РАҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

Омӯзгор раҳнамо ва тарбиятгари кӯдакон мебошад. Ташаккули фикру шуури инсон маҳсули ранҷи омӯзгор аст.
Вақте ки кас номи устодро ба забон мегирад, дар пеши назараш симои шахси маҳбуб ва азизу муътабар таҷассум мегардад. Устод бунёдгузори хишти аваали илму дониш ва фазлу камол мебошад.
Бо заҳмати устод ҳар як шогирд мавқеи хешро дар ҷомеа муайян месозад. Устод пайваста талош менамояд, ки шогирдонаш донову тавоно ва ифтихори кишвар бошанду номбардори халқу Ватан гарданд. Комёбии ҳар як шогирд самараи азму талоши устод аст. Бе роҳбалад кас ба қуллаҳои баланди дониш баромада наметавонад. Шоир фармудааст:
Устод агар набудӣ, илму ҳунар набудӣ,
Устод агар набудӣ, ин зебу фар набудӣ.
Устод агар набудӣ, беҳтар зи шаҳду шаккар
Дар боғи илму дониш моро самар набудӣ!
Омӯзгор ба шогирдон дарси зиндагӣ, хештаншиносӣ, ҷаҳоншиносӣ, ватандӯстӣ меомӯзад ва ояндаи дурахшони онҳоро таъмин месозад. Чи олим, чи шоир, чи табиб, чи муҳандис – ҳама тарбиягирифтаи омӯзгоранд. Онҳо набояд заҳматҳои омӯзгоронро фаромӯш кунанд. Бояд ҳамеша иззату эҳтироми устодонашонро ба ҷо оваранд ва таълиму тарбияи гирифтаашонро баҳри пешрафту сарсабзии Тоҷикистони азизамон сарф намоянд.
Воқеан, омӯзгор монанди хуршеди оламороест, ки бо нури шуълавари хеш роҳи шогирдонро равшан месозад, ба онҳо илму ирфон, одаму одамгарӣ, дарси ҳаёту зиндагӣ меомӯзад. Хеле олӣ фармудааст соҳибдиле:
Муаллим офтобе дон, ки метобад ба баҳру бар,
Зи нури илм равшан менамояд даҳрро яксар.
Омӯзгор боғбони моҳирест, ки навниҳолони боғи донишро меҳрубонона мепарвараду ба камол мерасонад. Рушди ҷомеаро бе омӯзгор ҳаргиз тасаввур кардан наметавонем. Модар кӯдакро ҷисман парвариш карда бошад, омӯзгор вайро аз ҷиҳати маънавӣ таълиму тарбия медиҳад.
Ба гуфтаи М.И.Калинин: «Омӯзгор муҳандиси руҳи инсонҳост».
Дар ҷомеаи муосир, ки илм ва техникаву технология бо суръати кайҳонӣ пеш мераванд, омӯзгорон масъулияти бештареро ба дӯш доранд.
Шаҳрбону ОДИЕВА,
омӯзгори кафедраи забонҳои
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
ба номи академик М.С.Осимӣ