ДАҲ САМТИ РУШДИ УСТУВОРИ МАОРИФ

Ҷавҳари сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамонро дар самти рушди маориф тарбияи наврасон ва ҷавонони меҳанпараст, шукргузор аз ободию озодии Ватан, арҷгузор ба арзишҳои умумибашарӣ, таҳкимбахши Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад.
Хидматҳои Пешвои миллатро дар эҳё ва рушди маорифи миллӣ ба даҳ бахш тақсим намудаем, ки инҳоянд:
1.Пешвои миллат дар самти эҳё ва рушди маорифи миллӣ хидмати арзанда намуданд. Маҳз тафаккури қавии миллӣ қодир аст, ки дар муқобили ҳуҷуми пиндорҳои ғайримунсифона, ғаразнок ва иртиҷоӣ устувор бошанд ва аз ҷавҳари ҳувияти худ дифоъ намоянд. Агар ба дидаи инсоф ва таҳқиқ назар андӯзем, дар эҳё ва таҷаллии ҳамин масъала дар ҳофизаи таърихи кишвар низ мақоми Пешвои миллат бесобиқа аст. Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат Консепсияи миллии таълим, Консепсияи миллии тарбия ва 14 Барномаи давлатӣ (аз ҷумла, Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025) дар самти рушди маориф қабул гардиданд. Қонунҳои сирф миллӣ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот» қабул шуданд. Таъсиси озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» тадбирҳои бузурги Пешвои миллат дар самти рушди тафаккури миллӣ, илму маориф ва меҳанпарастии мардуми шарифи кишвар аст. Солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд, ки навъи дигари рушди тафаккури миллии мо дар самти маориф аст.
2. Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат дар соҳаи маориф ислоҳот ба вуҷуд омад, ки амалишавии самтҳои мухталифи он то ба имрӯз идома дорад. Чунончи, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид, ки шаффофияти дохилшавӣ ба муассисаҳои олии таълимиро таъмин кард.
3.Мақоми омӯзгор баланд бардошта шуд ва Пешвои миллат дар сиёсати худ маорифро дар мақоми аввал гузошт. Дар ин замина, дар кишвар таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш ба ҳукми анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ даромад. Ба омӯзгорон ҳамасола мукофотҳои давлатӣ тақдим гашта истодаанд.
4. Дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши алоҳи-даро ба таҳлили таърих, вазъи воқеӣ ва ояндабинии соҳаи маориф бахшид. Аз ҷумла, дар Паёми худ (23.12.2022) таъкид намуданд, ки «мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардондани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад».
5. Барои кӯдакон, хонандагон ва ҷавонон шабакаи алоҳидаи телевизионии «Илм ва табиат», «Баҳористон», «Варзиш» ифтитоҳ гардид. Китобҳои дарсӣ бо сифати баланд чоп шуданд.
6. Садҳо мактаби наву замонавӣ сохта шуда, садҳои дигар таъмиру таҷдид гардиданд. Таҷҳизоти техникии соҳаи маориф ба куллӣ нав гардид. Муассисаҳои таълимӣ аз компютерҳои куҳна тоза гардида, имрӯз ба компютерҳои нав фарогиранд.
Дар тамоми даврони Истиқлоли давлатӣ 3700 бинои муассисаи таълимӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки, албатта, як дастоварди бузурги соҳа ва хидмати беназири Пешвои миллат дар самти рушди маорифи миллист.
7. Ба муассисаҳои томак-табӣ диққати аввалиндараҷа дода шуд. Ҳар сол дар кишвар даҳҳо муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шуда истодаанд. Дар се соли охир дар ҷумҳурӣ 63 муассисаи томактабӣ сохта шудааст. Марказҳои инкишофи кӯдак падидаи соф миллӣ ва меваи истиқлол дар соҳаи маорифанд.
8.Мусаллам аст, ки дар даврони шуравӣ ягон навъи бурсия барои таҳсил дар хориҷи кишвар вуҷуд надошт. Агар имкон дошт, танҳо дар дохили Иттиҳоди Шуравӣ таҳсили ҷавонони тоҷик сурат мегирифт, ки шумори онҳо кам буд. Маҳз тавассути сиёсати «дарҳои кушод»-и Пешвои миллат ва робитаи ҳасанаи мо бо кишварҳои ҷаҳон имкон фароҳам омад, ки имрӯз дар 35 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои пешрафтаи дунё беш аз 41 ҳазор нафар ҷавонони мо таҳсил намоянд. Танҳо дар соли 2023 беш аз 5000 нафар ҷавон барои таҳсил аз ҷониби давлат ба кишварҳои хориҷӣ фиристода шуданд, ки барои таҳсили онҳо маблағҳои буҷети давлатӣ (тавассути стипендияи президентии «Дурахшандагон») ҷудо шуда, самти дигари хидмати Пешвои миллат дар рушди маорифи миллиро бозгӯ мекунанд.
9.Ҳамасола ҷудо кардани квотаи Президентӣ барои ҷавонони ятим, ятими кулл, лаёқатманд, хусусан, духтарони деҳоти дурдаст далели возеҳи таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба масъалаи таълиму тарбия аст.
10. Имрӯз маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ихтисосҳои нав дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба вуҷуд омаданд. Чунончи, ҳоло дар 23 самт аз рӯйи 306 ихтисос мутахассисони соҳибкасб омода шуда истодаанд. Барномаи давлатии касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 қабул гардид.

Шариф ШАРИФОВ,
дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон