ҶАБРИ УСТОД БЕҲ ЗИ МЕҲРИ ПАДАР!

Омӯзгорӣ, дар ҳақиқат, пешаи наҷиб, ифтихорӣ ва масъулиятбор аст. Кору зиндагии ҳар як инсон иртибот ба фаъолияти омӯзгор дорад. Маҳз омӯзгор аст, ки аз кӯдаки содаю нодон бо мурури замон бо неруи сухани созанда ва бар асари таълиму тарбия одами комил месозад, дар замираш муҳаббат ба некию накукорӣ мепарварад ва арсаи зиндагии ӯро мунаввар мекунад. Ҳастии омӯзгор, омоли ӯ рамзи хираду маърифат аст, ба омӯзгор ҳама ихлосу эҳтиром доранд, ба ӯ эътиқодманданд ва ҳамеша аз маслиҳату машвараташ бархӯрдор мешаванд.
Дар бораи мақоми хосаю мартабаи баланди омӯзгор ҳикояту абёти фаровон ва ҳодисаҳои зиёди воқеию ҳикматомӯз гувоҳӣ медиҳанд. Дар ёддошту маъхазҳо омада, ки ҳатто шоҳону амирон пеши устоду омӯзгор сари таъзим фуруд овардаву ҳар каломашро ба ҷон мепазируфтаанд. Искандари ҷаҳонгир ҳамеша фармонпазири устоди худ будаасту Афлотуни ҳамадон пайваста таъкид мекардааст, ки ман ҳар чи омӯхтаму донистам, аз файзи хиради устодонам аст. Ҳикояти машҳурест, ки шоири бузургу баландмансаб Алишери Навоӣ тамоми умр аз устоди беназиру алломааш, шоири барҷастаи тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ сипосгузору ифтихорманд будааст ва ҳатто дар назди фарзанди устодаш аз асп пиёда мешудааст, то заррае беҳурматию носипосӣ нисбат ба устоди маъруфи худ надошта бошад. Ҳикмати машҳурест аз ин хусус:
Ҳурмати устод ҳар ки надошт,
Алами илм бар ҷаҳон нафрошт.
Эҳтирому мақом ва бартарии омӯзгор то ба ҳаддест, ки танқиду танбеҳ ва сахтгирию ғазаби ӯро низ омили созандаву манфиатбахш ва ғамхорона дониста, муаллими ахлоқ Саъдии Шерозӣ гуфтааст: «Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар». Танбеҳу сахтгириҳои устод монанди доруи талхест, ки касро шифо бахшад, руҳбаланд намояд. Итоати омӯзгор накарда, ба пеши танқиду эътирози созандаи ӯ тоб наёварда, комёб гаштан дар ҷодаҳои зиндагӣ имкон надорад. Ин нуктаро аҳли хирад борҳо таъкид кардаанд:
Ҳар ки аз парваранда ранҷ надид,
Дар ҷаҳон ҷуз ғаму шиканҷ надид.
Омӯзгор худро ҳамон вақт хушбахт дармеёбад, ки шогирдаш комёб гардад, дар зиндагӣ мақому мартабаи шоиста дарёбад, хидмати арзанда ба халқу Ватан бикунад. Шогирди накукори сазовор парварданро омӯзгор вазифаю қарзи асосии пешаи пуршарафи хеш медонад ва бузургию саодатмандии ӯ низ, пеш аз ҳама, аз ҳамин қазия бармеояд. Устод Боқӣ Раҳимзода дар «Муаллим» ном шеъри машҳураш ба ин маънӣ таъкид овардааст:
Тақдири насли миллат бар зиммаи ту бор аст,
З-ин бештар ба дунё дигар чӣ эътибор аст?
Омӯзгор он гаҳ мамнуну бахтёр аст,
Шогирди бовафояш бар халқ ифтихор аст.
З-ин рӯ, бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон марҳалаи нави фаъолияти омӯзгорон ибтидо ёфт. Дар ин давра дар заминаи таваҷҷуҳи Сарвари кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои вусъату рушди соҳаи маориф тадбирҳои зиёде амалӣ карда шуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи худ маорифро дар мақоми аввал гузошта, ин соҳаро афзалиятнок эълон карданд ва даъват бинмуданд, ки пеш аз ҳама, ба ҷанбаи миллии тарбия таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Ҳоло дар кишвари мо маориф рӯ ба рушд дорад ва дар пешрафти он дар баробари аҳли маориф тамоми сокинони мамлакат ҳиссагузорӣ мекунанд. Пешвои миллат ба хидмати шоиста ва мақоми волои омӯзгорон ишора намуда, чунин таъкид кардаанд: «Танҳо ҷомеае ба пешрафту муваффақият ноил мегардад, ки ба омӯзгор, ба созандагони фардои миллат арҷ гузошта тавонад».
Таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба омӯзгорон дар ҷомеаи озоду демократии мо рӯзафзун аст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки фардои кишвари маҳбуби мо дар қатори омилҳои дигар ба шарофати фаъолияти пурбаракати омӯзгорон, меҳру муҳаббат ва самимияту хиради онҳо боз ҳам шукуфотар хоҳад буд.
Фотима ҲОҶИЕВА,
дотсенти кафедраи
фалсафаи фарҳанги
ДДОТ ба номи С.Айнӣ