ФИЗИКА МАРО ОМӮЗГОР КАРД

Мусоҳиба бо омӯзгори соҳибтаҷриба, барандаи «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» Сулаймони Абдуқаҳҳор
– Аз нигоҳи шумо, киро омӯзгори воқеӣ гуфтан мумкин аст?
– Аз нигоҳи ман, ҳамчун як омӯзгори ҷавон, пешаи омӯзгорӣ саршори муҳаббат, адолат, садоқат, некию накукорӣ буда, ҷустуҷӯ ва такмили пайвастаро талаб мекунад. Ҳар нафаре, ки ба касби омӯзгорӣ шавқу рағбат дорад ва онро сидқан дӯст медораду барои такмили донишу маҳораташ ҳамеша пайи омӯзиш аст, аз ҷумлаи шахсиятҳои муваффақ ба ҳисоб меравад. Яъне, пеш аз ҳама, омӯзгор бояд бо муҳаббат дарс гӯяду бо шогирдон ва волидони онҳо муносибати хуб дошта бошад. Омӯзгор новобаста аз он ки донандаи хуби фанни хеш аст, бояд ҳамеша пайи омӯзиш, такмили донишу маҳорат бошад, зеро наврасони имрӯз дониши хубу ҷаҳонбинии васеъ доранд. Хонанда бояд омӯзгорро ҳамеша ҳамчун шахси босавод, меҳрубон ва намунавию идеалӣ эътироф намояд.
– Интихоби касб барои бисёриҳо дар аввал хеле мушкил аст. Мегуфтед, ки чаро маҳз пешаи омӯзгориро интихоб кардед?
– Аслан, муҳаббат ба фанни физика маро омӯзгор кард. Дар даврони мактабхонӣ бо омӯзгори физика зиёд кор мекардем ва ба озмуну олимпиадаҳо омодагӣ мегирифтем. Дар олимпиадаҳои зиёде ширкат карда, ҳамеша бо дастовард бармегаштам. Ин боис шуд, ки дар муассисаи таълимӣ миёни омӯзгорону хонандагон эҳтиром пайдо кунам. Муассисаи таълимиро бо баҳои аъло хатм карда, тибқи квотаи Президентӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (ихтисоси физика ва математика)шомил шудам. Соли 2015 дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойи намоёнро ишғол намудам. Ҳар куҷое будам, аз фанни физика ҳарф мезадаму ин фанро муаррифӣ мекардам. Ҳамин тавр, бо мақсади ба насли наврас омӯзондани фанни физика омӯзгор шудам.
– Хуб мешуд, ки дар бораи дастовард ва корҳои илмиатон ҳарф мезадед.
– Чанд дастури таълимӣ – методӣ таҳияву нашр кардаам, ки дар беҳтар гардидани сифати таълим мусоидат менамоянд. Масалан, дастурҳои таълимӣ – методии «Маҷмуи масъалаҳо аз астрономия ва методикаи ҳалли онҳо», (ҷилди I), Кӯлоб – 2021, «Методикаи гузаронидаи корҳои лабораторӣ аз фанни физика барои синфҳои
7-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ», «Физика» (маводи ёрирасон барои довталабон) ва «Практикуми ҳалли масъалаҳои олимпиадавӣ аз физика» мебошанд. Ҳамзамон, рисолаи илмии худро дар самти астрономия зери роҳбарии доктори илмҳои таърих (таърихи астрономия), профессор Хаёл Бобоев идома дода истодаам. Илова бар ин, шогирдонро ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» омода кардам, ки онҳо аллакай дар даври ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихорӣ гирифтанд. Дар маҷмуъ, дар давоми се соли фаъолият дар муассисаи таълимии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб 11 нафар шогирдам дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.

Суҳроб АЗИЗӢ,
«Омӯзгор»