологӣ дар муайян кардани ҳолатҳои руҳии кӯдакон шарти муҳим аст. Чунки дар як гурӯҳ, масалан, бо 20 кӯдак кор кардан донистани 20 намуди хислату характерро металабад. Дар иҷрои ин шарт доштани донишҳои равонию педагогӣ оид ба хусусиятҳои синнусолии кӯдак ва маҳорати суҳбат бо падару модар ва калонсолон аз довталаб талаб карда мешавад. Ростӣ, дар иҷрои ин шарт аксари омӯзгорон ба иштибоҳ роҳ медиҳанд.
Фаъолияти Шукрона Мадиева ва Фариза Ғафурова дар иҷрои ин шарт бартарӣ дошт.
Дар озмун ба довталабоне, ки маводи таълимӣ — методӣ, аёнияту мақолаҳои нашршудаи арзишманд доранд, бартарӣ дода мешавад. Аммо беҳтарин паҳлуҳои фаъолияти касбӣ дар довталабон дида шавад ҳам, пешниҳоди мақолаҳои таълимӣ дар матбуоти соҳавӣ аз ҷониби онҳо хеле кам буд. Дигар, дар Низомнома оварда шудааст, ки кӯдакистони Президентӣ, кӯдакистони мактаби байналмилалии Президентӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ, марказҳои инкишофи кӯдакон вобаста ба мавқеи ҷойгиршавиашон дар даврҳои озмун тибқи муқаррароти умумӣ ширкат карда метавонанд. Аммо то ҳанӯз аз ин муассисаҳо довталабе дар озмунҳо иштирок накардааст.
Ба ҳар сурат, ба таъкиди узви ҳайати ҳакамон, доктори илми педагогика Б.Маҷидова, дар муқоиса ба солҳои қаблӣ пешравиҳо ҳастанд. «Масалан, довталабон аз ҷиҳати синну сол, фарҳанги муносибат, донишҳои технологӣ, таҳаммулпазирӣ бартарӣ доштанд. Онҳоро ба ҳамдигар на чун рақиб, балки дӯст ва ҳамкор дидем, ки ин хеле хуб аст. Имсол 20-солагии баргузории ин озмун аст. Бовар дорам, озмунҳо дар оянда боз ҳам хубтар ва самараноктар мегузаранд», — таъкид кард ӯ.
Дар анҷоми озмун вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо довталабон ва ҳайати ҳакамон суҳбат карда, роҷеъ ба таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, махсусан, самти таҳсилоти томактабӣ сухан гуфт ва ба ҳар кадом барои заҳмату фаъолияти хуб аз номи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм изҳори сипос намуд. Вазир, аз ҷумла, таъкид кард:
– Бояд таҷрибаи андухтаи хешро дар шуроҳои методиву педагогӣ ба ҳамкорон пешниҳод намоед. Дар ин кор, албатта, мушовирони кабинети методӣ нақши муҳим мебозанд. Онҳо бояд таҷрибаи иштирокдорони озмунҳоро васеъ омӯхта, дар шаҳру ноҳияҳо паҳн намоянд.
Ҳамин тавр, тибқи хулосаи ҳакамон миёни довталабон нишондоди аз ҳама баландро Шукрона Мадиева (182,5 хол)соҳиб гашта, ғолиби озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» эълон гардид. Ғолиб бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва маблағ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ мукофотонида мешавад. Маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокдорон ва ғолиби озмун 30 сентябр зимни таҷлили Рӯзи омӯзгорон баргузор хоҳад гашт.
Саидаи ФАЗЛ,
Салима МӮСОЕВА,
«Омӯзгор»