МУАЛЛИМРО НЕКУ БОЯД ШИНОХТ

Дар давраи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бо Укази Президиуми Шурои Олии ИҶШС, аз соли 1965 Иди муаллимон якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр, ҳамасола бошукӯҳ ҷашн гирифта мешуд. Аз соли 1994 Созмони байналмилалии ЮНЕСКО Рӯзи омӯзгоронро 5-уми октябр интихоб намуд ва ҳоло ин рӯз дар беш аз 100 кишвари дунё таҷлил мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 2-и Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», аз 2 августи соли 2011, № 753 рӯзи якшанбеи ҳафтаи якуми моҳи октябр, Рӯзи омӯзгорон муайян шудааст ва одатан, рӯзи шанбе қайд мегардад.
Дар Рӯзи омӯзгорон ҳар як шахси бомаърифат омӯзгорро, ки дар ҳар давру замон, дар ҳама гуна шароит, бо заҳмати фаровон насли наврасро таълиму тарбия медиҳад, бояд ҳамду сано гӯяд ва табрик намояд.
Омӯзгор шахси доно ва хайрхоҳ аст, ки тухми сухан ва илму адабро дар ниҳоди шогирдон – ояндасозони ҷомеа мекорад. Вай фардро аз нодонӣ бароварда, баҳри шинохти оламу одам ва ба камоли маърифат расиданаш ӯро раҳнамоӣ мекунад. Саодати имрӯзу фардои миллати мо бо заҳмату фидокориҳои омӯзгорон зич рабт дорад.
Омӯзгор ҳар яки моро навиштану хондан, дуруст андеша кардану сухан гуфтан, рафтору амали нек намудан ва баҳра бардоштан аз таҷрибаи рӯзгор меомӯзонад. Ҳар як омӯзгор-устод аз шогирди босаводу хушахлоқ ва номовараш ифтихор меварзад, ба хеш меболад ва аз натиҷаи заҳмати хеш қаноатманд мегардад.
Омӯзгори асил вожаи «муаллим»-ро ҳамвазну ҳаммаъно бо ному насаби расмиаш ва чун эҳтироми сатҳи олӣ нисбаташ қабул мекунад. Омӯзгорон бояд ба таври ҳамешагӣ мавриди эҳтирому арҷгузорӣ қарор гиранд.
Байни касбҳои дигар омӯзгорӣ наҷибтарин ва шарифтарин аст. Одатан, омӯзгори фидоии касби хеш шахси донишманд, шикастанафс, худгудозу худсӯз, хоксору сабур, дилогоҳу дурандеш, ҳунарманду зебоиофар мешавад ва аз сеҳри суханаш хонандаву шунаванда мафтун мегардад. Дар ташаккулу камолоти ҳар як шогирд истеъдод ва қудрат, тарзи муносибату ахлоқ, маҳорати сабақомӯзонӣ ва дигар фазилатҳои наҷиби омӯзгор таъсиргузор мегарданд.
Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва дастовардҳои технологӣ диққати наврасону ҷавонон, донишандӯзону шунавандагонро пурра ба тарафи худ кашида истода, заъфи муносибатҳои инсондӯстӣ, дуршавӣ аз арзишҳои ахлоқӣ-фарҳангӣ воқеӣ мегарданд. Дар ин вазъ барои омӯзгор таълиму тарбия намудани насли муосир душвортар мегардад. Новобаста аз ин, ниёз ба таълиму тарбияи омӯзгор бештар шуда, вай чун беҳтарин ва муассиртарин манбаи ахбору донишдиҳӣ боқӣ мемонад.
Дар қалби на ҳар кас муҳаббат ба касби омӯзгорӣ бедор мешавад ва на ҳар шахс ҷасорати интихоби пешаи омӯзгорӣ мекунад. Волидайн набояд омӯзгорро чун нафари хидматрасон, иҷрокунандаи «қарзи касбӣ», балки чун дӯст, фидокору хайрхоҳ, раҳнамо ва кашшофи истеъдоду ба камолрасонандаи фарзандашон шуморанд. Дар фазои чунин муносибат эҳтироми тарафайн ҳосил ва омӯзгор, бешубҳа, соҳиби номи баланд мегардад.
Ман ба ҳамаи муаллимон-устодонам, ки бароям беҳтарин, қиматтарин арзиши башарӣ- донишро арзонӣ дош-танд, сипоси беқиёс мегӯям ва афсӯс мехӯрам, ки дар ивазаш ҳеҷ чизеро баробарвазн ба онҳо имкони баргардондан надоштам.

Ғарибшо ҒАРИБШОЕВ,
мудири кафедраи идоракунии маориф ва илмҳои гуманитарии ФДҶТИБКСМ дар ВМКБ